Бахшҳо

Стратеги №1-и Президент пешниҳоди Ҳоҷӣ Мирзоро бефоида хонд

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон пешниҳоди Ҳоҷӣ Мирзо барои мубориза алайҳи ифротгароӣ тариқи ироаи минбар ба руҳониёни маъруфро муфид намедонад.

Холиқназаров, имрӯз, 11-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, мавъизаи домуллоҳои маъруф наметавонад алайҳи тактикаи созмонҳои ифротӣ, аз ҷумла “ДИИШ” таъсире дошта бошанд. Ӯ гуфт, эмиссарҳои “ДИИШ” бо тактикаи бисёр муосир ва имкониятҳои васеъ таблиғотро пеш мебаранд ва бо чанд забон дар интернет маводи таблиғотӣ нашр мекунанд. Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт бо роҳҳои классикӣ ва анъанавӣ имкони гирифтани роҳи ифротгароӣ кам мебошад. Ӯ бори дигар зарурати таълими таърихи Исломро дар макотиб таъкид намуд, то насли ҷавон аз асли Ислом бохабар шаванд.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ илова намуд, ки ҳукумат феълан алайҳи ифротгароӣ таблиғоти густурдаро дар навоҳӣ роҳандозӣ кардааст ва ба гуфтаи ӯ баъди амалиёти Русия дар Сурия теъдоди ҷангиёни ДИИШ аз кишварҳои мусалмонӣ коҳиш ёфтааст.

Дар мавриди ҷангиёни ифротӣ дар хоки Афғонистон Холиқназаров афзуд, ки Тоҷикистон ва умуман тамоми кишварҳои узви СПАД аз ин огоҳу нигаронанд ва бояд барои ҷилавгирӣ аз хатари онҳо омода бошанд.

Қаблан Ҳоҷӣ Мирзо, руҳонии маъруфи тоҷик изҳор дошт, ки танҳо зиндонӣ кардани ҷавонон роҳи ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ нест ва пешниҳод намуд, ки барои мубориза алайҳи ДИИШ-у дигар созмонҳои ифротӣ ба руҳониёни маъруфи кишвар минбар дода шавад.
Мӯҳр
а
Ин хамаи гапхо хушку холианд. Ду чиз зарур аст:

1) Ба чавонон чои кор бо маоши арзанда
2) Даст кашидан аз фишоровари алайхи мусулмонон.

Сардор
Факат торих не, бояд бачахотон асосхои исломро хам омузанд, факат аз мутазассисони диндор, на атеистони ба ном исломшиносу исломситези!

Виркан
Охир, аз барои худо кучои хамин одам стратеги 1 аст. дар Точикистон умуман нест стратерг, нест ки нест. О ин нафар рисолаи докториаш кариб 45% плагиат буд, базур химоя кард, на ба забони руси на ба точики мусаллат аст, кучот тн стратег, илтимос озодагон ман шахсан сайти Шуморо бо ёрии бровсек боз карда зиёд мутолиа мекунам, ташаккур, аммо ждар ин маврид нуктаи назари худро менависам., бинашред.

Ҳоҷи
Гапи Ҳоҷӣ Мирзо дуруст аст. Бояд аз ҳамаи воситаҳо истифода бурд

Хочи Мирзо рост мегуяд. Бо зиндони кардани чавонон, кандани Ришу сатр экстремизмро нест карда намешавад. Баракс чавонон дилгир шуда даст ба хар кор мезананд.

мехмон
Таълими Ислом хамчун фан намешавад. Бояд Исломро хамчун рохнамо ва максади зиндагии мо дар ин чахони фони омухт!!
Чаноби стратег Хочи Мирзо ними Чумхуриро бо маъвизахояш ба рохи рост даъват карда тавонист ва метавонад.
Шуморо ман имруз аз хамин маколаи ,,Озодагон" шинохтам , аммо Хочи Мирзоро бо як мавъизааш шинохтам. Чунки гапи Шумо стратегро аз утоки кориатон берун касе намешунавад. Барои ба Хочи Мирзо баробар шудан бояд аз Ислом хабардор шуд. Ба Шумо мувафаккият орзумандам.

Кабул намекунад ягон вазиру раис аз ислом сухан заданро. Минбару ислом мегуи аллергия мекапашон. Бехтарин рох гуфтаи хочимирзо аст.

Шердил
бародаро... ман шахсан Точики асли хастам ва мухимтарин чиз барои ман Ватани азизам Точикистон бо халки Точик ва тамоми мардуме ки дар Точикистонамон зиндаги мекунанд мебошад. Барои хар як фарди точикистони имрузхо тамоми шароит мухаё аст... факат барои ободу зехбо кардан ва ором нигох доштани давлатамон сахми якояки хар як шахрвандонамон дар кор аст... Чавононро мебоист арчи хубтар ва бехтар аз сиёсати чахони хабардор бошанд.

Ин дустам психологияро намедонанд бо рохи зури не бояд бо рохи фахмондадихи ин мушкилотро халки намуд.
Агар ба Акаи Хочи Мирзо аз минбар ба чавоно асли исломро фахмонем, онхо ба ягон чо намераванд. Бо зиндон кадану риштароши кор хал намешад Ира бояд ие фахман.
Гапи Хочи Мирзо 100% дурустай
Зинда боши акаи Хочи Мирзо
Илтимос чоп кунен

Стратег
Сухани шумо ҳукуматдорон дар баробари руҳониен масали сад задани сузангару як задани оҳангарро мемонад. Ҳ Мирзо сад дар сад дуруст мегуяд,ки инро худи шумо низ медонед.

Хочи Мирзо одами бо саводай . У бояд ба насли наврас илми Исломро ба пурраги омурзиш кунад . Ин ба фоидаи чаъмият мебошад имконят мешуд бо хубтар буд. Ташакур

Агар хамин пулхое, ки барои мубориза алайхи терроризм ва экстремизма чудо мекунанд барои Маориф Фарханг Тандурусти ва заводу корхонасози чудокунанд бовари дорам, ки барои терроризм ва экстремизм дар дунё чо намемонад!

Навои
Баьзе Масулон ва сардамдорони мо ба чуз аз фикри худ на парвои миллат ва дину давлат доранд.мантикан ба чанд соли пеш назар кунем, дархои хаммаи масочид боз буданд ва даьвати уламо хам озодтар, дар кишвар сатхи чурму чиноят хело кам шуда буд.вале имруз рузбаруз чинояткори ва тундгарои ва ифротгарои зиёд шуда истодааст.пешниходи х.м.сад дар сад дуруст аст худованд ачраш дихад ва ба ингуна стратегчихо хисси дину давлату миллат дусти дихад

Шердил,
Шердил,
Неки хами худат намерасиди насихатгар акы!!! Хама дар ин кишвар насихатгару дуъоте патриоту ободкор шидиянд. Хозир пурси,ки патриотизм чист мегуянд пешворо дуст доштан бо аксхову суханхояш эътикод кардан ва бо хамикадар зиндагии пастеризационно-охладительная,ки мо дорем шукрона кардан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)