Бахшҳо

Корманд ришва гирифт, роҳбарро аз вазифа мегиранд

Бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе минбаъд дар сурати ба амалҳои коррупсионӣ даст задани корманди дилхоҳ сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ, роҳбари он сохтор аз вазифа сабукдӯш мешавад.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, ин нукта дар ҷаласаи навбатии Убайдуллоев, ки имрӯз, 11 июл баргузор шуд, таъкид гардид. Дар ин ҷаласа аз масъулин тақозо шудааст, “бо таҳким бахшидан ба интизому самаранокии меҳнат алайҳи дилхоҳ амалҳои коррупсионӣ чораҳои муассир андешанд”.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли масъалаи роҳандозии омодагиҳои ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 муовини соҳавии худ Шакарбек Самадов ва раисони 4 навоҳии пойтахтро вазифадор намудааст, бо ҷалби васеи соҳибмулкон таҷдиди системаҳои мавҷудаи гармиқабулкуниро бо риояи меъёру технологияҳои амалкунанда то оғози мавсим ба анҷом расонида, дар минтақаҳои омодашуда санҷишҳои гидравликиро амалӣ намоянд.
Мӯҳр
Инро ба Парлумон пешниҳод кунанд бисёр хуб мешавад қонуни шавад

Buzurgmehr
Барои содир намудани кирдорхои коррупсиони сардори корхона набояд аз вазифа равад, чунки ин ба акли солим рост намеояд. Хар шахс дар содир намудани чинояти кардааш бояд худаш чавоб дизад, чунки он шахсро аллакай конуни чинои муайян кардааст, аз синну солаш сам Карла то мукаллафияту хоказо... Шахси мукаллафе, ки чиноят содир мекунад бояд худи у танхо ба чавобгари кашида шавад, чунки у солимакл АСТ на кулак , масалан агар кудакон иштибохе Кунард, тибки конуни масъулияти падару модар - волидон ба чавобгарии маъмури кашида мешаванд Барои ин икдоми раиси шахр бояд конуни наве баровард ба монанди конуни масъулияти раисони корхонаву муассиса ва гайра))) Аввал он ки мухтарам раиси шахр бояд дар доираи ваколатхои худ карор барорад, яъне раиси шахр хукуки баровардани чунин карорро надорад, чунки он монеъи хукуку озодихои конститутсионии инсон ва шахрвандони аст, Дуввум ин ки бояд дилхох карор дар асоси конуни асоси тархрези шавад. Ба Худо айб аст.

Нои
Buzurgmehr,
Дуруст гуфтед. Раиси шашриҳеҷ ҳуқуқи содир кардани чунин қарор ё фармонро надорад. Ин нормаи қонун аст. Касе ба ҳукумати шаҳр ва раиси он ҳақ надодааст, ки қонун бароранд.

саид
икдоми хуб, агар худаш онро ичро кунад...
яъне агар раиси нохияро бо ришва капиданд, магарам раиси шахр хам истеъфо равад...Ҷовид,

Садриддин
Мухтарам чаноби Бузургмехр, вокеан айб аст, фикр накарда, дигаронро айбдор намудан. Раиси шахр танхо дар доираи ваколатхои худ карор баровардааст, яъне дар сохтореи шахрие, ки амалхои коррурсиони вучуд доранд, рохбараш хатто пок хам бошад, бояд аз вазифааш сабукдуш шавад. Чунки дар аксарияти амалхои коррупсионии зердастон худи рохбарон шариканд ва е хеч набошад, чунин амалхоро нодида мегирад ва окибат бояд корро хамин тавр ташкил намояд, ки имкоияти гирифтани пора намонад. Бинобар бо кадом сабабе. ки зердастон пора нагиранд, сардор кукуки рохбариро надорад. аммо хуб мешуд, ки мухтарам раис як-ду хафта пеш аз таъини хар шахс ба ин е он мансаб эълон намояд, то ки онхое, ки ин шахсро мешиносанд, тавассути телефони бовари фикру андешаашонро иброз намоянд ва е хар як рохбарро аз детектори друг гузаронад. Дар ин вакт хатоги камтар мешавад.

мехмон
Ин конунро дар аппарати президент, мачлиси Оли ва вазоратхо аввал тачриба кунанд баъд ба корхонахои хурду миёнаи шахри !!

Apa
Мардуми сархама ефтен хар коре хохен кардан гирен дига, хади акал дар холате як чизи давлатиро кормандон фурушанд гайри конуни Раиса аз вазифаш сабукдуш кунанд меарзад ки бе имзои Раис намешад, наход барои ришва е ин ки пораи як одами боакл ки сари вазиваи давлати кор мекунад Раисаш чавоб гуяд, шармандагие беш нест.

уен
Гури хар кас чудост ва хар кас чавобашро худаш медихад. Инро хам шариат ва хам кодекси чинои пешбини намудааст.

Вафо
Вакте корманд чазо нагираду рохбар аз вазифа равад корманд ислох намешавад,чунки мегуяд инаш рафт дигараш меояд корхои карупсониро давом додан мегирад ягон пешрави дар ягон муассисаи давлати дида намешавад .....

Агар ин хел шавад, дар мактабхои шахр директор намемонад. Зеро тамоми муаллимон пора мегиранду боз ба директор "доля" медиханд.

кандилбача
СЕР КАЙ ПАРВОИ ГУШНА ДОРАД...ДАР УРФИЯТ ГУФТИЯН.....ТО МАРДУМ БО МАОШИ ХУБ . ва кори хуб...таъмин набошад КОРУПСИЯ АЗ БАЙН НАХОХАД РАФТ....ин гапхо фойда надорад

Озодагон! Чаро навиштаи маро дар хамин макола нашр накардед. Хаммаи навиштахоям вакти буд. Шумо бо ин тарз бар зиди чунинхо мубориза мебаред ё баръакс. Хайфи шумо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)