Бахшҳо

Ифшои 68 иштибоҳи тиббии табибони тоҷик дар 6 моҳ

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, тайи 6 моҳи гузашта 68 ҳолати иштибоҳи техникию тактикии тиббии табибон ошкор шуданд.

Салимзода имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз миёни табибони иштибоҳкарда 42 нафарашон аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи тиб ба маблағи 400 то 800 сомонӣ ҷарима шуданд. Ӯ афзуд, ки ҳолати фавти беморон дар пайи иштибоҳи табибон сабт нагардидаст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи равон ба “Озодагон” Ҷамила Комилова, як сокини шаҳри Душанбе муроҷиат кард, ки ду фарзандаш дар пайи иштибоҳи табибон маъюб шудаанд. Ба гуфтаи Комилова додгоҳ барои иштибоҳ Рахимова З.К, табиби Маркази саломатии шаҳри Чкалови вилояти Суғдро ба пардохти 5 ҳазору 948 сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 15 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ муваззаф намуд: “Вале ҳанӯз ин қарори додгоҳ иҷро нагардидааст”.

“Озодагон” қаблан аз ҳолатҳои марги беморон дар пайи иштибоҳи табибон хабар дода буд.
Мӯҳр
68 иштибоҳ ки шуда бошад, беш аз 100 нафар мурдааст. Ҳолатҳое ки ошкор нашудаанд мумкин аст бештар бошанд.

Бемор
Кори табибон факат пулситонй. Барои як ташхиси оддй 10-20 сомонй мепарад. Кучо инсоф? Бечора беморон пул надоранд, ки ба духтур мурочиат кунанд. Хамин рузхо бинед, ки чанд бемору маъюб ба мардум мурочиат карда истодаанд, ки кумак кунанд, ёрй диханд, садака кунанд.

Ин духтурон саводи кофй надоранд. Барои хамин дар Русия ба кор намегиранд онхоро.

Мухтарам вазир, чаро шумо ба таври матлуб хизматрасонии пулакиро дар муассисаои давлатии тандрусти тибки фармони №600 ташкил карда наметавонед? То кай дар ин муассисахо пул ба кисаи чапи духтруон ва "хурондани" дастгох масраф мешавад? Аз ин ба буча чи фоида?

Хуршед
Ман барои иштибохи аблахонаи табибон фарзандам- чону чигарамро аз даст додам. Дар чомеаи имрузаи Точикистон нисбати табибон ягон чораи конуни дида намешавад. Санчишгарон аз худи табибон хастанду боре нашудааст, ки нисбати хамкасбхояшон натичаи хаккони бароварда бошанд. Табибони имрузаи точик гарчи худро давомдихандаи касби бошарафи Ибни Сино шуморанд хам, онхо касби Синои Бузургро хор кардаанд.

Инженер
Бемор,
Духтурон саводи кофи доранд. Дар Руссия низ онхоро ба кор мегиранд. Як духтур бо сардухтур сари як мафхум намоянд ва байнашон нофахми мешавад. Духтур барои кор дар Руссия ариза менависад баъд аз 1 хафта даъваташ мекунанд меравад. Ин хакикат аст. 10-20 сомонро аз табобатат боло дони рав пеши чодугар нархаш 50-2000 сомон аст ё пеши духтури Хитоихо рав ба камиаш 2000 сомонат мепара. 2 келаса метант ба хами табобати хитои мегири. ё Суф кни бра. Охирон кори духтурхо маъкулат набошад рав 10000-20000долар сарф бикун дар донишгохи тибби бад бо 500 сомон маош мардумро табобат бикун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)