Бахшҳо
16 июл 2016 11:22Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Пурсиши “Озодагон”: Ҷазои роҳбар ба ҷои корманд чӣ пайомад дорад?

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ гуфтааст, минбаъд дар сурати ба амалҳои коррупсионӣ даст задани корманди дилхоҳ сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ, роҳбари он сохтор аз вазифа сабукдӯш мешавад. Дар робита “Озодагон” аз чанд соҳибназари тоҷик пурсид: ҶАЗОИ РОҲБАР БА ҶОИ КОРМАНД ЧӢ ПАЙОМАД ДОРАД?

Асомуддин КАРИМЗОДА, омӯзгор
Ин дастур раҳбаронро водор месозад, ки дар кори худ ҷиддӣ буда, нисбат ба зердастонашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Фикр мекунам, он то ҷое як навъ ҳушдор аст. Дар ҳолати мавриди амал қарор гирифтани ин дастур, шояд ҷиноятҳои коррупсионӣ коҳиш ёбад, вале бо як қарор онро намешавад, комилан аз байн бурд.

Марям ДАВЛАТОВА, равоншинос
Маъмулан, низоми коррупсия аз чанд даст гузаштани пора аст. Гумон мекунам усули мазкур хеле пояи мантиқӣ дорад ва метавонад муассир бошад. Ғайр аз ин, ҳолатҳои “подстава”-и амалдори поёнӣ аз ҷониби роҳбари камҳунар ё ғаразнок низ метавонанд бошанд. Ин усул беҳтарин роҳи пешгирии чунин рафторҳо метавонад бошад.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Бидуни шак моҳияти ин қарор аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе иродаи сиёсӣ ҷихати мубориза бо коррупсия вуҷуд дорад. Агар вазни хоси пойтахтро дар иқтисодиёти миллӣ ва имконияту шароити онро ба инобат гирем, ин тасмими воқеан хеле ҷиддӣ аст.

Қурбона НАСРИДДИНШОЕВНА, гиёҳшинос
Сингапурро ба хотир оред. Он ҷо ҳам коррупсия зиёж реша давонда буд, аммо сарвазири навтаъиншуда бо роҳи ҷазо ва аз кор хориҷ кардани роҳбарон коррупсияро аз байн бурд. Ҳоло ин кишвар як давлати хеле пешрафта аст. Он ҷо қонунҳо дар ҳама соҳаҳо риоя мешаванд.

Музаффари ИМОМДОД, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Ягон қарор пеши роҳи коррупсияро дар Тоҷикистон гирифта наметавонад, то агар мо дар назди виҷдони худ ҷавоб надиҳем. Барои аз байн бурдани коррупсия наслҳои ояндаро дар асоси ахлоқ ва виҷдон тарбият бояд кард. Вале ин ҳам бисёр кори мушкил аст, лекин агар мо шиори: “адабро аз беадабон омӯхтам”-ро дар амал иҷро кунем, ин кор хеле осон хоҳад буд.

Сироҷиддин ҲАҚИРОВ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе
Ин қарор бисёр бомаврид аст, чун роҳбарон кормандони худро минбаъд бештар назорат мекунанд, ки ба ягон амали коррупсионӣ даст назананд. Акнун гап сари он аст ки ин то куҷо амалӣ мешавад. Дар маҷмӯъ ман ҷонибдорӣ ин қарор ҳастам ва боварӣ дорам, ки самараву натиҷаи хуб медиҳад.
Мӯҳр
беном
Аксарияти шахсоне, ки инчо икдоми М.Убайдуллоевро дастгири кардаанд хамааш аз тарс аст, вале дар асл фикр мекунам хеч кас аз ин икдом рози нест , чунки он ягон чабхаи мантики надорад. Шахсро барои содир кардани чинояти дигар ашхос набояд ба чавобгарии чинои ё интизоми кашанд ин ба ягон акл рост намеояд,

Салим
Убайдуллоев метаонад!! Бо ин рох коррупсия комилан аз байн наравад, хам дар заминаи тарсу мачозот он хеле кохиш меёбад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)