Бахшҳо

Машварати Э.Раҳмон бо қудратиҳои аршади тоҷик: Зиракии сиёсиро аз даст надода, амниятро таъмин кунед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18-уми июл бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар машварат котиби Шӯрои амният, Раиси Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Хадамоти гумрук иштирок доштанд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар корҳои судманд супоришҳои қатъӣ дода, таъкид дошт, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди ватандорӣ амнияти давлату миллатро таъмин созанд.

Раисиҷумҳур аз ҷумла масъалаи иҷрои дастурҳояш барои таъмини амнияти давлату миллат, волоияти қонун, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ба миён гузоштааст: “Дар машварат инчунин дастур дода шуд, ки баҳри омодабошии ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ бо ҳамсоякишвари Афғонистон, таъмини моддию техникии отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомӣ бо маводи ниёзи аввал, сару либос ва дигар муҳимоти ҷангӣ, тайёрии сохторҳои ҳарбӣ ба мавсими зимистон, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани маъракаи муҳими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии онҳо чорабиниҳои мушаххас андешида шавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)