Бахшҳо

Раиси Кумитаи сохтмон: Хонаҳо арзон шудаанд

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, нархи манзилҳои истиқоматӣ дар Душанбе поин рафтааст.

Ӯ имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, феълан нархи хонаҳои истиқоматӣ аз 350 то 650 доллари амрикоӣ сари ҳар метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Раиси Кумитаи сохтмон иддаоро, ки нархи хонаҳо танҳо бо ҳисоби қурби доллар поин рафтааст ва бо пули миллӣ дар сатҳи пешӣ боқӣ мондааст, беасос хонд. Ӯ мегӯяд, нархи хонаҳо бо сомонӣ низ поин рафтааст: “Хариду фурӯши хонаҳо ҳамааш бо сомонӣ аст, бо қурби муайяннамудаи Бонки миллӣ ҳисоб карда мешавад. Аввал як метри мураббае, ки 1100 доллар буд, ҳоло ба 650 доллар поён фаромадааст”.

Изҳорот дар мавриди арзоншавии хонаҳо дар ҳолест, ки 1100 доллари солҳои қаблӣ бо қурби 4,8 сомонӣ 5280 сомонӣ мешуд ва 650 доллари имрӯз бо қурби 8 сомонӣ муодили 5200 сомонӣ мебошад. Яъне нархи хонаҳо бо доллар тақрибан ду баробар поин рафтааст, аммо бо ҳисоби пули миллӣ тақрибан тағйир наёфтааст.
Мӯҳр
Хандаовар
Мухтарам Раис ягон дирам арзон нашудааст. Чаро нархи хонаро Бо доллар хисоб мекунед на бо сомони? Оё Точикистон пули милли надора? Вакте сомони ба мансабдорон кадр надошта боша пас чи лозим сари халки бечора истифодабарии он мачбури бошад?...

nabi farhor
Дар пулдориамон арзон нашуд,ки як хона мехаридам.Як хонаи истикомати 35-40хаз $ буд,холо бошад 20-30 хаз $ аст.Аз ин хам поинтарки шавад пул надошта бошем,хона барои ки лозим мешавад.

Сухроб
Хукумат бояд кантрул кунад, ки як нафар аз ду хона зиёд надошта бошад. Дар он сурат хам хона арзон мешаваду хам бехонахо сохиби манзили арзон мешаванд. Холо чй? Як нафар бо пули хароми ба даст овардааш 8-10 хона гирифта партофта мондааст. Ё ки ичора шинондааст. Канй адолати ичтимой? Агар мо тибки Конститутсия давлати ичтимойй бошем, бояд ин масъала чиддан назорат шавад.

Човидон
Мухтарам Раис, ин кадар хонахои бландошёнае,ки дар Душанбе сохта шудаанд, хамашон аз кумисаи давлати гузаштаанд, ё не? рафики ман аз кадом я фирма хрна гирифтай то хол хонаш хучат надора. У мега, ки ин хонаро аз я одами дигар харидаму дар вакти хучаткнони Раиси шркат ба ман гуфт,ки бад аз я мо хонахоро хучат менем. Аз гуфтаи риси ширкат 3 сол гзашт то хол хона хучат нашудаст. Ай болои ин кор ки назорат мебара. Илтимос чавоб дихед. Рафики ман холо хдуш бемор аст. бисёр зик аст.

Нав ба ёдум ома, фирмаи Моварнахр.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)