Бахшҳо

Чаро мо Роман Друкс надорем?

Далер ШАРИФОВ

Бисёр ба маврид мебуд, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҷойи таблиғи “уребча”-ҳо ду дақиқа андешаҳои Роман Друксро дар мавриди сохтан ва хидмат кардан ба инсоният намоиш медоданд.


ҚАҲРАМОНӢ

Дар ҷамъияте, ки гоҳе “сохтанҳо” ба хотири маҳал, мазҳаб, дин, имиҷи сиёсӣ, худнамоӣ, маҷбурӣ, тиҷорӣ, тарс, манфиати шахсиву гуруҳӣ ва мардумфиребӣ амалӣ мешавад, анҷом додани як амал танҳо ба хотири инсоният ва ҳалли кӯчактарин мушкили он қаҳрамонист. Сохтани як нерӯгоҳи барқӣ аз ҷониби Роман Друкс, шаҳрванди Шветсария барои деҳаи Басиди водии Бартанг бисёр мавзӯи ҷолиб аст. Танҳо ангезаи шахсӣ ва мушкилии бебарқию азоби мардуми деҳаи Барсид Друксро ба чунин иқдом таҳрик додааст. Ӯ ки филмбардор аст, тамоми талошро ба харҷ дода, ки садҳо хонаводаи тоҷик дар яке аз дурдастарин деҳаҳо бо рӯшноӣ ва нерӯи барқ таъмин шаванд. Ин амали инсонии Роман Друксро ба ҷуз қаҳрамонӣ чӣ метавон таъбир кард?!

ВАТАНДОРӢ

Онҳое ки бештар лофи ватандорӣ мезананд, бояд аз иқдоми Роман Друкс дарси ибрат бигиранд. Зеро ватандорӣ ин нест, ки бо галстуки якметраю шиками хамида пушти курсӣ дар бораи ҳифзи мақом ё манфиатҳои авлодӣ биандешӣ. Балки фаротар аз оилаву маҳали худ андеша кардан ва дарди дигаронро дарди худ донистан нишонаи як инсони ватандор аст. Чӣ гуна мешавад як нафарро ватандор донист, ки худ даҳсолаҳо дар рӯшноиву хонаи гарм зиндагӣ кунад, вале ҳазорҳо ҳамаватанаш солҳои тӯлониро бо азобу машақат ва бидуни рушною манзили гарм пушти сар намоянд?

Роман Друкс дар кишваре умр ба сар мебарад, ки натанҳо аз нерӯи барқ танқисӣ надорад, балки ҳеч мушкили иқтисодию иҷтимоиро намедонад. Аммо ӯ ба ҳайси як инсон вақте ба Бадахшон меравад, натавониста, ки ба ҳамин содагӣ аз азоби мардум ва обу хок, олами ҳайвоноту набототи онҷо бигзарад. Ба қавли худаш натавониста азоби ҷавондухтарону писараконеро, ки рӯзе то панҷ-шаш соати умрашон дар ҷамъоварии ҳезум мегузарад, сарфи назар кунад. Иқдом ва ғамхории холисонаи ӯ намунаи як ватандори асил аст. Ватандорони моро ҳам беҳтар буд, то сар додани шиорҳои холию пуч иқдомҳои амалиеро рӯи даст бигиранд. Ба ҷойи рақсу базмҳои бемаънӣ анҷоми коре, ки дар он хайру баракат аст ва ҳам барои миллат манфиатовар, беҳтар мебошад.

ҶАВОНМАРДӢ ВА ҲИММАТ

Дар қомуси миллате, ки калимаҳои ҷавонмардӣ, ҳиммат, номус ҷойгоҳи махсус дорад, набояд бо ҳарфҳои шухию ҷиддӣ шиорҳое, мисли “Сара хам кун, пула чамъ кун!”-ро ки як ду навкисаю соҳибвазифа мезананд, ҳарфи калидӣ сохт. Балки бояд ба ин суол посух ҷӯст, ки оё дар шароити феълӣ Тоҷикистон Роман Друкс дорад ё на? Агар аз лиҳози дороӣ баҳо диҳем, садҳо нафаре бо сарватҳои ҳангуфт ҳастанд, аммо мушкил инҷост, ки онҳо мисли Роман Друкс намеандешанд. Сарватмандҳои тоҷикистонӣ, ки аксар аз ҷайби мардум пулдор шудаанд, барои худ хонаҳое бунёд мекунанд, ки арзиши онҳо ба миллион мерасад. Аммо ин ҳиматро надоранд, ки сад метр роҳи деҳаи худро мумфарш кунанд, чоҳе бикананд, ки мардум бо оби тоза дастрасӣ пайдо кунад, , ё мисли Роман Друкс неругоҳе бисозанд. Онҳо гоҳе худро ватандору баномус нишон медиҳанд, аммо гӯиё намебинанд, ки сад метр дуртар аз хонаи онҳо мардум солҳост аз бебарқию беобӣ азият мекашанд. Танҳо бо нархи як мошини барои писарашон харида, мешавад сад хонаводаи дигарро хушбахт сохт.

Ҳиммат ва ҷавонмардӣ ин аст, ки интизор бошем, то кадом як созмони хориҷӣ ба мо садақа бидиҳад ва нисфи онро ба ҷайби худ зада, боқиро барои мардум, ки ҳаққи ҳалолашон аст, сарф бикунему боз ҳазор бор миннат ҳам бигзорем? Амали Роман Друкс кори бо ҳиммат ва ҷавонмардона аст!

ИНҚИЛОБИ РОМАН ДРУКС

Манзур аз вожаҳои инқилоб, таҳавуллот ё ислоҳотро ҳамиеша гуруҳе хато мегиранд. Аммо Худо шоҳид аст, ки бо гуфтани ин калимаҳо ҷанг, ноамнӣ, куштор ё дарҳам-барҳамиро дар назар надорем. Манзури мо ҳамин инқилобе ҳаст, ки Роман Друкс дар як деҳаи дурдасти Тоҷикистон анҷом дод. Ӯ бидуни кадом аҳдофу худнамоӣ ё рақсу сурудхонӣ ба мушкилии садҳо хонаводаи тоҷик расидагӣ кард. Назари мо ин аст, ки дар андеша ва афкори ҷавонмардон ва ватандорони мо ҳам чунин инқилобҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд биёяду ҷойи ҷамъ кардани сарват ва ҳамеша дар фикри ишкам будан, барои анҷоми корҳои амалӣ биандешанд.

Бисёр ба маврид мебуд, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҷойи таблиғи “уребча”-ҳо ду дақиқа андешаҳои Роман Друксро дар мавриди сохтан ва хидмат кардан ба инсоният намоиш медоданд. Корномаи Роман Друкс ва ончи ки ӯ дар деҳаи Басиди водии Бартанг анҷом дод, барои ҷавонон дарси омӯзанда аст.
Мӯҳр
Точик
Ин пулдорхои Точикистон камбагаланд. Аз кучо онхо дар бораи номус фикр мекунанд. Базехошон дар фикри онанд ки имруз чигуна мардумро фиреб диханд. Хаста набоши бародар Далер!

п
Уребча хам чизи мухим аст. Хусусан барои кудакони ширмак.

Зафар
Эй воҳима кардед дя

Мусалмон
Офарин биродар мавзуъ хеле мухим аст

Ин яъне чи, якумин шахсест ки ягон кори хубе барои дигарон мекунад е кардааст?! На! Бинобар хамин ин навиштахои шумо галатанд,бисер мардуме хастанд ки хамаруза ери медиханд ба дигарон ва нашояд ягон як хоричиро ба мо намунаи ибрат бигуед. Мусалмон будан ин худ хайрхоху накуандеш буданро дар назар дорад,шумо боз ягон як хоричиро ба халки мусалмон намуна мегузоред,албатта ки одамони хайрхох зиеданд дар Точикистон , шумо факат чашматонро бикшоед бикобед ,онхо корхои некашонро ба мардум бароварда нишон намедиханд! Точик,

Muhojir
Зафар,
Ruznomanigor vohima nakardas, u az nabudi andeshavu az pastii farhangi mo guftas.Tasavur kuned,ki mo tojikon nakshayu andeshai obod kardani honavu dari hudamonro nadorem, pas chi guna hohem,ki digaron hubtaru rohattar az mo zindagi kunand.Mardumi besaru rohgumkarda moem.

ТОҷик
Ҳалолаш бод ва Худованд ӯро ҳифз кунад!

Давлататро фил бардорад миёнаш бишканад
Химмататро пашша Хиндустон барад

Али
Албата сатхи андеша ва чахонбини хеле паст аст.мо хеле акиб мемонем гар вазият инчунин идома ёбад Точик,

Тракторчиичуун
Садхо чунин мардхои бономуси Раштие, ки дар давлатхои гарб ба сар мебаранд, метавонанд обод кунанд. Вале, сабабхо хело ва хело зиеданд. Мардум дигар фиреб хурдан намехохад. Кур як бор дар чох меафтад.

Ана ин аст марди..
Бо мо дарси ибрат аст.

Самар
Роман Друксхои точикро холо ташаббус нишон надода зери зиндон бурданд, дигареро тичораташро гирифтад, саввуми худ пулашро зери Замин кард ё тарки Ватан!

Далер ин гуфтахота ба хамун лидерхову пулдорони Бадахшон бигуи дуруст аст.Шермардони Кулобу Хучанд Хисор Рашту Кургонтепа карда истодаанд.Сангхои киматбахоро 25-солай ки ба тамоми дунё бурда мефурушанд Бадахшонихо чаро диёрашонро обод намекунанд? Ин ба саволи ту Далер ки Точикон доранду карда истодаанд.

Javan
Бародархо мо мусулмонони Точикистон набояд рухафтода шавем дар ягон холат иншааллох Точикистон ояндаи хуб дорад. Ояндаро Аллох медонад ва АЛЛОХ ба хама чизщ кодир аст. мо бояд якдигарро мисли бародару хохар дуст дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)