Бахшҳо

Баъди танқиди ВКД: “Тоҷикматлубот” дастгоҳи назоратиро аз утоқи раис пеши посбонҳо бурд

Дар пайи танқиди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар бархе аз корхонаҳои кишвар, камераҳои назоратиро, ба ҷои муҳофизон раисон назорат мекунанд, раёсати “Тоҷикматлубот” дастгоҳҳои назоратиро пеши посбонҳо бурдааст.

Хуршед Сангаков, муовини сардори иттифоқи “Тоҷикматлубот” имрӯз, 21-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, феълан дар назди ягон роҳбари ин ниҳод дастгоҳҳои назоратӣ нестанд: “Дар қароргоҳи ягон раис камера нест. Агар дошта бошанд ҳам дар қабулгоҳи худашон аст. Дигар ҷо нест”.

Сангаков аз як тараф доштани дастгоҳҳои назоратиро дар утоқи раисҳо муҳим хонд: “Ҳар як раис бояд коргарҳояшро донад. Камтар дар коридорҳо гарданд. Бисёртар фаъолият кунанд, кор кунанд. Ин барои амният ҳам лозим аст”.

Ноиби раиси “Тоҷикматлубот” такроран таъкид намуд, ки тамоми дурбинҳои ин корхона таҷдид шуданд ва дастгоҳҳои назоратӣ низ дар назди посбонҳо мебошанд.

Қаблан хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки масъулияти иҷрои амри раисиҷумҳур дар мавриди насби дурбинҳои назоратиро дар корхонаю вазоратҳои кишвар ба уҳда дорад, изҳор дошт, ки ҳадафи насби камераҳо таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад: “Тибқи дастурамал мониторҳое, ки камераҳои назоратӣ бо онҳо пайваст шудаанд, бояд дар назди муҳофизони корхонаю ташкилотҳо бошанд, то дар сурати зарурӣ фавран аз содиршавии ҷиноят ҷилавгирӣ кунанд. Аммо дар бархе аз ниҳодҳо мониторҳо дар утоқи кории раисон насб шудаанд”.

Манбаъ аз ҷумла иттифоқи “Тоҷикматлубот”-ро ном бурда буд, ки камераҳои насбкардаи ин ниҳод пастсифат буда, монитори назоратӣ низ дар утоқи кории роҳбарияти он ҷой дода шуда буд. Ба иттилои манбаъ камбудиҳо дар ин самт дар дигар корхонаю ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон низ ошкор шудаанд.
Мӯҳр
донишчу
Чаро ин точикматлуботро бархам намедиханд? Аз хисоби донишчуёну талабагон то ба кай ин муфтхурон бояд кайфу сафо созанд? Холо муаллимони 4 муассисаи таълими хатто маоши мохи май ва июнро нагирифтаанд, чун маблаги он таълимгоххоро точикматлубот мачбури гирифтаанду барнамегардонанд. Гардиши молии точикматлубот баробари як магазин нест.

Дар хакикат камерахо бояд дар назди посбонхои милиса бошанд на дар утоки раис. Дар дафтари раиси кумитаи сармоягузори ду экрани калон аст, ки навори 12 камераро чой додаст. Хатто чанд бор туалет рафти раиси кумита мебинад. Ин хели бад хам не даааа

Донишчу, шумо чи навиштаед? Точикматлубот ин як ташкилоти чамъияти аст. Ба пули маълимони шумо чи кор дорад))) Вай худаш хамчун муассис метавонад муассисахои таълими ташкил дода, онхоро пурра ё кисман маблаггузори кунад. Баъд, дар масъалаи камерахо. Раисон барои он камерахои назоратиро дар кабинети худ мегузоранд, то донанд ки ба кабули онхо омада истодааст. Одами "вазнин" бошад, ба котиба мегуяд. ки дарояд, маъкул набошад, раис "бандай", "нестай", "майлс дора". Ин "найранги технологии" раисони точики аст... донишчу,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)