Барканории 7 мансабдори “КҲФ” ва шарти генерал Назарзода ба зарардидагон

Рустам Назарзода, ки соли равон сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон таъин шуд, барои бемасъулиятӣ 7 мансабдори ин ниҳод, аз ҷумла сардорони ситоди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва минтақаи Раштро барканор кардааст.
Назарзода имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки барои камбудиҳо дар фаъолият, аз ҷумла се сардори раёсати дастгоҳи марказӣ, сардорони ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ, Рашт ва Турсунзода аз мақомашон барканор гардиданд. Ӯ афзуд, ки назорати иҷрои уҳдадориҳо аз сӯи сарбозон то мансабдорони ниҳоди тобеяш пурзӯр мешавад.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ дод, ки фавти шаҳрвандон дар пайи офатҳои табиӣ тайи нимсолаи аввал дар кишвар нисбат ба соли гузашта ба маротиб коҳиш ёфт: “Дар 6 моҳ 41 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 10 нафар ба ҳалокат расида, 122 миллион сомонӣ хисороти моддӣ ворид гардид. Нимсолаи соли гузашта дар кишвар 28 нафар ба ҳалокат расида буд”.
Масъулини Кумита коҳиши марг дар пайи ҳолатҳои фавқулоддаро ба пурзӯр гардидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ рабт доданд. Инчунин раёсати Кумита аз он интиқод намуд, ки бисёри хонаҳо дар кишвар танҳо бо хиштҳои лойӣ бунёд гардидаанд. Ин ниҳод барои зарардидагони минтақаи Рашт, ки хонаҳояшонро аз нав бунёд карда истодаанд, шарт гузоштааст, ки агар зимни сохтмон аз хиштҳои сементӣ кор набаранд, кӯмак дар шакли масолеҳи сохтмониро нахоҳанд гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |