Раҳимзода: Ҳалимовро боздошт ва ба ҷавобгарӣ мекашем (ВИДЕО)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”- и кишварро, ки ба “ДИИШ” пайваст, боздошт ва муҷозот хоҳанд кард.
Генерал Раҳимзода имрӯз, 22-юми июл дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои боздошти Гулмурод Ҳалимов идома доранд: “Фикр мекунам, мо ӯро боздошт ва ба ҷавобгарӣ мекашем”.
Ба гуфтаи Раҳимзода феълан беш аз 1000 нафар аз Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, ки 150 нафарашон зан мебошанд. Вазир гуфт сафари тоҷикистониён ба ҷангҳои Сурия коҳиш ёфта то ҳол 50 ҷангҷӯи “ДИИШ” ихтиёрӣ ба Ватан баргаштаанд: “Фаҳмидаанд, ки он ҷо биҳишт ё ҷиҳод нест”.
Вазири умури дохилӣ иттилоъ дод, ки феълан 1661 нафар мавриди пайгард қарор доранд, ки 1400 нафарашон дар терроризм айбдор мешаванд. Ӯ гуфт, дар ин миён Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳаст, ки расман дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.
Суҳбати вазир аз боздошту муҷозоти Гулмурод Ҳалимов дар ҳолест, ки манобеи “Озодагон” баҳори соли равон аз сафари Ҳумайро Мирова, собиқ сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари дуюми Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН” ба Сурия хабар доданд.
Собиқ фармондеҳи “ОМОН” ки 27-уми майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад. Вазири умури дохилӣ қаблан гуфта буд, ки Ҳалимов маъюб шудаасту 100 доллар нафақа мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |