Куштор барои маош: Ҳабси тӯлонии 2 тоҷик барои қатли корфармою оилааш

Додгоҳи вилояти Калугаи Русия ду шаҳрванди 46 ва 47-солаи Тоҷикистонро барои куштори тоҷири корфармоашонро бо хонаводаш ба 21 ва 18,5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора додситонии Калуга бо нашри як иттилоияи расмӣ дар сомонааш хабар додааст. Ба иттилои манбаъ мардони 46 ва 47-солаи тоҷикистонӣ, ки дар яке аз бустонсароҳои маҳаллаи Ковчеги ноҳияи Жукови вилояти Калуга давоми шаш моҳ мардикорӣ кардаанд, моҳи майи соли 2015 музди худро талаб намудаанд: “Аммо корфармо, тоҷири 64-сола, сокини шаҳри Маскав дархосташонро рад кардааст”.
Дар пайи ин амали корфармо мардикорон шоми 3 майи соли 2015 тоҷири 64-соларо бо истифода аз банду корд кушта, барои пинҳон кардани ҷинояташон ҳамсари 64-сола ва хушдомани 89-солаи тоҷирро низ буғӣ кардаанд.
Додситонӣ мегӯяд, маҳкумшудагон, ки қасд доштаанд Русияро тарк кунанд, баъди се рӯзи ҳодиса дар наздикии роҳи оҳани Маскав боздошт гардиданд.
Бо қарори додгоҳ инчунин маҳкумшудаи 47-сола ба пардохти 2 миллион рубл ва шарикаш ба пардохти 1 миллиону 900 ҳазор рубли русӣ, ҳамчун ҷуброни зарар муваззаф шудаанд.
Ин иттилоияи додситонӣ дар ҳолест, ки мақомоти Русия қаблан иттилоъ дода буданд, ки дар ин ҷиноят як шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |