Бахшҳо
25 июл 2016 09:06Тоҷикистон / Сиёсат

Пурсиш: Ҳаводиси Туркияву Қазоқистон барои Тоҷикистон метавонад мояи нигаронӣ бошад?

Дар пайи қасди табаддулоти низомӣ дар Туркия ва ҳамлаи ахири мусаллаҳона ба шӯъбаи пулис дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар 18 июл бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуда, ба онҳо ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ супоришҳои қатъӣ дода, таъкид дошт, “зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди ватандорӣ амнияти давлату миллатро таъмин созанд”. Раисиҷумҳур ҳамчунин дастур додааст, ҳифзи силоҳ дар идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар пурзӯр карда шавад. Дар робита “Озодагон” ин ин бор пеши коршиносон чунин савол гузошт: ҲАВОДИСИ ТУРКИЯВУ ҚАЗОҚИСТОН БАРОИ ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАД МОЯИ НИГАРОНӢ БОШАД?

Ҳафиз БОБОЁРОВ, файласуф
Ҳаводисе, ки дар Туркия ва Қазоқистон рух дод, натиҷаи мантиқии ҳар ҳукумати ғайридемократӣ аст. То ҷойе ҳам ин гуна ҳукумат ба чунин ҳодисаҳои фоҷеабор муҳтоҷ аст, то сиёсати худро машруият бахшад. Кишварҳои дигари ғайридемократӣ низ аз чунин ҳодисаҳо метавонанд ба ҳамин шакл сӯиистифода кунанд, то фазои гуногунандешӣ ва танқидро ҳар чӣ бештар танг созанд.

Умед ҶАЙҲОНӢ, таҳлилгар
Ҳамин ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар паи рухдодҳои Туркия ва Қазоқистон чунин дастуре ба ниҳодҳои интизомӣ додааст, худ гувоҳ бар таъсири он рӯйдодҳо бар кишварамон аст. Фаромӯш накунем, ки пеш аз он ду кишвар дар Тоҷикистон кудетое шуда буд ва давлат бо ҳар роҳе аз такрораш пешгирӣ хоҳад кард. Ҳарчанд эҳтимоли кудетои дигар дар Тоҷикистон имконпазир нест.

Иззат АМОН, раҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Русия
Худи ҳамон "машварати корӣ" гузаронидани Раҳмон бо аҳли кобинааш як намуде аз вокуниш аст. Бубинед, мо бо Қазоқистон ҳамсояем. Бо Туркия беҳтарин равобитро дорем. Мусаллам аст, ки равандҳои сиёсии дар ин кишварҳо ба мо низ таъсири мустақим мерасонад. Гарчанде вақоеъи рухдода дар Туркияву Қазоқистон ба куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, вале ба ҳар ҳол. Тарси мо аз ҳамонҳоест, ки рӯзе пайдо мешаванду кадом анбори яроқу аслиҳаро ғорат карда, ба зидди мардум мебароянд. Мо таҷрибаи талхи чунин мусибатро аллакай чашидаем.

Талабшоҳ САЛОМ, хабарнигор
Агар манзури Шумо аз тарҳи чунин суол улгӯгирӣ аз ҳаводиси Туркия бошад, бешак, метавон гуфт, ин воқеаҳо дар Тоҷикистон таъсири бевосита дошта наметавонанд. Вале сурат гирифтани табаддулоту инқлоб ва бархӯрдҳои ахир дар ҷаҳон ҳокӣ аз он аст, ки ин гуна рӯйкардҳо бидуни дастгирӣ аз хориҷ ба амал намеоянд. Дар чунин ҳол, бояд сарчашмаи ин гуна воқеотро дар мавзеъгирии ҳукуматҳо ва нигоҳи қудратҳои ҷаҳонию минтақаӣ ба маркази қабули қарор дар кишварҳо ҷӯст, зеро ҳоло усулҳои ба вуҷуд овардани падидаҳои сиёсие, ки ба фаъолияти низомҳо таъсири манфӣ доранд, тағйир кардаанд. Он ки мақомот ҳушдор медиҳанд, як вазифаи маъмулии онҳост ва бояд чунин ҳам бошад. Вале барои қудратҳои манфиатдор дар кишварҳо муҳим чизи дигар аст ва бо назардошти ин ҳама метавон гуфт, ҳадаф асл аст, на усулҳои расидан ба он.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия
Вазъи Тоҷикистон аз тарафи худи ҳукуматдорон чанд соли ахир чунон печидаву хатарзо шудааст, ки агар дар Мирриху Аторуд шамол шавад, ҳукумату мардуми Тоҷикистон эҳсоси хатар мекунанд. Ходисаҳои Туркияву Қазоқистон низ аз ҳамин радда ҳастанд. Итминон дорам, ки агар раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоста бошад, ки ватанаш ва миллати тоҷик осуда бошанд, бояд бовар ба мардум дошта бошад ва ба арзишҳои динниву фарҳангии мардум эҳтиром коил бошад, то рӯзи сахт мардум барои пуштибониаш ба майдон резанд. Ҳамчуноне ки туркон аз Эрдуғон пуштибонӣ карданд.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос
Ин гуна ҳаводис на танҳо дар Туркияву Қазоқистон, ки равобит ва таъсири мустақим ба Тоҷикистон доранд, балки дар ҳар кишвари дунё ҳам, ки шавад, дар шароити кунунии глобалӣ ҳатман таъсир доранд. Аммо суол ин ҷост, ки ин таъсир то куҷо қодир ба тағйири вазъ аст, ки боиси парешониву таҳлука шавад. Хуб, давалат ва мақомоти амниятии он муваззафанд, ки камтарин хатарро пайгирӣ ва хунсо кунанд, ки ҷои тааҷуб нест. Аммо ин ҷо масъалаи дигар ҳам ҳаст, ки ҳокимони мустабид бо вуҷуди доштани қудрату имконот тарсутарин гуруҳи мардуманд, ки аз камтарин ҷунбише эҳсоси хатар мекунанд.
Мӯҳр
Доктор
Суханхои бехтаринро Абдулло Давлатов гуфтаанд, ахсан ба Шумо.

Точик
Суханони беҳтарин ва пурмазмун Абдуллоҳ Давлатов
Ташаккур

шахрванд
Дар забони точики калимаи ХОДИСА мавчуд аст на ин ки ХАВОДИС. То кай забони точикиро бемаъни менамоед?

мехмон
Абдулло Давлат суханхои хуб гуфтаанду лекин шахрванди Точикистон нестанд ! Дар вакти вазнини Ватанро тарк ва партофтанд. Агар дар Руссия чунин вазнини шавад шахрвандии кучоро мехарида бошад !!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)