Бахшҳо
28 июл 2016 15:06Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷузъиёти тамаъҷӯии “тоҷири душанбегӣ” аз занони деҳотӣ: Пул ё обрӯй?

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти тамаъкории як сокини ҷавони ноҳияи Нурободро, ки бо роҳи “шантаж” аз занони шавҳардору духтарони болиғи ҳамдеҳааш маблағ меситондааст, ошкор кард.

Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Зайдов Қурбоналии 29-сола, худро тоҷир аз маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, интихобан бо занони шавҳардору духтарони ноболиғи ҳамдеҳааш давоми як ҳафтаи аввал суҳбатҳои боадабона мекардааст: “Баъдан бо онҳо барои хариди матоъҳои хуб маслиҳат карда, гӯиё шабона молро ба деҳаи Навободи ноҳияи Нуробод оварда, дар назди ҳавлияшон мегузоштааст. Аммо дар асл коре намекардааст ва сипас рӯзи дигар ба занҳо занг зада, мепурсидааст, ки сифати матоъ чӣ гуна буд ва маблағро талаб мекардааст”.

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ баъди посухи радди занон, ки чизеро нагирифтанд, Зайдов аз “шантаж” кор гирифта, изҳор медоштааст, ки агар маблағ надиҳанд миёни мардуми деҳа дар бораашон овозаҳои беобрӯйкуннда паҳн мекардааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳамин тариқ Зайдов дар се ҳолат аз се нафар 1360 сомонӣ ва як ангуштарини тиллоиро ба даст овардааст: “Феълан алайҳи муттаҳам парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
Мардикор
Э муред чавонмард , ба хами кори харомат"

Э сарыт дар хок тутичон.

Муҳтарам Озодӣ!!! Ҳамин ҷумла мантиқ дорад: Зайдов Қурбоналии 29-сола, худро тоҷир аз маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, интихобан бо занони шавҳардору духтарони ноболиғи ҳамдеҳааш давоми як ҳафтаи аввал суҳбатҳои боадабона мекардааст?
1. Оё маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе барои шумо деҳа аст?
2. Тоҷири маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе чӣ гуна ҳамдеҳаи сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Нуробод мешавад?
3. бо роҳи “шантаж” аз занони шавҳардору духтарони болиғи ҳамдеҳааш маблағ меситондаас.
4.интихобан бо занони шавҳардору духтарони ноболиғи ҳамдеҳааш давоми як ҳафтаи аввал суҳбатҳои боадабона мекардааст:

5. духтарон болиғанду ноболиғ?

Нурхон Шерализода,
Нурхон ин даргахи мо даргахи навмеди нест!!!! Инчо " ОЗОДАГОНЧОН" аст на озоди. Тохири сафар алъон дар чехия аст бо хамрохии С аюбзод ва Мирзои Салимпур. Ш. Гухоча ва Махини Даврон дар мардикорбозор машгули сухбатан бо мардикороянд--Каюмарси Ато ба деха рафтаст нест. Хохишмандем бадтар занг занед ё Оставьте сообщение после сигнала

Ҳамаи ин фасодкориҳо сабаби асосиаш аз дини Аллоҳ дур будан аст. Инҳо оқибати масҷид манъкуниву рештароши ва маҷбӯр аз сари духтари мусулмон рӯймолро гирифтан.

Раиса
Ин макола аст йо чи?
Синфи панч ин тавр наменависад

Раиса,
Раиса акы даханатро кушода хушрутар гап зан. Ба як ними даханат жывачка хойда гап назан кавокот андохтаги.
Хамаш садай. Ништяк навистагиаст озодагон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)