Бахшҳо

ВКД: Рамазон Раҳимзода ҳам дар наҷоти кӯдакон аз сел иштирок намуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шоми дирӯз, 29 июл 11 нафар, ки дар дарёи Душанбе оббозӣ мекардаанд, миёни сел мондаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, ин ҳодиса соати 19:30 дар наздикиҳои Комбинати гӯшт ба вуқӯъ пайваста, се нафар тавониста бо қувваи худ аз об берун шавад: “Боқимонда 8 нафари дигар, ки дар вазъияти хатарнок қарор доштанд, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот дода шуданд”.

Манбаъ меафзояд, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ҳам ба ҷои ҳодиса омада, дар наҷот додани кӯдакон иштирок кардааст.

ВКД бо нашри ному насаби ин афрод гуфтааст, ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт буда, аз 15 то 33-сола будаанд.

Ин ниҳод аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш кардааст, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва дар ҷойҳои мамнӯъшуда ба оббозӣ машғул нашаванд: “Дар ҳолати дучор гардидан ба ҳодисаҳои фавқулодда, табиӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба воситаи телефони “Мадад 19-19” ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.
Мӯҳр
nabi farhor
Ахсан ба хамаи начотдихандагон.

ВКД
Оҳ бача ин Рамазон Раҳимов вақти оббозии бачаҳо ҳамонҷо будааста? агар сел омада бошад сел зуд меояд чихел аз Вазорати корҳои дохилӣ успет карда омада бачаҳоро наҷот додааст ё Супермен асту мо хабар надорем?

фируз
Ахсант ба вазири ВКД, барои иштирокашон ,ки дар чунин рузи вазнин дар катори мардуми одди буданд.

Honanda
Ma nadahmidam hamin baze nafaroni hamvatanamona haminoya najot dodan ikhel megan chkhe uspet kardastu supermen budastu kumchi... Agar oli najot doda nametonistan meguften hai I makomotoi mo kai kora bud karagi budanu uspet kardagi yo shikamoshon dam chi mekunan namekunan... Toba ba inguna afrod ki hamaholat gap meebadu meguyad lishbi jogasha kushoyad.

Ҳоҷӣ
ВКД,
Аҷаб мардумед шумо! Агар касе як кори некро анҷом диҳад ҳам, дар вай алабатта ягон камбуди меёбеду истеҳзо мезанед. Агар дар ҷои ҳамон Рамазон бошед, маро мебахшеду лекин як ҷоятон медаррад! Чи аз МВД то лаби дарёи душанбинка ҳазор километр астт? Раҳмат ба шумо, ҷаноби Раҳимзода!

осмон
Хамин мардак худро бисер аз хади зарурии тавсиф намудаистодааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)