Бахшҳо

Душанбе барои нақби “Истиқолол” аз Эрон маблағи иловагӣ хостааст

Тоҷикистон аз ҷумҳурии исломии Эрон хостааст, барои анҷоми сохтмони нақби нотамоми “Истиқолол” маблағи иловагӣ ихтисос бидиҳад. Ин нуктаро Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, 1 август дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт.

Вазири нақлиёт афзуд, барои анҷоми корҳои боқимондаи нақби “Истиқлол” бояд лоиҳа тартиб дода шавад, ки тибқи он ҳам Душанбе ва ҳам Теҳрон бояд маблағи зарурӣ ҷудо намоянд: “Мо чунин муроҷиатро ба ҷониби Эрон кардем. Гуфтем мо барои ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ омода ҳастем. Ба ҷониби Эрон чунин пешниҳод рафтааст ва акунун аз тарафи ҳукумати Эрон ин масъала баррасӣ шуда истодааст”.

Аммо ӯ нагуфт, ки аз Эрон чӣ қадар маблағи иловагӣ дархост шудааст. Вазири нақлиёт мегӯяд, ин маблағ барои анҷоми корҳои рангуборкунӣ, равшаннамоӣ, ҳавотозакунӣ, ҳавокашӣ, сӯхторнишонӣ ва системаи назорати видеоӣ лозим аст.

Ба иттилои Ганҷалзода, таҷдиду азнавсозии нақби “Истиқлол” ҳоло идома дошта, корҳои бетонкории кафи нақб ва таҷдиду азнавсозии системаи обпартоии он амалӣ шудаанд: “Имрӯз хушбахтона ҳаҷми корҳои обпартоӣ он қадар зиёд нест, камбудиҳо ҳастанд, намӣ ҳаст, лекин хавфнок нест. Иншоот аз тарафи комиссияи корӣ қабул шудааст ва ин комиссия эродҳои худро навишт, барои ислоҳи он ширкати эронӣ кор бурда истодааст”.

Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Ҳоло дар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистону Эрон корҳои таъмиру бозсозии ин нақб идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)