Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Дар ҷавоб ба матолиби таҳқиромез чӣ бояд кард?

Дар пайи нашри мақолаи журналисти рус Сергей Пономарёв дар сомонаи “kp.ru” (марбут ба Комсомольская правда), ки гуфта мешавад, дар он тоҷикон таҳқир шудаанд, Шариф Ҳамдампур, масъули нашри “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон аз нашри он даст кашид. Матлаби Пономарёв дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам шуру валвала барангехт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ДАР ҶАВОБ БА МАТОЛИБИ ТАҲҚИРОМЕЗ ЧӢ БОЯД КАРД?


Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Аввалан тасаввур кунед, ки агар журналисти тоҷик маводе нависад, ки ба иззати миллати "бародари калон" расад, ӯро дар Тоҷикистон мақомот, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ ба гуноҳи "барангехтани низоъи миллӣ" ба чӣ ҳол мерасонанд? Ин таҷрибаро мо доштем, аз "Фараж" чанд маротиба сафорати Русия ва Узбекистон солҳои пеш ба ВКХ шикоят карда буданд. ВКХ дар он ҳолат вазифаи "насиҳатгар" - и моро иҷро мекард. Ин бор ҳам ВКХ ҳам созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷики доди ватанхоҳимезада, муҳри хомушӣ ба лаб заданд, яъне шаҳрванди кишвари "Равшашу Ҷамшут" буданашонро (ба қавли Пономарёв) собит карданд. Бояд ягон таъна, ягон туҳмат беҷавоб намонад! Ин фикри шахсии ман аст.

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгар
“Комсомольская правда” аз замоне, ки дар Тоҷикистон рӯи чоп омад, ҳеҷ гоҳ серхонанда набуд. Ҳеҷ вақт натавонистааст бештар аз 4 ё 5 ҳазор нусхаро фурӯшад. То баста шуданаш ҳам теъдоди фурӯши ин рӯзнома аз 800 адад кам буд. Фикр мекунам ин амали Пономарёв амали таҳрезишудаи манфиатбардорони “Комсомольская правда” аст ва онҳо хуб медонистанд, ки вокунишҳое мешавад. Онҳо мехостанд, ки чопи ин рӯзномаро дар Тоҷикистон қатъ кунанд, зеро бо теъдоди кам намешавад ин рӯзномаро дар Тоҷикистон фоидаовар кард. Бино бар ин, ҳадафи онҳо бастани ҳамин рӯзнома ба ҳамин шева буд ва фикр мекунам, онҳо ба мақсадашон расиданд. Ва оё барои тавҳину таҳқир месазад, ки расонаҳоро баст? Фикр мекунам, ин кори ношуданӣ, нозеб ва ғайриқонунист. Расонаҳоро бояд танҳо суд, муассиси он расона ва ё намедонам кадом ҳайати эҷодии он нашрия бубандад, дигар ҳеч кас чунин ҳақро надорад. Чун расонабандӣ оқибатҳое дорад, ки мо онро хуб тасаввур мекунем. Акнун Тоҷикистон ба расонаҳое, ки дар бораи Тоҷикистон маълумоти носаҳеҳ, дуруғ ва ё таблиғотие медиҳанд, ки воқеият надорад, чи гуна бошад? Фикр мекунам, шояд яке аз расоноҳое, ки аз ҳад зиёд ба тарғиби гуруҳӣ машғул аст ва аксарияти молҳое, ки пахш мекунад ба ҳақиқат наздик нестанд, ин Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аст. Чаро мо мардум маҳкумияти ин расонаро талаб накунем?! Чаро фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон аз маҳкумияти ин расона чизе намегўянд?! Агар воқеан ҳам меъёр додани маълумоти носаҳеҳ, тавҳину таҳқир бошад, фикр мекунам ҳеч расонае дар дунё ин қадар мардуми тоҷикро таҳқир накардааст, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон мекунад, мардумро пайваста гўл мезанад. Хуб, биёед, муносибатамонро нахуст дар баробари ҳамин гуна расонаҳо муайян намоем, баъдан, меравем рўи расонаҳое, ки дар Тоҷикистон онҳоро ҳеч каси ба ору номус намехонад. Дигар ин ки аз “Равшану Ҷамшуд” номидани тоҷиконе, ки дар ҳақиқат “Равшану Ҷамшуд” нестанд, онҳо “Равшану Ҷамшуд” намешаванд. Академик Бобоҷон Ғафуров, академик Осимӣ, устод Лоиқ, ҳазорҳо муаллим, духтурон, инженерҳои тоҷик, ки рўшанфикр ва соҳибкасб ҳастанд, онҳо бо ин гуфтаи ким кадом Пономарёв “Равшану Ҷамшуд” намешаванд. Вале дар як кишваре, ки сатҳи зиндагӣ ба ҳаде поин рафтааст, ки ҳудуди 30-35 дарсади онҳо муздури як кишвари дигаранду 31 дарсади аҳолӣ, бо шумули пирону кӯдакони занон ғизои кофӣ намехӯранд, вақте ки ҳукумат барои идораи муҳоҷиронаш аз ин ҷо то Маскав ҳамагӣ барои 60-65 нафар маош медиҳад, ҳоло сухан дар бораи як миллион муҳоҷире меравад, ки дар ҳамин нимсола беш аз як миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд. Бо ин гуна миллат, бо ин гуна ҳукумат чи гуна бояд муносибат бошад? Бале, нодида мегиранд, паст мезананд ва тавҳину таҳқир мекунанд. Дар баробари “Комсомольская правда” дипломатияи тоҷик то имрӯз хомӯш аст, чаро? Чунки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон як филиали Вазорати хориҷаи Русия шудааст. Муздуру дастнигару камхонда, ки шудед, бадахлоқону бетарбияҳое ба шумо ҳамин хел муносибат мекунанд. Ба як мақола шуморо ба сатҳи худ мефуроранд. Воқеан ҳукумати феълии Тоҷикистон дар баробари таҳоҷуми иттилоотӣ ҳеч гоҳе чораҳои муассир надидаанд ва бино бар надоштани зарфиятҳои ақлонӣ дар ин 10-солаи наздик ҳам наметавонад.

Завқибек Саидаминӣ, журналист
Вокуниш ҳатман бояд бо бастани ВАО-и таҳқиркунандаи миллат дода шавад. Ҳоло рӯзноманигороне, шояд даъво мекунанд, ки бастану маҳдуд кардани ҳама гуна ВАО роҳи њал нест, вале ман ҳам бо вуҷуди он ки зиддӣ монеъ шудан ба ҳар гуна озодии сухан ҳастам бастани чунин ВАО-ро беҳтарин роҳи хал медонам. Бастани як хабаргузори пропагандистии русӣ ба ҳукумату љомеаи он кишвар зиёд сахт мерасад. Дар замоне, ки ВАО-и русӣ баъди аз ҳад зиёд дуруғбофиҳояш нисбати ҳодисаҳои Украина дорад сафи хонандагону бинандагонашро дар ҷаҳон аз даст медихад, пас бастани боз як рўзномааш ҳеч гоҳ ба фоидааш нест ва шояд баъдан дигар намояндагони ВАО-и Русия пеш аз чоп кардани матлабе як маротиба биандешанд, ки оқибаташ чӣ хоҳад шуд. Хомўшӣ ба ҳеч ваҷҳ роҳи ҳалли мушкилиҳо нест. Ҳадди ақал барои онҳое, ки даъвои соҳибистиқлолиро доранд, ҳатману ҳатман бояд аз обурў ва фарҳангу номуси ин миллат дифоъ кунанд. Ин рӯзнома на якбору ду бор миллати тоҷикро таҳкиру туҳмат кардааст. Гумон мекунам тасмими бастани чунин ВАО-и таҳқиркунандаи миллати Точик бояд хеле зуд гирифта мешуд, на баъди 10-15 сол.

Раҷаби Мирзо, коршинос
Як матлаби Сергей Пономарев дар "Комсомольская правда" бардоштҳои зиёдеро ба по хезонд. Нафароне ҳам аз услуби навишти ӯ истифода кардаву бо пайхати худаш таҳќиромез посухаш доданд. Онҳое ҳам кам набуданд, ки оромонаву бидуни эҳсосу таҳқир, аммо бисёр ҳадафнок посух гуфтанд. Нашри ин рӯзнома дар Тоҷикистон мисле, ки бо ибтикори шариконаш қатъ шуд. Ҳарчанд ин нашрия мисли чопҳои дигари он дар мамолики дигар ватанӣ набуд, аммо ман ҳамеша мухолифи бастани ҳама гуна расонаам. Бигзор ин рӯзнома дар бораи Тоҷикистон чизе наменавишт, ё агар менавишт, бисёр номуносиб буд. Табиати матбуоти озод ҳамин аст, на ҳама ва на бо ҳама навиштаҳош метавонанд мувофиқ бошанд. Ин ҳам, ки оё нашрияҳои русӣ то куҷо озоду мустақиланд, баҳси дигарест, мисли матбуоти фаъоли мо. Оё ин матлаби Пономарев низ танҳо дидгоҳи худи ӯст, ё фармоиши касе, ба мо рабте надорад. Табиати матбуоти номустақил ҳамин аст...
Вале матбуоте, ки худро озод муаррифӣ кардани шудаву аз ин арзиш суистифода мекунад, ба журналистикаи касбӣ иртибот надорад, лоббӣ аст... Дар навбати худ, озодӣ, агар аз байн рафт, онро метавон ҷои дигаре пайдо кард. Вижагии дунёи нав ҳамин аст, аммо вақте ҳарф аз ВАТАН ва ОБРЎИ ОН меравад, баҳси дигаре рў мезанад, чун Ватанро дар ягон кишвари дигар ёфтан имкон надорад. Ҳамин баҳси Пономареву нашрияи русҳо як андарз ва тамоили хубро рушан кард: дидгоҳи ҳамагӣ ё аксари чи мухолифону чи ҷонибдорони ҳукумат мутафовит набуд, яксон менамуд. Ҷомеаи фаъол исбот намуд, ки Тоҷикистону ҳукуматро дар як паллаи тарозу набояд гузошт, агар дар миён ҳарфи номусу ватандорист. Зимнан, дигар ҳукумат ҳам ба мухолифонаш ин таънро карда наметавонад, ки онҳо Тоҷикистонро дӯст намедоранд.

Маҳди Собир, коршиноси масоили амниятӣ
Моҳҳои охир матбуоти Русия оиди кишвари азизи мо Тоҷикистон як амалиёти густурдаеро созмон додааст. Ин ба он вобаста аст, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва нияту нақшаҳои стратегии мо чиҳати рушду тараққии мамлакатамон, инчунин сиёсати бисёрсамтаи мо ба доираҳои муайяни Русия хуш намеоянд. Ва онҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои софу поки моро ноором ва миллати моро таҳқир намоянд. Албатта бо чунин таҳқирҳо набояд созиш кард. Вақте гап сари милату давлати мо меравад бояд ҳама чораҳоро андешем. Бояд ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ нотаи расмӣ диҳад ва ҳамаи аҳли фарҳанги мо, бахусус рӯзноманигорону олимон садо баланд кунанд. Ба чунин навиштаҳо посух омода намоянд. Бастани чунин нашрияҳое мисли “Комсомольская правда” кори хайр аст. Набояд ВКХ ба чунин рӯзноманигорон Акредитатсия диҳанд ва вазорати фарҳанг иҷозаи чопи чунин нашрияро диҳад. Хас каму ҷаҳон пок гуфтаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос
Матлаби нашршуда, агар таҳқиромез бошад, бояд кўшиш кард аввал бо забоне, ки чунин мавод чоп шудааст, бо ҳамон забон посух ва ё вокуниш навишт, на бо забони дигар. Маълум аст, ки муаллифи мақолаи таҳқиркунанда забони давлатии моро намедонад. Дуюм ин ки муаллифро бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои навиштани раддия водор бояд намуд. Сеюм, ҳоҷати дахолати Вазорати корҳои хориҷӣ ё дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ин қазия нест, чунки моҳияти матлаби нашргардида мавқеъи расмии давлати Русияро ифода намекунад. Ҳамзамон бояд таъкид намоям, ки матлаби нашршуда новобаста аз ҳаҷми он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҳангоми зарурат ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар мақола навишташуда тадбирҳои зарурӣ андешидан мувофиқи мақсад аст. Боздоштани чопи ҳафтаномаи мазкур то замоне ки дар Тоҷикистон хонанда ва харидор дорад, нодуруст аст ва чунин амал дастрасии шаҳрвандонро ба иттилооти алтернативӣ маҳдуд мекунад.

Алӣ Ализод, коршиноси масоили сиёсӣ
Дар кишварҳои мутамаддин дар чунин ҳолатҳо талаб мекунанд, то узрхоҳӣ сурат гирад. Албатта дар аксари ҳолатҳо танҳо узрхоҳӣ кофӣ нест. Агар узрхоҳии ошкоро сурат нагирад, идораи нашрияро ба додгоҳ мекашанд. Дар ҳолати ғолиб омадан дар додгоҳ, додрас ҷазоро бо шарти ҳатмии такрор нашудани ҳамон қонуншиканӣ содир мекунад. Ва дар сурати такрор шудан (дар таҷрибаи "КП" ин нахустин матлаби таҳқиркунандаи мардуми мо нест) и чунин кирдор, мешавад хеле мардонавор суолро дар мавриди комилан қатъ кардани рӯзнома дар кишвари мо, гузошт.
Мӯҳр
мехмон
Ин чо Пономарёв чи гунох дорад ? Вай аз демократия ва озодии матбуот истифода бурдааст. Факат тахкир карданаш бо Чамшуду Равшан нодуруст.
Дигараш дар дасти худи точикону точикистониён. Мо дар Руссия мехмони нохонда хастем ва тарошаи аз болои бом афтода!!
Биёед барои доллар шуда худамонро паст назанем. Гандуму чавхари корида хурда гардему дастнигар нашавем.
Агар не , токат кунем!!!??

Зарафшон
Офарин ба устод Сайид Муҳиддини Дустмуҳаммадиён, ҳақиқат ва ҷони гапро баён карданд, мо бояд босавод бошем вагарна бо ин аҳволи гурӯҳбозӣ ба ҷое намерасем," все решает кадри"

Мухочир
мехмон,
Токат кунем??? Ха ха ха ха то кай? То дами марг? Ачаб хуи гуломонае дори, афсус кисми зиёди точикон чун худат пикр доранд, барои хамин мо лагадхурдаем.Дар Россия як мо танхо нестем, ончо 11 млн. мухочир пас чаро именно мо "футбол" бошем? Чаро кудаки 5 мохаи моро мекушанду мо хомуш? чаро Хуршедаи 9 солара мекушанду мо хомуш, чаро сари чавонакои точик бурида мешаваду хукумат хомуш? Барои он ки мо нодону дастнигар, бегуруру гуломи халкабаргушем.МО бар сари бародари хеш , шерем, назди бегонагон харгуши лапаргушем.КОнуну коидаи Россия гуфти худи русхост позволяет, гурури миллиро пеш бояд гузошт!!!

мехмон
Мухочир,
Руссия ин ватани онхост , хоханд рох медиханд нахоханд , не! Дар Ватани худ кор карда гардем.
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон бехтар.
Хори Ватан аз лолаву райхон бехтар.

Мухаммадсодик
Сухани хам Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён ва хам Завқибек Саидаминӣ дурустанд! Сухани Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён дар мавриди Шабакая якуми телевизион ва сухани Завқибек Саидаминӣ дар мавриди бастани ВАО-и тахкиркунандаи миллат! Офарин ба харду!мехмон,
мехмон,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)