Бахшҳо

Ҷузъиёти қатл ва резакунии Шаҳнозаю Фотима дар Душанбе

Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти қатли ду зани ҷавон, ки ҷасадҳои резашудаашонро аз дарёи Душанбе дарёфт карданд, ифшо намуд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дарёфти ду ҷасади ба қисмҳо ҷудошудаи занон дар дарёи Душанбе боиси паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо миёни аҳолӣ гардид.

Манбаъ гуфт, 21 июли соли 2016 аз соҳили дарёи Душанбе, дар шафати кӯчаи Мушфиқӣ устухони кос ва 24 июли соли 2016 аз соҳили ҳамин дарё дар шафати кӯчаи Ҳосилот қисмҳои дигари бадани зани шахсияташ номаълум дарёфт карда шуд: “Дар рафти чорабиниҳои фаврию тафтишотии муштараки мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки зани кушташуда сокини шаҳри Душанбе Шаҳноза Р. соли таваллудаш 1988 мебошад. Куштори ӯ аз тарафи шавҳараш Бахтиёр А., соли таваллудаш 1978 дар заминаи рашк содир шуда, номбурда бо мақсади пинҳон кардани изҳои ҷиноят ҷасади ҳамсарашро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарё партофтааст”.

Додситонии кулл мегӯяд, Бахтиёр гуноҳашро пурра иқрор карда, дар манзили зисташ низ паи хун дар девор ва либосҳои ҷабрдида муайян карда шуданд: “Ҳолати ҷой доштани муноқишаҳои доимиро байни зану шавҳар модар ва дугонаи ҷабрдида тасдиқ намуданд”.

Манбаъ афзуд, ки инчунин 29-уми июл аз соҳили дарёи Душанбе, дар маҳаллаи Соҳилӣ дар дохили халта ҷасади дигари порашудаи зани шахсияташ номаълум дарёфт карда шуд: “Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти тафтишотӣ-фаврӣ муайян гардид, ки ин зани мақтул сокини ноҳияи Рӯдакӣ Фотима Б. соли таваллудаш 1993 буда, номбурда вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе дар хобгоҳи умумӣ дар ҳуҷраи хоҳараш зиндагӣ мекардааст”.

Тафтишот муайян кардааст, ки Фотима бо се ҷавон-Дарвеш А, Нуриддин А, ва Исматулло М, шинос шуда, таклифи онҳоро барои ҳамхобагӣ қабул ва ҳамроҳашон ба манзили истиқоматии онҳо омадааст: “Дар хона байни онҳо муноқиша сар зада, дар рафти он шахсони номбурда Фотимаро тавассути буғӣ кардан ба ҳалокат расонидаанд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарёи Душанбе партофтаанд”.

Бар асоси иттилои додситонӣ Дарвеш, Нуриддин ва Исматулло гуноҳашонро пурра иқрор кардаанд: “Феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳар дуи ин кушторро кори дасти гуруҳи се ҷавони боздоштшуда арзёбӣ карда буд.
Мӯҳр
Ҳамаи ин ҷиноятҳо сабаби аз дини Аллоҳ дур будан аст. Ҳар касе ки аз Худованд натарсад даст ба ҳар хел ҷиноят мезанад. Оқибати масҷидманъкуни ва бастани мадориси исломӣ ва тӯҳмат болои мусулмонон ана ҳамин аст. Бо баҳонаи терористу ифротгарои ҳукуматдорони мо эълони ҷанг бо Худо карданд.

Ишматбой,
Ишматбой бас кун бо ин гапхои хархелат факат дар мадраса ба чои таьлими мусалмано гиран навбврот дигар чиз меомузан нагз карданки хамачиза руст кардан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)