Бахшҳо

Қиссаи сафири ғайрирасмии Амрико аз Душанбе: Занони мусалмон мазлуманд? (АКС)

Кетӣ Карсон, донишҷӯи Донишгоҳи Аризона, ки як моҳ бо гуруҳи “Сафирони ғайрирасмии Амрико” дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст, аз сафари худ дар рӯзномаи “The Arizona Republic” матлаб навиштааст. Дар оғози ин матлаб, ки бо унвони “Занони мусулмон мазлуманд? На онҳое, ки ман медонам” нашр шудааст, омадааст: “Тӯли ин муддат занони бисёре дидам, ки дар ҳамин фарҳанг таввалуд шудаву ба воя расидаанд, аммо намехоҳанд бо барчасбҳои яктарафаи расонаҳои ғарбӣ канор биёянд”.

Кетӣ, муаллифи ин матлаб бо ишора ба зиндагии Сарвиноз, як духтари тоҷир, ки дар бозори Корвон бо ӯ шинос шудааст, менависад: “Ҳар зани тоҷике, ки ман дидам дорои қудрати беназир мебошад ва ҳар кадоми онҳо чизе барои қисса кардан доранд. Яке аз онҳо Сарвиноз ҳаст”.

Ин донишҷӯи амрикоӣ навиштааст, “Сарвиноз тӯли як сол ба омӯзиши забони англисӣ машғул будааст ва талош кард бо мо англисӣ суҳбат кунад. Ӯ розӣ шуд ба мо ҳангоми харид кардани матоъ кумак кунад”.

Ба навиштаи муаллиф, пас аз вохурӣ дар бозори Корвон Сарвиноз дар маркази бемории аутизм ба таҷрибаомӯзони амрикоӣ дар тарҷумонӣ кумак кардааст: “Замоне, ки мо бо Сарвиноз шинос шудем, моҳи Рамазон буд. Бо вуҷуди рӯзадор буданаш хеле фаъол буд. Тамоми рӯз бо ману дӯстонам сайру гашт мекард, ҳатто замоне, ки мо ғизо мехӯрдем. Ман аз хӯрдани ғизо пеши ӯ шарм медоштам, аммо тааҳҳуди ӯ ба фаризаҳои динӣ маро ҳайратзада мекард, ҳатто дар канори одамоне, ки аз фарҳанги дигар мебошанд”-омадааст дар нашрияи “The Arizona Republic”.

Кетӣ аз қавли Сарвинози 17-сола навиштааст, ки ӯ дар соли охири мактаби миёна аст ва мехоҳад бо созмонҳои хориҷӣ ба ҳайси тарҷумон кор кунад. “Сафар ба Ню Йорк яке аз орзуҳои Сарвиноз мебошад. Вақте ки аз ӯ дар бораи зиндагии хусусиаш суол кардем, гуфт мунтазири як марди пешрафта ва донандаи чанд забон аст. Шахсе бошад, ки барои амалкардҳояш фармонравоӣ накунад”.

Дар бахши дигаре аз ин матлаб гуфта шудааст: “Посухҳои қудратманди Сарвиноз маро таҳрик медод. Дар фарҳанге, ки расонаҳо, сиёсатмадорон ва акамедияи ғарбӣ золим унвон мекунанд, бисёре аз амрикоиҳо интизор надоранд, ки як зани тоҷик худро озод эҳсос мекунад. Сарвиноз ин чашмдоштро намепазирад. Баръакс, ӯ намоди нерӯ, истиқлол ва меҳрубонӣ мебошад, ки ман дар хеле аз занони тоҷик дидам”.

Кетӣ дар поёни матлаби худ навиштааст, “ман наметавонам чолишҳои занҳои кишварҳои дар ҳоли тағйири фарҳангро нодида бигирам. Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари пасошӯравӣ талош дорад ҳуввияти мусулмонии худро дубора пайдо кунад. Занон аз ду тараф дучори фишор ҳастанд: Ниёз барои муосир шудан ва ҳамзамон эҳтиром гузоштан ба суннат. Аз суҳбат бо наврасон ман ба ин дарк расидам, ки ин фишор метавонад маҳдудсоз бошад”.


Қиссаи сафири ғайрирасмии Амрико аз Душанбе: Занони мусалмон мазлуманд? (АКС)

Қиссаи сафири ғайрирасмии Амрико аз Душанбе: Занони мусалмон мазлуманд? (АКС)

Қиссаи сафири ғайрирасмии Амрико аз Душанбе: Занони мусалмон мазлуманд? (АКС)

Қиссаи сафири ғайрирасмии Амрико аз Душанбе: Занони мусалмон мазлуманд? (АКС)

Қиссаи сафири ғайрирасмии Амрико аз Душанбе: Занони мусалмон мазлуманд? (АКС)
Мӯҳр
Сорбони Ошик.Нева
Бигузор хамаи духтарону занхои Точикистон хушбахт бошанд.Сар бе токиву шапкаву кулоху саллаву дастор намемонад.Лекин барои бахти худ мубориза баред.Хеч гох суханхову насихатхои хунуку беасосу бепояи дигарон,аз кабили," ту худат кии, дар кисматат хамин хел будааст, ба такдират тан дех" ро кабул насозед.Хар як инсон баумед ба ин дуне омадааст.Хеч кас бахти некро дар халта андохта ба багали шумо намеандозад.Худ харакат ба он созеду ба аллох умед бандед.Хазорхо духтарони дехот аз чавони то имруз танхову бечораанд.Бисере аз онхо агар саводу дониши замонави медоштанд,шояд,ба ин дарачахо рухшикаставу хонанишини доими намешуданду ризку рузии худро меефтанд.Ба доди онхо ягон кас намерасад.

Икбол
Хамин маънои калимаи барчасб-ро нафахмидам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)