Бахшҳо

Вақте хушдоман сабаби фавти набераи таваллуднашудааш мегардад...

Ҷамшед МАЪРУФ

“Зӯроварӣ”, “хушунат” – ин мафҳумҳоро дар аксар ҳолат ҳамчун яке аз омилҳои ҷудовашии оилаҳои ҷавон медонанд. Бино ба андешаи соҳибназарон, дар аксар ҳолат бекорӣ сабаби зӯроварии мардҳо алайҳи занон мешавад…


АЗ ЛАТТУ КӮБ ТО ФАВТИ ФАРЗАНД

Сарвинози 21-сола (номи шартӣ), хатмкунандаи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, як сол муқаддам аз фарзанди дар батнаш буда маҳрум ва аз шавҳари дӯстдоштааш ҷудо шудааст. Сабаби марги тифлро аз сӯйи хушдоманаш латту кӯб шудан медонад: “Хушдоманам маро бисёр мезаду сарзаниш менамуд. Ба сарам мезад, ҳатто ба гурдаҳоям бо мушт мезаду асабонӣ менамуд, ки боис гашт, фарзанди дар батнамбуда фавтад. Вақте ба хушдоман гуфтам, фарзандам думоҳа аст, ба духтур муроҷиат кунем, розӣ нашуд. Набудани маблағро баҳона кард, аммо дар дасташ маблағ дошт”.

Сарвиноз мегӯяд, дар вақти ҳомиладориаш наметавонист, хӯрок пазад, вале бо вуҷуди ин, хушдоман ӯро маҷбур мекард, хӯрок пазад. “Дар аксар ҳолат ба даҳонам рӯймол баста, хӯрок мепухтам. Рӯзе, ба падарарӯсам гӯштбирён пухта истода будам, ки дилам беҳузур шуд ва аз ошхона берун шудаму қай кардам. Вақте ба ошхона баргаштам, дидаам, гӯшт сӯхтааст. Ин ҳолатро хушдоманам дида, маро зад. Баъди латту кӯб, се рӯз дарди шикам шудам ва пас аз он фарзандам нобуд шуд”,- бо ашки шашқатор ҷавоб дод Сарвиноз.

Ӯ мегӯяд, давоми ин се рӯз боре ҳам вайро хушдоман ба духтур набурд ва ҳатто телефони дастиашро кашида, гирифтааст, то натавонад ба модараш занг бизанад: “Пас аз охирин латту кӯб, ки тамоми аъзои баданам сиёҳу кабуд буд, либосҳоямро гирифта, ба хонаамон баргаштам”.

ШАРТ: Ё ЗАН Ё МОДАР!?

Аз рӯйи нақли Сарвиноз бар меояд, ки ӯ бо дониши худ ба донишгоҳ дохил шудааст. Вақте курси аввалро хатм мекард, падару модараш ӯро ба шавҳар додаанд. Пеш аз тӯйи хонадоршавӣ ҷониби домод розигӣ додааст, Сарвиноз таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад. Вале ҳамаи ин ваъдаҳо баъди тӯй аз хотир баромаданд. Хушдоман умуман тарафдори он набуд, ки Сарвиноз таҳсилашро дар донишгоҳ давом диҳад ва ҳатто аз хона барояду дар тан либоси зебо дошта бошад.

Бино ба қавли Сарвиноз, сабаби ҷудошавии онҳо сухани охирини хушдоман ба шавҳараш будааст: “Ё мана гӯй, ё занатро. Агар занатро мегуфта бошӣ, ман туро оқ мекунам ва ба шири сафеди додаам розӣ намешавам”. Ӯ мегӯяд, баъди ин сухан шавҳараш наздаш омада гуфтааст: “Сарвиноз, модарам намегузорад, ки мо хушбахтона зиндагӣ кунем. Вай туро бад мебинад. Ту бо ман то охири умр хушбахт намешавӣ. Фарзанддор мешавем, аммо фарзанд низ хор мешавад. Беҳтар аст, аз ҳам ҷудо шавем. Аз як тараф ту, аз дигар тараф модарам. Ман наметавонам, сухани модарамро рад кунам”.

Сарвиноз ягона ҷавонзане нест, ки мавриди хушунат қарор гирифтааст. Дилфузаи 33-сола маълумоти миёнаи махсус дошта, модари ду фарзанд мебошад. Вай дар яке аз марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд ба ҳайси ҳамшираи тиб кор мекунад. Айни замон фарзандонашро танҳо тарбия мекунад. Бино ба қавли ӯ, маошаш 600 сомонӣ аст, ки танҳо барои рӯзғору иҷорапулӣ мерасад. Барои беҳбуди зиндагии Дилфуза бештар бародаронаш кӯмак мерасонанд. “Шавҳарам ҳамеша маст мешуду маро латту кӯб мекард. Бо як фарзанд маро дар шаҳри мусофирӣ танҳо, бенону бепул ҳафтаҳои зиёд дарро аз болоямон маҳкам карда, мерафт. Базӯр илоҷе карда, аз дасти шавҳари золим гурехтаму бо ёрдами бародаронам ба хонаи падару модарам баргаштам”,- мегӯяд, ӯ.

Дилфуза бори дуюм шавҳар мекунад, вале ин бор ҳам тақдир ба рӯяш намехандад. Аз бекорӣ шавҳараш ҳар рӯз ягон баҳона ёфта, бо ӯ ҷанг мекард. Ҳоло наздик як сол мешавад, шавҳари Дилфуза ба Русия рафтаасту аз ӯ хабаре нест.

ҶУДОШАВӢ ДАР СУҒД ТАМОЮЛИ ЗИЁДШАВӢ ДОРАД! САБАБ?!

Бино ба маълумоти оморӣ, тайи 6 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 11 ҳазору 168 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 439 адад зиёд мебошад. Шумори бекоршавии ақди никоҳ бошад, дар вилоят 1819 ададро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 229 ҳолат бештар аст. Соҳибназарон мегӯянд, бештари ҳолатҳои ҷудошавӣ бо сабаби хушунат ва зӯроварӣ дар оила, хусусан нисбат ба зан, ба вуқӯъ мепайвандад. Мунаввара Дадобоева – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати вилояти Суғд, дар сӯҳбат ба “Озодагон” иллати аслии хушунат ва зӯроварӣ алайҳи занонро дар оила ба бекории мардҳо марбут донист. Бино ба андешаи ӯ, бекорӣ сабаб мешавад, ки мардҳо нисбат ба занон зӯроварӣ кунанд. Ин гуна ҳолатҳо боис мегарданд, ки оилаҳо аз ҳам бипошанд ва кӯдакон аз тарбияти падару модар дур монанд. “Тибқи омӯзиши мо, яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ин хушунати хонаводагӣ ба ҳисоб меравад. Азбаски имрӯзҳо теъдоди зиёди мардҳо бекоранд, онҳо руҳан хастаанд. Аз ин рӯ, нисбат ба занҳо зӯроварӣ нишон медиҳанд”,- мегӯяд, Дадобоева.

ҲАР ЗӮРОВАРӢ МАҚСАДИ ХУДАШРО ДОРАД

Коршинос Маҳбуба Султонова мегӯяд, ҳар зӯроварӣ мақсади худашро дорад. Вақте мард ба зан даст мебардорад, бо ин амали худ мехоҳад, боло буданашро нишон диҳад. “Айни замон дар ҷомеа мафҳуми “зӯроварӣ”-ро бисёр истифода мебаранд, аммо на ҳамеша ин калимаро ба маънои аслиаш мефаҳманд. Зӯроварӣ ин ба шахси алоҳида, ба гуруҳи одамон ё ин ки ба ягон ташкилот бо ягон мақсад зарар расонидан аст. Бе ягон сабаб ё мақсад зӯроварӣ вуҷуд дошта наметавонад. Мисол, шавҳар занашро латту кӯб кардааст. Мард бесабаб, танҳо ба хотири одами бад буданаш, занро назадааст. Ӯ бо ин амал мехоҳад, бузургии хешро нишон диҳад. Яъне, мехоҳад, занаш кореро анҷом бидиҳад ё ягон корро бикунад, ки ин ҳолат мақсади худро дорад”,- меафзояд, Султонова.

Инчунин, ба андешаи ӯ, вақтҳои ахир дар ҷомеа на зӯроварии физиологӣ, балки зӯроварии руҳӣ (психикӣ) бештар ба назар мерасад. Хонуми Султонова мегӯяд, зӯроварии руҳиро на танҳо аз тарафи мард, балки бештар аз сӯйи оила, ҳатто дар ҷомеа ва ҷойи кор низ дидан мумкин аст ва ин ҳолат нисбат ба бонувон зиёдтар рух медиҳанд. Манъ кардан, таҳдид намудан, талоши шаҳвонӣ, ин ҳамаро элементҳои зӯроварии равонӣ (психологӣ)-ю шаҳвонӣ гуфтан мумкин аст. Тибқи иттилои Маркази занони “Гулрухсор”, тайи 10 моҳи соли равон 2 ҳазору 236 нафар ба ин марказ муроҷиат карда, онҳо барои 62 зану кӯдак, ки дучори зӯроварӣ шудаанд, сарпаноҳи муваққатӣ додаанд.

СЕМИНАРҲО НАТИҶАҲОИ МАНФӢ ДОД!

Илова бар ин, коршинос Маҳбуба Султонова гуфт, он семинар-тренингҳое, ки дар солҳои ахир аз сӯйи созмонҳои ҷамъиятиву байналҳалқӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши занҳо гузаронида шуданд, натиҷаҳои манфӣ дод: “Росташро гӯям, солҳои ахир масъалаҳои гендер ба мӯд даромада буд. Бо занҳо хеле зиёд кор кардем, барои онҳо семинару тренингҳои омӯзишӣ ва аксияҳои зиёд ҳам гузаронидем. Вале ин корҳо асосан барои занҳо буд. Мардҳо бошанд, бо ҳоли худашон монданд. Мо маърифати занҳоро, маълумоташонро то андозае бардоштем ва онҳо дар оила аз ҳуқуқи худ талаб карданро шурӯъ намуданд. Аммо дараҷаи пасти маърифат, фикрҳои шахшуда (стереотип)-и мардҳо сабаби вазнин шудани вазъияти занон дар оила шуд”.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати вилояти Суғд Мунаввара Дадобоева мегӯяд, каме бошад ҳам, барои бартараф намудани хушунат ва зӯроварӣ дар оила, ки бештар омилҳои иқтисодию камбуди ҷойи кориро дар бар мегирад, меҳнати хонагии занон – омӯхтани ҳунарҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофиро эҳё намудаанд. Ҳамчунин, имрӯз дар назди кумита хизмати ройгони равоншиносу ҳуқуқшинос амал мекунад, ки барои ашхоси дучори хушунат ва зӯроварӣ мусоидат хоҳад кард. “Феълан аз тарафи роҳбари вилоят меҳнати хонагии занон низ эҳё гардид, ки занҳо дар як вақт дар хона нишаста, бо омӯхтани ҳунарҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ машғул шаванд. Вазъи иқтисодиашонро беҳтар созанд ва фарзандони худро дар хона нишаста, тарбия кунанд. Ҳамчунин, барои дастгирии занону духтарон миёни занҳои ҳунарманд озмуни “Ҳунарҳои дастӣ”-ро ташкил намудем, ки аз буҷаи вилоят 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Илова бар ин, дар ҳамаи ҷамоати деҳоти 18 шаҳру навоҳии вилоят марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил карда шуд ва феълан 40 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ бо омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ фаъолият доранд”,- афзуд, Мунаввара Дадобоева.

УМЕД…

Ҳоло қаҳрамонони мо – Сарвиноз ва Дилфуза, нақшаи ояндаи зиндагиашонро мекашанд. Имрӯз Сарвиноз бо навиштани кори дипломӣ машғул асту қасд дорад, донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, соҳиби ҷойи корӣ шавад. Дилфуза бошад, пас аз фасли сармо дар оғози мавсими баҳор қарор кардааст, фарзандонашро назди падару модар монда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ биравад, то ақаллан хонаи як ҳуҷрагӣ бихарад...
Мӯҳр
Dev
Илова бар ин, коршинос Маҳбуба Султонова гуфт, он семинар-тренингҳое, ки дар солҳои ахир аз сӯйи созмонҳои ҷамъиятиву байналҳалқӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши занҳо гузаронида шуданд, натиҷаҳои манфӣ дод: “Росташро гӯям, солҳои ахир масъалаҳои гендер ба мӯд даромада буд. Бо занҳо хеле зиёд кор кардем, барои онҳо семинару тренингҳои омӯзишӣ ва аксияҳои зиёд ҳам гузаронидем. Вале ин корҳо асосан барои занҳо буд. Мардҳо бошанд, бо ҳоли худашон монданд. Мо маърифати занҳоро, маълумоташонро то андозае бардоштем ва онҳо дар оила аз ҳуқуқи худ талаб карданро шурӯъ намуданд. Аммо дараҷаи пасти маърифат, фикрҳои шахшуда (стереотип)-и мардҳо сабаби вазнин шудани вазъияти занон дар оила шуд”.
Ira apashka kajf po tadzhikskij megan. Holo biseriho shoyad injo menavisand,ki sabab naraftani javonho ba masjid ast, vale valloh,ki in tavr nest,mo az reshaamon uhazhivat kardani zanro namedonem.Mo mardiro dar farzand tavallud kunondan mebinemu bas...Ba seminarhoi shumo tamomi mardumi tojikro...burdan darkor

Сафар
Оилахои мо 9 мохаха хомиладоранду хам дар танур нон мепазанд ва хам хурокк лекин ягон мушкилие намешаваду чаро барои ин хохари думоха дар шикамаш будаги инкадар кори мушкил бошад, ва дар ин айну замон инхел келинхоро ефтан хело мушкил хаст чунки хуштоманхоро базехояшон гушам намекунанд аку барои ичозат додани лату куб........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)