Бахшҳо
11 авг 2014 18:42Ҳуқуқи инсон

Занон мегӯянд, сабри онҳо беохир нест

Орзуи КАРИМ

Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, хушунати хонаводагӣ баъзе занҳои ин минтақаро маҷбур кардааст, ки ба ҳамсарҳои худ дастбагиребон шаванд.


Ҳарчанд созмонҳои иҷтимоӣ дар мавриди зери хушунати равонӣ, ҷисмонӣ ва лафзӣ қарор гирифтани занон аз сӯи шавҳаронашон барномаҳои зиёдеро пиёда кардаанд, аммо натавонистаанд зӯровариҳоро ба пуррагӣ аз байн бубаранд. Созмонҳои ҳомиии ҳуқуқи занон мегӯянд, ки латукӯбҳои пайвастаи занон аз ҷониби ҳамсарони онҳо, махсусан дар ҳолатҳои мастии шавҳарҳо онҳоро маҷбур кардааст, ки аз худ дифоъ кунанд ва ба мушту лагад посухи ҳамсон бидиҳанд. Санавбар, зане аз ноҳияи Бохтар, ки панҷ сол боз мавриди хушунати равонӣ ва ҷисмонии шавҳараш қарор дошт, дар ниҳоят ба шавҳараш бо зуроварӣ муқобилият кард ва ин амр боиси он шуд, ки дигар лату кӯб нашавад. Санавбар рӯзи 7 октябр ба Озодӣ гуфт, ки, охирон маротибаи зӯроварии шавҳараш, бо дандонҳояш пои ӯро газид ва ин буд, ки шавҳараш таслим шуд: “Вақте маҷбур шудӣ, коре мекунӣ, ки мард эҳсосат кунад, зан ҳам қасос гирифта метонад ва манро низ зӯр омад, ки шавҳарамро бигазам, чун медонистам, ки зада наметавонам ва ба ҳамин роҳ худамро ҳимоя кардам ва дандонҳоям яроқи ман шуд, чун шавҳарам даъво мекард ба наздам наздик намешуд.”

Ҳамчунин ба гуфтаи Санавбар, вай ба шавҳараш дар бораи сарнавишти зане қисса кард, ки пайваста мавриди хушунати ҷисмонии шавҳараш қарор дошт ва дар ниҳоят шабонгоҳ замони хоб буданаш ӯро ба қатл расонидааст. Ин қисса ба шавҳари Санавбар таъсир кард ва дигар ба зари ҳамсараш даст набардошт. Ҳарчанд оморе дар мавриди муқобилияти занон ба хушунати шавҳаронашон дар даст нест, аммо иддае аз занон мегӯянд, ки дигар тоқати зӯроварии шавҳарро надоранд ва маҷбуранд даст ба гиребон шуда мубориза баранд. Ҳадисамоҳ, зани дигаре, ки шавҳараш ҳамеша дар вақти мастияш лату кӯбаш кардааст, мегӯяд, ”шавҳарам, ки кор намекард ва муносибати хуб надошт, ман ва кӯдакҳоро лат мекард, ки як рӯзе маст буд, манам зада зада оталахӯраш кардам, ки дигар тарсид ва шармаш омад. Маҷбур шудам, ки ин корро кунам, чун дигар тоқат надоштам.”

Дар ҳамин ҳол ба чаҳор созмони иҷтимоӣ, ки аз ҳуқуқи занону духтарон дар минтақаи Қӯрғонтеппа ҳимоят мекунад, мегӯянд, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун ҳудуди сад мард аз хушунати ҳамсарҳояшон шикоят кардаанд. Ин мардҳо, ки занонашон “тоқаташон тоқ” шуда ба онҳо низ зӯроварӣ кардаанд, ба хотири ангушнамо нашудан ба созмонҳои иҷтимоӣ кам муроҷиат мекунанд, чун ҳоло барои онҳо одат нашудааст, ки дар ҷомеаи суннатӣ занон онҳоро низ дар посухи хушунаташон “ҷавоб” –и муносиб, яъне лату куб кунанд. Аммо ба гуфтаи масъулони созмонҳои иҷтимоии “Дилафрӯз” дар Хатлон, бархе аз мардҳо дар бораи хушунати равонӣ ва ҳато ҷисмонӣ тавассути ҳамсаронашон ба ин созмон шикоят бурдаанд.

Марде, ки худро Алиакбар, аз шаҳри Сарбанд муаррифӣ кард мегӯяд, ки ҳамсараш бо баҳонаи маоши ками шавҳар ӯро мавриди хушунат қарор додааст: "Маоши ман ба хонаводаам намерасад, ба ҳамин хотир зиёд ғавғо мекунад, ки гоҳо дасташро мебардорад ва зӯроварӣ мекунад, бо роҳи хуб ва маслиҳат намешавад. Барои ин пеши машваратчиён омадам, ки ба ман кӯмак кунанд, ки чӣ кор кунам.”

Салимҷон Эргашев, корманди созмони иҷтимоии “Дилафрӯз”, ки бо мардҳо дар мавриди хушунат суҳбат мекунад, як омили мавриди хушунати занон қарор гирифтани онҳоро, “ноновари хона набудани мардон” донист. Ба таъкиди ҷаноби Эргашев танҳо дар як соли ахир ба ин созмон 114 мард дар мавриди хушунат ва гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат кардааст. Бо ин ҳам додситонии вилояти Хатлон танҳо дар як мавриди хушунат алайҳи мард аз сӯи хонумаш парвандаи ҷингӣ боз кардааст. Ин зан сокини ноҳияи Панҷ буда ва нисбати шавҳараш зӯроварӣ ва хушунатро раво дида ва шавҳараш низ ба ин тоб наоварда худкушӣ кардааст.


Бознашр аз Радиои "Озодӣ"
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)