Бахшҳо

Маҳкумияти 18 ҷавон аз Роғун барои қасди зӯрӣ алайҳи сохти конститутсионӣ (ВИДЕО)

Додгоҳи Душанбе 18 сокини аз 20 то 35-солаи деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғунро барои аз 3,5 то 10 сол равонаи зиндон кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” наздикони маҳкумшудаҳо хабар дода, афзуданд, ки аксари маҳкумшудаҳо бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ- даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ равонаи зиндон гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла Шуҳрат Фатҳиддинов, барои 10 сол, духтури деҳа Файзиддин Саидов ва Алишер Шамсиддинов барои 3,5-солӣ ҳабс гардиданд: “Боқимондаҳо Акаев Афзалшоҳ, бародарон- Ғуломовҳо Муҳибулло, Маҳфизуллоҳ ва Қурбон, бародарон-Кенҷаевҳо Баҳрулло, Амруллоҳ ва Исмоил, Муродов Ибодуллоҳ, Одинаев Зуҳриддин, Раҷабов Раҷабмурод, Сатторов Баҳриддин, Кенҷаев Сайбурҳон, Шафиев Абдуматин, Ҳасанов Муборакшоҳ ва Холов Назрихуҷа аз 5 то 5,5 сол равонаи зиндон гардиданд”.

Боздошти сокинони рустои Қалъаи нав аввалҳои моҳи март сурат гирифт. Мақомот онҳоро дар пайравӣ ба ҷараёнҳои ифротӣ муттаҳам медонанд. Миёни дастгиршудаҳо пизишк ва имом-хатиби масҷиди деҳа низ ҳастанд.

Як гуруҳ аз занҳои рустои Қалъаи нави шаҳри Роғун аз Озода Раҳмон,раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дархости расидагӣ ба қазияи боздошти пайвандонашонро доштанд. Қаблан Назригул Соибова, яке аз ин занҳо гуфт, писари 18-солааш дар қатори боздоштшудаҳо аст. Ӯ гуфт, онҳо сокини Душанбеанд ва писараш замоне боздошт шуд, ки ба хонаи бибиаш ба Қалъаи нав рафт: “Ӯ нав намозхониро ёд гирифта буд”.

Як сокини дигари Қалъаи нав изҳор дошт, ду писар ва як набераашро, ки ноноварони хона буданд, боздошт кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло бо нафақае, ки мегирад, намедонад чӣ кор кунад: “Ман як кампири нафақахурам, ки 110 сомонӣ нафақа мегирам. Ин барои зиндагӣ намерасад. Акнун аз куҷо пул меёбам, ки зиндагии хонаводаамро пеш мебарам?”


Мӯҳр
Модарони азиз шумо сабр кунед иншоаллоҳ Худованд ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Ҳамаи мардуми ҷумҳӯрӣ медонанд, ки фарзандони шумо бегуноҳанд ва бо тӯҳмат вориди зиндон шудаанд. Модарони азиз шумо шабҳо ба Худованд муроҷиат кунед иншоаллоҳ оҳи шаб ва нолаи саҳар хонаи золимонро месӯзонад.

Мастчоҳи
дигар ягон хабар набуд

ман бовари комил дорам ки ин чавонон бегунох хабс шуданд. вой бар холи кассоне ки бар души касе тухмат зада аз зиндагии ширин махрум мекунанд

Инно лиллох ва инно илайхи рочиъун.

Аз будааш ношукри карда даст ба хиёнат ба давлат ки зади хамин хел чазо мегири!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)