Бахшҳо

Дархости ҷазои милиса барои латукӯби ҷавон: Чорумборда мепарронамаш (ВИДЕО)

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа имрўз, 9-уми август, бо пешниҳоди ариза ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хостааст, ба қазияи латукӯби як ҷавон аз ҷониби корманди милиса расидагӣ кунад.

Ин эътилоф бо пахши як изҳорот аз беҷазоӣ дар мавриди содир шудани ҷиноят изҳори нигаронӣ карда, афзудаст, лаҳзаи қонуншиканӣ дар навори видеоие сабт шудааст: “Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хўр”. Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хизматии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ў талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд. Дар баробари ин, ў ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ў ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кўдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”. Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст”.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа афзудааст, ки ба ғайр аз ин, корманди милиса ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон аз калимаҳои қабеҳ истифода намуда, шаъну шарафи онҳоро паст мезанад, ки ба Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» мутобиқат намекунад.

Ба иддаои манбаъ, корманди дуюми милиса барои чунин рафтори ҳамкораш ўро ягон сарзаниш намекунад, ки бо ин рафтораш амалҳои аввалиро дастгирӣ менамояд.

Эътилофи макзкур аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хоҳиш кардааст, ки нисбати иттилооти дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пахшшуда санҷиш гузаронида ва ба амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Мӯҳр
ном
Албатара дуруст кайд кардан пеш аз хама муносибат мухим аст дар асл як сафар доштем тарафи минтакаи Рашт дар гузаргохе мукобиламон мошини кормандони милитсия пайдо шуд хилофи конун харакат мекард аз якдигар гузаштем баъди 5-6дакика гашта боз омадану гуфтан мо нозирони минтака хучат талаб карданд нишон додем тамоман фарккунанда буданд одоб муомила надоштанд мисли авбош пас рохбари минтака ба кучо назар мекунад чомеаро худшон ноором месозанд аз конун савол кардем чизе намедонанд ин вокеа аз масчиди рашт тарафи агар хато накунам номи кишлок ялдамич буд ба фикрам максад аз гуфтахо хамин камтарам бошад муомиларо бо халк бояд наздик кард Бубахшед агар малоли хотиратон бошад озодагон илтимос чоп кунед

Dev
Hay hudo bigirad i milisara.Nahod bo kudakoi davlati hudat hamin guna raftor kuni. Kudako az tu mehruboniyu muhofizatro intizor na dashnomu badraftoriro.Onho az tu chi ibrat girand.hayfi nomi odami doshtanat.

Пассажир
Dev,
Рости гап, айнан чунин ходисаи гуфтагиат бо мо дар н. Дангара шуд. Озодагон ташаккур

Эй бародарон!!! Ин муомилаи тамоми кормандони хукуки мебошад. Хох милиция хох корупсия хох прокуратура ва хох кгб... Чунин хасту буду ва хохад монд. Ай чои чо мерай ва чо шуди..... Озодагон медонам чоп намекуни ва мехохам, ки кушиш кунед, ки махалбози дар хама сохахо нест шавад. Чаро суду, прокурору, милицияву, кгб факат аз як минтакаанд?

ООО наход ба кудак, ки фарзанди ту аблах мешад. чунин тахдид куни, вая психикашда мераси нобакор, нисбати хамингуна кормандони макомот, масъулини дахлдор ягон чорачуи кунанд хуб мешад. Албатта, ваё чомеаи имурза бо ин гуна рафтори гайриинсонгароии худ ноором месозанд охир, худ истеду казоват кунед, ба ки даст мебардорет, ба фарзанди точик, пеш аз хама ба шахрванди Точикистон наход чунин бошад. эй вой бар холи хусусан чунин кормандони хукук....

Хуб ки чоп намекунед андешахоро? нависед, ки интихоб карда чоп мекунем, мо ссаргардон нашавем. Дуюм бор аст хамин хел мешавад, ки менависем, чоп намекунед. Садкаи фикри ман шавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)