Бахшҳо
11 авг 2016 16:16Тоҷикистон / Тема дня

Амалиёти “ФСБ”: Боздошти фаъолони “Роҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ”

Хадамоти амнияти федеролии Русия- “ФСБ” дар пайи як амалиёти густурда дар се вилояти Урал созмони тарғибгари “ДИИШ”-ро ошкор кардааст, ки ба ҷалби ҷангҷӯён, аз ҷумла тоҷикон ба ин созмони террористӣ машғул будааст.

Тибқи иттилоияи “ФСБ” дар пайи амалиёт дар ҳудуди вилоятҳои Свердлов, Тюмен ва Челябинск фаъолони созмони интернетии “Раҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” боздошт гардиданд. Ба иттилои манбаъ ин ҷамъияти интернетӣ барои тарғиби идеология ва мағзшӯӣ ба хотири пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” ташкил шуда, ҳамчун ба ҷамъоварии маблағ барои сафарбар намудани ҷангҷӯён ба “ДИИШ” машғул будааст”.

Дар маҷмуъ ба иттилои “ФСБ” ҷамъияти “Раҳнамо” дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ИДМ, Африқо ва Шарқи Наздик ҳудуди 100 ҳазор аъзо дошта, аз сӯи даҳҳо мудир-террористҳо тариқи барномаҳои махсус идора мешавад: “Ин одамон ҳам дар Русия ва ҳам дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ асосан Сурия, Ироқ ва Миср зиндагӣ мекунанд. Мудирон барои фитнаандозӣ аз барномаҳое истифода мекунанд, ки маълумоти интиқолёфтаро махфӣ нигоҳ медоранд”.

Хадамоти амнияти федералии Русия мегӯяд, дар ҳудуди вилоятҳои Свердлов, Тюмен ва Челябинск дар маҳалли зиндагии аъзои ҷамъияти “Раҳнамо” 27 амалиёти кофтукоб гузаронда шудааст: “Зимни кофтукоб компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, наворҳои видеоии тарғиботӣ, адабиёти экстримистӣ, кортҳои бонкӣ, 3 туфанг, 4 норинҷак ва 500 грам маводи таркандаи пластит ва 1 килограм тротил мусодира шудааст”.

Нисбати саркардаи ин ҷамъият ва 3 тан аз иштирокчиён барои фаъолияти террористӣ ва иштирок дар он парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)