Бахшҳо

Хатсайрҳои “гарений” ва булаҷабҳои нақлиёти Душанбе

Мушоҳидагари “Озодагон” ин ҳафта ба мушоҳидаи нақлиёти ҷамъиятии Душанбе - пойтахти Сулҳи Юнеско пардохт ва шоҳиди булаҷабҳое шуд.

Аввал ин ки Душанбе баъди “рафик”-ҳои замони Шӯравӣ дигар соҳиби нақлиёти шаҳрӣ (ҷамъиятӣ) нашуд. “Ғизол”-и русиву “Тангем”-и чиноиву “Старекс”-и курёӣ ҳеч хусусияти нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро надоранд. Ҳоло ки аз “Ғизол”-у “Тангем” тақрибан халос шудем, аз азобу уқубат ва бекайфиятии старексҳо хоҳем гуфт.

Аввалин ҳайрат ин аст ки то ҳол як инсони соҳибақл намедонад, ки чаро шаҳрдор ва шаҳрдории Душанбе ба чунин як нақлиёти комилан бестандарт барои мусофиркашонӣ дар шаҳр иҷозаи фаъолият дод? То ҷое медонем, ин навъи нақлиётро Курёи Ҷанубӣ дар соли 2002 дар Ҷоми ҷаҳонии футбол барои ҳамлу нақли тамошобинон сохта буд. Аммо кадом боақле, дақиқтараш, кадом лоббидоре дар ҳукумат онҳоро оварду вориди Душанбе кард. Ҳоло ҳам бидуни мушкил ин старексҳо дар хатсайрҳои шаҳри мо мусофир мекашонанд. Солунҳои старексҳо тирезаҳои ҳавокаш надоранд ва дар тобистон гармии тоқатфарсое дар солуни онҳост. Гузашта аз ин, ҳарчанд ҳукумати шаҳри Душанбе, раёсати БДА ВКД ва БДА Душанбе, Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт хуб медонанд, ки солуни онҳо барои шаш нафар пешбинӣ шудааст, вале 8 мусофир савор кардани ин старексҳоро намебинанд ё мебинанду чашм мепӯшанд. Албатта маълум аст, ки чашмонро аз ғояти хоб намепӯшанд...

Баъзе ронандаҳои “ихтироъкор”-и мо солуни шашкасаро бо пасу пеш бурдани курсиҳои нишаст ба солуни 12-нафара табдил медиҳанд. Ба ин ҳам нозирони БДА-и мо чашм мепӯшанд. Ҳол он ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи мушаххас аст, ки дар забони роиҷи ронандагону БДА ба он “перегруз” мегӯянд. Дар шаҳрдории Душанбе ҳам инро хуб медонанд, вале ба назар мерасад онҳо бо ин нақлиёти шаҳр “одат” кардаанд. Барои исбот як ҳодисаеро, ки муаллифи сатрҳо шоҳиди он буд, нақл мекунам. Як рӯз ба мусофиркаши 2 (старекс) савор шудам. Ин старекс бо фарқ аз дигар “ҳамтоён”-и худ ба қавле “кондитсионер”-аш кор мекард ва ҳамчунин шишаҳояш сиёҳ буд. Ҳоло намедонам дар Душанбе иҷоза аст, ки нақлиёти мусофиркаш шишаҳояшонро сиёҳ кунанд, вале дар дигар кишварҳо иҷоза нест. Тақрибан поёнтар аз бинои Хадамоти гумрук як зане ҳам савори старекс шуд. Ин старекс солунашро 12-нафара карда буд. То маҳаллаи Гулистон дар раддакурсии он зан се нафар нишаста буд. Чун дар Гулистон як мусофири дигар ворид шуд он зан ба қавле ба мусофири воридшуда ҷой надод. Он мусофир бо хитоб ба ронанда суол кард, ки дар куҷо биншинам? Ронанда ба он зан гуфт:
- Хола хута камтар бҷнбон.
Он “хола”-и ронада ҳам гуфт, ки ин ҷо ҷойи се кас ҳаст ва худро барои чӣ биҷунбонам?!
Дар пайи ҷавоби он зан ронанда ҳам оташин шуду гуфт, “шмора садқаи кондитсионер куна”.
Он зан, ки зоҳиран яке аз масъулони нақлиёти шаҳри Душанбе будааст, ба қавле кафиду ба ронанда бо овози хеле баланду ҷиддӣ хитоб кард:
“Кани қарори ...? Барои чӣ 2 сомон мегириву сдач наметӣ? Инҷа ҷойи 3 нафарай, чиба 4 нафар мегирӣ?”

Ронанда чанд бор талош кард, ки худашро “прав” барорад, ки “хола”-аш нагузошт. Он зан телефони мубойлашро бароварду зоҳиран ба раиси ширкате занг зад, ки масъули танзими мусофиркашҳои 2 буд. Ному насабашро гирифту гуфт, ки “Муҳтарам ..., Шумо кай ҳамин машруткаҳои 2-ро ба танзим медароред. “Озодагон” шумора навишт, шармандагиҳотона баровард ва боз агар ҳамин муносибат бошад, менависад (дар ҳамин асно гуфтам шаҳодатномаро ба он зан пешниҳод кунам, ки “Озодагон” ҳамин ҷост, боз худдорӣ кардам). Дар ҷаласаи ҳукумати шаҳр ваъда кардед, ки масъаларо ҳал мекунем. Аз кор баромадам, иҷа ронандаҳои Шумо настроениёи одама вайрон мекунанду ба ҷойи 3 кас 4 кас мегиранд ва аз мардум 2 сомонӣ талаб кардестан”.

Он раис ҳам ба он зан гуфт, ки гӯшакро ба ронанда бидеҳ, вале гуфт, ки намедиҳам ва аз старекс пойин шуду шумораи қайди давлатии онро ба раис гуфт. Ҳоло намедонам, ки сарнавишти он ронанда ва мошинаш чӣ шуд, вале ҳанӯз ҳам дар ин хатсайр ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ, ба ҷойи се нафар дар як раддакурсӣ чор нафар мегиранд. Яъне ин булаҷабҳои дидаи мову шумо таъсире ба “одат”-ҳои Душанбе надоранд!!!

“Ҷолибият”-и дигари ин старексҳои Душанбе дар он аст, ки барои он ки як нафар аз курсиҳои пушт поин шавад, бояд то 7-8 мусофири дигар низ бифароянду ба ӯ ҷой диҳанд. Вале ҳукумати шаҳри Душанбе ба ин чашм мепӯшад. Хулоса, мардум аз старексҳои Душанбе “зардоб”-и зиёд доранд, вале ҳоло бо ҳамин иктифоъ мекунем...

Дар масъалаи роҳкиро. Аз он ки нархи роҳкироро дар Душанбе ҳукумати шаҳр мушаххас мекунад, мантиқан масъули назорати он ҳам ҳамин ҳукумат ва идораҳои тобеъи онанд. Вале ба ҷуз хатсайри 19 дар ҳеч кадом аз хатсайрҳои Душанбе касе нархи муайяннамудаи Ҳукумати шаҳри Душанберо риоят наменамояд. Ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ ва ба ҷойи 80 дирам 1 сомонӣ талаб мекунанд. Ба ин ҳам ҳукумат ва дигар идороти масъул дидаву дониста чашм мепӯшанд.

Дигар аз булаҷабҳои мусофиркашҳои Душанбе ин аст, ки то як нимаи роҳ як нарх доранду то охири хатсайр нархи дигар. Вақте роҳкироро дароз мекунед, мепурсад, ки “куҷо мерӣ?”. Инсон ҳайрон мешавад, ки ин ронанда чӣ кор дорад, ки ман куҷо меравам, вале манзури ронанда аз суол чизи дигар аст. Ба ин таҳқири мусофирҳо ҳам бояд ҳукумати шаҳр хотима диҳад. Ин ҷо ҳам лозим медонам аз як ҳодисаи дохили старекс нақл кунам. Дар хатсайри 25 як мусофир аз курсиҳои пушт 5 сомониеро дароз кард. Ронанда пурсид, ки “куҷо мерай?” Мусофир, ки аз шеваи суҳбаташ маълум буд аз шимоли кишвар меҳмон асту аз ин “одати нодир”-и ронандаҳои Душанбе огоҳ нест, посух дод:
- Туя корат чӣ ман куҷо меравам? 2 сомоната гиру дамата гир.
Ва зери лаб ҳам хеле гапҳои дили сокинони Душанберо ба қавле “ғур-ғур” кард.

Воқеан, кӣ ба ин ронандаҳо ҳақ додааст аз мардум бипурсанд, ки “куҷо мерай?” Оё ин дахолат ба зиндагии хусусии як шаҳрванд нест?

Мушкили дигари нақлиёти мавриди назари Душанбе ин аст, ки бархе аз онҳо то охири хатсайр намераванд ва чун то қисматҳои охири хатсайр як ё ду ва ҳатто 3-4 мусофир боқӣ монд, ба мусофирбари ҳамтойи худ “табодули мусофир” мекунанд: “Ака фроен дар вай бшинен”. Ин аҳмақӣ дар ҳеч куҷои дигар нест. Баъзе аз мусофиркашҳои дигар, хусусан 15, 19, 2, 52, 10, 54, 16, 33 дар шаб то охирин истгоҳи худ намераванд. Мусофирбари 15, ки ҳоло як тарафи истгоҳи охиринаш маҳали “Док” аст, дар бештари маврид то пули роҳи оҳани нади фурудгоҳ меравад. Мусофирони 19, 2 ва 54 пеш аз савор шудан суол медиҳанд, ки “городок мерӣ?” 10 ва 54 бегоҳ, ки шуд бисёр кам то истгоҳи охири худ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мераванд. 52 ҳам шабҳо бештар барои худ “Қараболо”-ро охирин истгоҳ интихоб кардааст. Хулоса ин мушкилро аз мо дида соҳибони “Автобазаҳо” ва нозирони БДА хубтар медонанд, вале...

Шояд Душанбе танҳо шаҳри дунё аст, ки хатсайрҳояш дар рӯз дарозу дар шаб кӯтоҳ мешаванд.

Нақлиёти дигари дардисарсози Душанбе нақлиёти байнишаҳрист. Дар “Саховат” шоҳиди додзаниву ба ҳаракати нақлиёт халал ворид кардани мошинҳое мешавед, ки ба вилояти Хатлон мусофир мебаранд. Ронандаву "ёрдамчиҳои" онҳо бо овози бисёр баланд дод мезананд, ки “як нафар Уйалӣ, 2 нафар Панҷ, се нафар Қумсангир ҳай мекунм, Шаартуз, Қубодиён”. Дар маҳаллаи 46 мусофиркашҳои ноҳияи Рӯдакӣ ин дарди сарро дуруст мекунанд. Дар маҳаллаи 33 мусофиркашҳои шаҳри Ҳисор. Дар мавриди нақлиёти шаҳри Ваҳдат ва Файзобод ҳоҷати гап нест. Дар ин маврид чанд бор қарори раиси шаҳри Душанбе ҳам содир шуд, ки нақлиёти байнишаҳрӣ бояд то канораҳои шаҳр биоянд, вале мисле, ки ҷаноби Убайдуллоевро дигар зӯраш намерасад.

Дар мавриди баъзе нақлиёти “худсар”, мисли тангемҳои дар масири “Саховат-Гипрозем”, “Корвон-Гипрозем”, “Гардиши 104” ва “таксиҳои 3-сомона” ҳоҷати ҳарф задан нест. Аксари ин ронандаҳо хонандаи мактабанд. Вале чашми масъулин дар ин росто ҳам пӯшида. Мушкилоти нақлиёти мусофирбари Дуашнбе хеле зиёдтар аз он аст, ки гуфтем. Ба назар мерасад, бебандуборӣ дар ин соҳа аз корҳоест, ки Душанбе ба он “одат” кард. Дар мавриди риоя нашудани қоидаҳои ронандагӣ дар Душанбе хубтар аст, ки мо нагӯем. Дар шаҳри мо қоидаву аломати роҳ танҳо “барои зеб”-анд...

Мани мушоҳидагар ҳаққи таҳлилро надорам, вале...
Дар мавриди “доля” ва ҳаққи воридшавӣ ба хатсайрҳои ба қавли пулчинакҳои “гарений” ба мисли 33, 28, 8, 5, 2, 52 ва ғайра овозаҳо зиёд аст. Ин аз сатҳи баланди коррупсия дар ин соҳаи шаҳри Душанбе дарак медиҳад. Ба назари мо ҳам бебандубории зиёд дар нақлиёти мусофирбари Душанберо сабаб, ҳамин “коррупсияи лаъин” аст. Вагарна чиро намешудааст, ки ин соҳаро танзим кард? Ҳоло ки раиси шаҳр муовини соҳавиашро муҳлат додааст, мешавад ба беҳтар шудани вазъ умед баст? Не! Модели дигар, муносибати дигар, кадри дигар ва тафаккури нав зарур. Ё не?

Мушоҳидагари “Озодагон”
Мӯҳр
Таҳлили хубу воқеӣ. Мисли Шумо масъулони шаҳр ҳам гоҳ- гоҳе савори ин мусофирбарон мешуданд, хизматрасонӣ ранги дигар мегирфт.

.
Хама чиз дар Душанбе ба самотек монда шудааст. Хукумати шахр ба чи машгул аст, хеч намефахмем. Душанбе кишлок шуд аз ин бетанзимиву бетартиби.

Роҳрав маҳаллаи 33
Илтимос як бор ҳамин хатсайри маршруткаҳои №13 ро танзим намоед Хеле нигаронкунанда ҳастанд

Barodar tahlili khub karded vale 1 chizi digaro boyad kayd kard ki dar Tojikiston ghayr az nuktahoi furush mahsulot va maishi hamin ronandagi mondaast mardum ruzashona ba hami vosita meguzaronand khususan dar Dushanbe 10 nafar 7 kas ronandagi karda ruz meguzaronand agar onro ba tanzim darorand boz chand hazor bekor memonad.
зайниддин,

Хами журналист касе хаст биея як ба як кати ман сухбат кунад. Аввал ин ки шумо худотон беаклен бад ин ки автобусхои бисер одама овардан лек бигу ки гайр аз чор мусафеду донишчухои камбагал ки мешинад.. Шумо худотон хози хаво баланд шудагиен дари маршрути спринтеро мекушоен мебине чои нишаст нест намерен. Шумо акалан дар истгох истодана ед гирен бад ба ронандахо айб элон кунед.Биеен як бор милати руса бинен чи хел савор мешава чи хел мераван бад хаета мефахмен. Ма аз дастаи шумо борин бе маданиято хаму ронандагира партофтам. Дар светофор дар таги камера истодаи миеян савор мешаван бо гуен ронанда гунахкор. Дар сари гардиши караболо дар таги офтоб меисте мемрен то истгоха равен меисте ки кай як ронанда аз БДА бачо шуда шумора савор кунад.

Рав агар тахлил кардани боши муассиаи автобус 1 вокеъ дар кучаи якачинор чанд адад автобус хоб аст вайрону валангор хамаи хамун як сол хизмат накардан аз холи рафтану омадан кор ношоям шудан кани савол кунед аз мутасадие. Як тоаш ба зур рох мегардад хаваям дар хатсайри 28 аз махалаи чим теппа то корвона як шаш маротиба ронанда мефароя об мерезад е дараш пушида намешад..

Озодагон шархи мана ягон чоша иваз накада чоп кун

Дар хакикат тахлили хуб. Дарди дили хамаи моро гуфтааст. Баъди чанде соли хониш огоз мегардад. Ана баъд мушкили сар мешавад. Чи кор кунем дустон? Душанбе пойтахт аст. Айб аст бовар кунед.

Алишер
Сохаи мусофиркашии шахри дар тамоми шахрхои калони дунё сохаи дотатсиони ба шумор меравад, яъне аз ин соха даромад гирифта намешавад.Барои ба танзим даровардани ин соха шахрро зарур аст наклиёти махсус харидори намояд, вале хазинаи шахр барои харидори кардани ин микдор воситаи наклиёти мусофирбар маблаги кофи надорад. Пахлуи дигари масъала ин аст, ки наклиёти хусуси ба таъмири давлати эхтиёч надорад, яъне сохибони воситахои наклиёт худ таъмиру харочоти сузишвориро ба душ доранд, ва ба замми ин ба хазинаи шахр андоз хам месупоранд. Барои шахрдорон ба "танзим" даровардани ин соха бефоида аст!

ҳамааш дурусту, лекин ба таксиҳои 3 сомона чаққа нашавед
барои бисёрон нақлиёти муносиб аст
водителҳои мактаббачагон ҳам дуруғ

Икбол
Хами булачаб чи маъни дора? Дар точики хам салун нест. Хами мушохидагар худш ягон бор аз точикон калимаи салун-ро шунидаги боша? Агар макола менависе, о халки одди хонда бфахма охир, даххо сол салон бд, аку салун шид. Чи макул нашид дар калимаи салон?

Muhojir
Bohush,
In mardaki mushohidagar naguftas,ki hamara bandandu bekor kunand! Tanzim kardan, yane ba ifoka darovardan, ba tartib darovardan ! Agar ronandaho bomadaniyatu bomasuliyat boshand , botartibu bo koida harakat kunandu musofir girand in ba hama hushu hub ast. Holo Dushanbe vazi sangin dorad, mardumash ham navomadavu nodidaand, to onho madaniyat meomuzandu shahrnishin meshavand,ki asri 21 kami mekunad.

Хами журналист касе хаст ганда худша боакл гирифтас лекин ганда беаклай. Нахо салун чи маъно дорад ин калима.. нахо озодагон бе тахлил чоп кунед. Хонума Шарофзода Гавхар ачаб кори хубро руи даст гирифтаст Ки хамихел бе саводора чарима бандад.

Нушин
хакикатро гуфтед! бале, ба чои 3 нафар чор нафарро мешинонанд, вале фикр хам намекунанд, ки барои мо низ барохат нест. аз мачбури мешинем, хар руз чанчон кардан низ дигир мекунад. мурочиат хам кардем, фоида надорад. аз гарми мекушанд, чой танг, умуман 4 нафар намегунчад. сад афсус ки касе коре карда наметавонад. дар ин гарми, сипас сарди пури одам карда мебаранд. дар гарми нафасгир, дар сарди либосхо ифлос мешавад. бояд чорае андешид, ки касе хафа нашавад.

Дар масъалаи роҳкиро. Аз он ки нархи роҳкироро дар Душанбе ҳукумати шаҳр мушаххас мекунад, мантиқан масъули назорати он ҳам ҳамин ҳукумат ва идораҳои тобеъи онанд. Вале ба ҷуз хатсайри 19 дар ҳеч кадом аз хатсайрҳои Душанбе касе нархи муайяннамудаи Ҳукумати шаҳри Душанберо риоят наменамояд. Ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ ва ба ҷойи 80 дирам 1 сомонӣ талаб мекунанд.
Дар масъалаи хатсайри 19, ки хатсайри агар қабеҳҳам шавад бесоҳиб, ки чи хеле ки хоханд хамон хел ҳаққи роҳро мегиранд. Агар норизоги куни мо экспрес , мана дар даруни нақлиёт лавҳаи экспрес насб карда шудааст мегуянд гарчанде, ки дар қисмати пеши нақлиёти мусофирбар фақат рақами 19 мондаги. Агар онҳо хатсайри экспрес насб кунанд мусофир камтар мешинад гуфта онҳо мардумро бо ин тарз фиреб медиҳанд мусофирро баъди нишастан дар нақлиёт огаҳ мекунанд, ки нархи роҳкиро фарқ надорад то куҷое, и мерави 2 сомони барои он, ки мо экспрес гуфта мусофиронро фиреб медиҳанд, ман ҳарруз аз ин хатсайр истифода мебарам, ки қари 2 сол мешавад ҳамин аҳвол дар ин хатсайр.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)