Бахшҳо

Ҳамсари М.Ҳайит: Шавҳарам гуфт шиканҷа нашудаам

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, субҳи имрӯз, 20 август бо шавҳараш дидор дошт.

Хонум Ҷӯраева дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, суҳбати онҳо ним соат идома кард ва Маҳмадалӣ Ҳайит аз вазъи саломатиаш шикоят накардааст: “Гуфт, ки шиканҷа нашудааст ва муносибати маъмурини зиндон бо ӯ хуб аст. Хурокро сари вақт меоранд”.

Савринисо Ҷӯраева гуфт, шавҳараш интизори баррасии шикояти кассатсиониаш аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аст.

Ахиран, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои марбут ба Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабарҳое паҳн шуд, ки Маҳмадалӣ Ҳайит дар маҳкамаи тафтишотӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия мавриди шиканҷа қарор гирифта, дасту пояшро шикастаанд. Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия 19 август дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, овозаҳо атрофи вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳайит асос надоранд. Ба гуфтаи ӯ, шароити маҳбасхонаҳо хуб буда, зиндониён ба ғизо ва либос дастрасӣ доранд: “Ягон мушкиле нест, ҳамин овозаи росту дурӯғро мегиранд, паҳн мекунанд. Ҳамааш тенҷ аст, ман ҳайрон мешавам ба ҳамин хел гапҳо”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи июни соли 2016 Маҳмадалӣ Ҳайитро ба ҳукми абад маҳкум кард.
Мӯҳр
ВКД
Онҷо вазият чунон бад аст ки Худованд фақат худаш медонад чи гап аст. Масулон чунон мекунанд ки хешутабор аз тарси инки боз ҳоли зиндониҳо бадтар нашавад ҳеч чиз намегуянд. Ҳамон чизеро мегуянд ки амният ба онҳо мегуяд.

БА ХУДО ОЗОДАГОН КАНД ЗАНЕД! Шумо худ ин хамаро бовар доред. Вакте ки овозахо пахн мешаванд албата дуруст аст. Холо шумо менависед, ки зани у гуфт, хато метавон видео бо ин матн пахн кард. Илтимос як позицияро гиред. Фардо милат аз чонбозихои шумо кадр хохад кард. Ман медонам, ки хар шом ки ояд, зи паи он сахаре хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)