Бахшҳо
22 авг 2016 08:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бӯйи қурутобу пиёз ва “дискотека” дар биноҳои маскунии Душанбе қонунист?

Мушоҳидагари “Озодагон” ин ҳафта дар пайи як мактуби шоири маъруф Ато Мирхоҷа (бо ҷамъе аз сокинони кӯчаи И. Сомонӣ 57), ки унвонии раиси шаҳри Душанбе навишта шудааст, ба мушоҳидаи шаҳр пардохт.


Сокинони кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар ин мактуби худ аз будани ду ошхона дар дохили бинои маскуниашон ва эҷоди дардисарҳо бар пайи онҳо ба раиси шаҳр шикоят бурдаанд. Зимнан, бояд бигӯям, ки ин мактуб дар саҳфаи расмии Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук кошта шуда буд, вале ҳоло мавҷуд нест. Ба назар мерасад, шаҳрдори Душанбе ин мактубро аз саҳфааш “удалит” карда бошад.

Дар ин нома аз вуҷуди ошхонаҳои “Афродита” ва “Қараболо” дар дохили бино ва нороҳатиҳо дар пайи он чунин навишта шуда буд: “Гап дар сари он аст, ки бинои хрушёвии мо ба сабаби ҳаҷман хурд ва тунук будани пӯшиши шифту фарш ва деворҳои байниашон аслан барои ташкили ошхона мусоид нестанд. Вале дар замони беҳокимиятӣ шахсони алоҳида дар ин бино ошхонаҳо ташкил карда, боиси нороҳат гаштани зиндагии сокинони он гардиданд. Дар гирду атроф ва даруни ошхонаҳои мазкур то соатҳои 22-23 мардуми бисёр равуову ғавғо карда, ба оромии шабонаи сокинон халал мерасонанд. Бӯйи равғани доғ, пиёзу хӯрок ба хонаҳо даромада, дили маскунонро беҳузур месозад. Ошхонаи “Қараболо” дар як хонаи дуҳуҷрагии танг ҷойгир шудааст, ки ҷойи пухту паз ва қабули мизоҷонаш тамоман ба қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ҷавоб намедиҳад. Бӯю тафи газ ва хӯрокҳои он ба гирду атроф ва хонаҳои ҳамшафат паҳн мегардад, кормандонаш аз надоштани ҷой картошкаву пиёз ва сабзиро баъзан дар зинапояҳои подъезд пӯст мекунанд ва бо ин амалашон ҳам ба равуои сокинон халал мерасонанд, ҳам ба пайдо шудани пашшаву магас мусоидат мекунанд. Аз бисёрии пашша, магас ва дигар ҳашарот кас гумон мекунад, ки на дар кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистон, балки дар назди ягон оғилхона зиндагӣ менамояд. Туалети хонаи қабати дуюми ошхонаи “Қараболо” ба мабрази истифодаи умум табдил дода шудааст. Ба ин туалет дар як рӯз то сад нафар даромада, ҳоҷаташонро мебароранд. Аз бӯйи бади лӯлаҳои он шабҳо нафасгир мешавем. Бар замми ин, даруну беруни ошхонаҳо ба ҷойи доимии ҷамъшавии майзадаҳо табдил ёфта, мастони лояқил дар подъездҳо ва зинапояҳо ҳатто бавл мекунанд. Баъзеашон дар саҳни ҳавлӣ ё даруни подъезд мехобанд, ҷанг мекунанд, ҳақорату беодобӣ менамоянд, ки ба тарбияи кӯдакони мо таъсири манфӣ мегузорад”.

Нигарони сокинон аз ин буда, ки шаби 7 август дар ошхонаи “Афродита” сӯхтор сар задааст ва агар ҳамсояҳо хабардор намешудаанд, эҳтимоли ҷон бохтани чандин нафар мавҷуд будааст. Ба гуфтаи сокинон, ин аввалин мактубашон ба унвони шаҳрдори Душанбе нест ва баъди ҳар навиштан барои замони кӯтоҳе ин ошхонаҳоро мебастаанду боз “ҳамон Аҳмади порина”.

Дар ин мактуб як нуктаи зариф вуҷуд дорад, ки моро ҳам барои мушоҳидаи вазъ кашонд: “Дар даруни бинои истиқоматӣ ташкили ошхона ғайриқонунист”.

Мо ҳам ба дунбол ин нукта қисмате аз шаҳрро чарх задем ва дидем, ки дар Душанбеи азизи мо, дар қабати биноҳои маскунӣ чунин “ошхона”-ву “тарабхона”-ҳову “тезтайёр”-ҳои ба истилоҳ ғайриқонунӣ хеле бисёранд. Агар “Афродита” ва “Қараболо” ба қавли сокинони кӯчаи Исмоили Сомонӣ 57 дар замони беҳокимиятӣ ташкил шуда бошанд, ҳоло дар “замони барқарор будани ҳокмияти конститутсионӣ” (ибораи маъмули даврони ҷанги дохилӣ) чунин ошхонаву тарабхонаҳои бисёре сохта шудаанд.

Агар Шумо аз бозори ба истилоҳ “Зарнисор”-и “раҳматӣ” ҷониби маҳаллаи 82 раҳсипор шавед, мебинед, ки дар қабати аввали баъзе биноҳои навсохт ҳам чунин ошхонаву тарабхонаҳо кам нестанд. Дар қабати аввали биноҳои навсохте, ки дар раддаи тарабхонаи “Шаҳриёр” қарор доранд, чунин ошхонаҳо кам нестанд. Дар маҳаллаи 104 тӯйхона ва ё тарабхонаи “Валӣ” дар қабати аввали чунин як биност. Дар гардиши 104, дар сари роҳ, дар як бинои навсохт ҳам як ошхонаи шаборӯзӣ, ба қавли бачаҳои Душанбе “24-соата” мавҷуд аст. Агар аз маҳаллаи 82 ба тарафи Қарияи Боло майли сафар дошта бошед, ҳатман чашматон ба тарабхонаи “Сурхоб”, ки ба қавле “нимадискотека” ҳаст, бармехӯрад ва чун каме ҳаракат кунед дар биноҳои навсохти пушти сафорати Русия чандин тарабхонаву ошхонаҳо дар қабати аввали онҳо ҷойгиранд. Дар паҳлӯи ду ошхонаи “қаҳрамон”-и кӯчаи Исмоили Сомонӣ 57 боз чандин ошхонаҳои “тезтайёр” пайдо шудаанд, ки ба гуфти муаалифони нома аз беарзиш будани шикояти онҳо назди мақомот дарак медиҳад.

Дар яке аз биноҳои 16-қабати пеши Филармонияи давлатӣ ҳам тарабхонаи “Каёнуш” дар қабати аввал аст. Ошхонаи “Ҳамадонӣ” дар яке аз биноҳои чорқабатаи гирдгардиши маҳаллаи 32 ва аз ин гирдгардиш ба тарафи боғи Мироненко дар қабати аввали биноҳои куҳнаву навсохт чандин ошхонаву тарабхона мавҷуд аст. Аз ин гирдгардиш дар масири хатсайри 13 ба ҷониби маҳаллаи 33 ва ҳамин тур дар масири хатсайри мусофиркашони 19 то шаҳракҳои Гипрозем ва Низомиён чунин ошхонаҳо кам нестанд. Аз ҷумла ошхонаи маъруфи “Марди Худо”, ошхонаи “Фараҳноз” ва тарабхонаи “Ненси” дар яке аз биноҳои сарироҳии шаҳраки Гипрозем паҳлӯи ҳам қарор доранд. Дар маҳаллаи Гулистон, дар қабати аввали биноҳои маскунии баъди Додгоҳи олӣ камобеш 5 тарабхонаву ошхона мавҷуд аст. Дар биноҳои муқобил аз сӯйи дигари роҳ чунин ошхонаҳо кам нестанд. Дар хиёбони Айнӣ сар аз “Танка” то маҳаллаи 9 км чунин ошхонаву тарабхонаҳо хеле зиёданд. Дар биноҳои маскуни атрофи бозори Шоҳмансур, чунин ошхонаҳо аз “қадимулайём” вуҷуд доранд. Баъди чарх задани қисме аз шаҳр мо иктифо кардем, зеро зарурати гаштугузори акнофу атрофи дигари шаҳр лозим набуд, зеро ин ҷо “як гул нишонаи баҳор аст”.

Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки чунин ошхонаҳо дар ҳама ҳолат боиси озори сокинони биноҳои маскунӣ мешудаанд. Сокинон аз бӯйи равғану пиёз ва садои мусиқие, ки то посе аз шаб онҳоро норҳат мекунад шикоят менамоянд. Хусусан сокинон аз ташкили “Қурутобхонаҳо” ва бӯйи димоғгири равғани зағир сахт нигарону нороҳатанд. Вуҷуди чунин теъдоди зиёди ошхонаву тарабхонаҳо дар қабати аввал ва дохили биноҳои маскунӣ моро ба ин нукта, ки ташкили онҳо дар чунин макон ғайриқонунист, водошт. Агар ташкили инчунин “...хона”-ҳо ғайриқонунӣ бошад, пас агар қонунӣ мебуд, теъдоди онҳо ба чанд мерасид?!

Сокинони кӯчаи Исмоили Сомонӣ 57 дар мактубашон навиштаанд, ки комиссияи вижаи шаҳрдорӣ ба онҳо гуфтааст, ташкили ошхонаву тарабхона дар чунин маконҳо мамнӯъ мебошад. Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки сокинони чунин биноҳо аз ин гуна “...хонаҳо” “алам”-и бисёре доранд, вале шикоятро як кори беҳуда медонанд. Намояндаҳои ҳукумати шаҳр мегуфтаанд, ки фикри “дастгирии соҳибкорон”-ро ҳам бояд кард. Дуруст, аммо агар соҳибкорро дастгирӣ кунему сокинонро не, магар мантиқи шаҳрдориву шаҳрнишинӣ дучори халал намешавад?! Хулоса, ин мавзуъ ба пайгирӣ, мушоҳида ва таҳлили бештар ниёз дорад...

Мушоҳидагари “Озодагон”
Мӯҳр
Сохиби ошхона
Агар маъкул набошад, хонахоятонро фурухта ба дигар минтакахо кучед. Е дар даруни хона противогаз пушида гардед. Шахр бе курутобхона намешавад.

Рафик
Шаҳри Душанбе умуман ба талаботи шаҳри муосир ҷавобгу нест. Онҳое, ки чунин ошхонаҳо доранду бо вуҷуди шикоятҳои батакрор касе пишакашонро "пишт" намегӯяд, маълум аст, ки "крыша"-и вазнин доранд.

Шахрнишин
Рахмат ба кормандони озодагон, ки ба дарди дили сокинони шахр хамдарди мекунанд, чунин холат дар кучаи М.Турсунзода 4/а низ чой дорад.Дар хонаи 10-ошёнаи нав хама шароит барои сохибкорон мухайё карда шудааст, вале барои сокинон хатто рохгузар барои омадани автомашинаи зидди сухтор ва ёрии таьчили гузошта нашудааст, таваккуфгохи наклиётхоямонро низ баьди фурухтани хонахо ба сохибкори фирмаи Лизинги , ки дар якум ошёна хамрохи як ошхона ба сумкоркуни машгуланд , фурухтааст.Чои гаштугузори кудакон умуман вучуд надорад.Ба унвони раиси шахри Душанбе аризаи дастачамьи навиштем , тохол ягон кас ба додамон нарасидааст.Аз кормандони озодагон эхтиромона хохиш мекунем нисбати чунин холатхо як тадкикоти журналисти гузаронанд.

шеф повар
ташкили ошхонаву тарабхона ва тандурхоро зиёд мнем. Кандша хура ягонта гап бзана. Шахри давраи Союз бден, холо мо шахри.

Беном
дар бинои мо низ чунин ошхона вучуд дошт. Чанд сол мубориза бурдем. Вакте онро махкам кардани мешуданд, аз тамоми чой занг зада шантаж мекарданд (аз коррупция, прокуратура, аз ШКД ва г,). Так, что бесполезно написать письмо....

Озод
Озодагон махаллаи 101-ро фаромуш кардааст, агар соати 12-и шаб дар 103 ё 104 мкр бошед хатто аз фосилаи дур овози мусикии гушхарошро мешунавед. Рости вой бар холи мардуми Авул, ки дар наздикии 101 мебошанд.
Мушкилоти дигар курутобхонахо ва киморхонахои нав дар шакли букмекерские конторы мебошанд, фикр мекуни баъди 5-10 сол хама бо ин курутобхури гастрит, коллит ё умуман меъдакасалу киморбоз мешаванд...

Вой дод аз дасти ин курутобхонахо , хар дафъае хамин мардуми курутоб мехурдагиро мебинам бо хафтахо пеши назарам як дахшате менамояд.
Баъзе мардуми (гайри шахри) аз сару руяшон арак рехта бо дастони шуставу ношуста ругану дуг аз кунчи оринчашон рехта хамчун вахши курутоб мехуранд.
Ин рафторашону ин тарзи таъомхурихо танхо мо мардуми точикро дар чахон хамчун як бемаданият нишон медихад.
Агар макомотхо ин вахшониятро чораашонро набинанд ,албат рузе мардум аспобхои бобогиро гирифта зидди инхо мебароянд ана баъд тамошо мекунед холо вакт имконият медихад худатон андеша кунед ,аз шумоён бемаданиятхо дамамон гирифт инсоф доред?!!!

ба саид. чаро инкадар дехотихоро бад мегуи? гайри шахри гуфта дехотихоро дар назар дори. мебахши як бор нигох кун агар дехотихо аз назари ту чунин бошанд ин кор дар шахр ва дар байни шумо шахрихо рух додааст. дуюм инки аз нигохи маданият шумо худро аз дехотихо боло медонед аммо донед ки ин шахри будани шумо ба ягон талаботи шахрии хади акал чахони сеюм посухгу нест. баъдан инро хам бидон ки аз нигохи мехмоннавози ва мардуми бо сабру тахамул ва ахли ростиву садокат ва тахамулпазириву хушахлоки дар назди дехотихо бисёр кам меоред шумо. 70% шахрихо чунин одотхои поки инсониро надоранд ва баракс дехотихо доранд. бахудо вакте холи шумо шахрихоро мебинам худоро шукр мегуям ки дар шахр ба дунё наомадам. озодагон агар тарафдори андешаи озод хасти чоп кун!

дохоти,
Бародари дехоти барои банда фарк надорад умуман ки аз кучост хама барои ман яканд ,нисбати хамон курутобхуриро дар назар дорам ман бо хамин ахвол нигох карда харакат мекунам дар хона таъом хурам...
Дар гармии 35-40 бо наздики баъзе ошхонахову кахвахонахо гузаштан номумкин шудааст,аз буи хамон курутобу дуду буи ругану ...
Шахри мо гох гох мехмонхои хоричахам меоянду мераванд ,бо хамин ахвол онхо чихел моро мешиносанд ,хоричихохам онтараф истад бо худи шумо хамин маъкул аст?
Дар хона нафаси озод гирифтан мушкил аст ,хаёл мекуни дар ягон (помойка) хоби то ин дарачахам неку агар мо чавонон инро пешгири накунему бартараф накунем каси дингар чи парво дорад..
Ин гуфтахо танхо шуморо хашмгин мекунад ,биёед як дуруз мехмон шавед дар дувум ё сеюм ошёна ,агар якум ошёна ошхона дошта бошад баъд манро дуруст мефахмед вагарна ин гуфтахо бефоидааст..
Дар охир хаминро гуфтаниям,ки бисёр хурдани хамин курутоб бо организм хамчун захр хавфнок аст ,аксарияти хамин беморихои (канду меъдаву ва г-хо) дар натичаи бисёр истемол кардани нону фатирхои ругани боз табакхои чубин реза кардану хурдану ,эй вой дод гап бисёрасту чи илоч ...
Мутмаинам Озодагон...

ба саид. ман вазъияти гуфтаи шуморо ба хуби дарк мекунаму инро махкум ки дар як бинои истикомати ошхона боз кунанду боиси норохатии атрофиён шаванд. ин амр хич вакт ба сатхи маданияти имруза ва хато дируза хам дуруст намеояд аммо шумо гайришахри гуфта дехотихоро дар назар доштеду он гапи шумо тахкире дар хаки дехотихост дар холе ки ин амр дар шахр ва онхам дар кучаи исмоили сомони на дар атрофи шахр итифок уфтодааст. бовар кунед он холатеро ки ин нома гуфтааст дар хич чои дехот дидан мумкин нест.

Muhojir
Озод,
Hamin kurutjushhonai 101 10 sol boz hamun matohoi girdi tapchanhoro(karavathoro) digar nakard ki nakard gued de. Pul ku paydo kard, vale akli ba asri 21 mehurdaro nayoft.Hamuna meshad ki kame zamonavi soht...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)