Дар Маскав шоми эҷодии коргардони тоҷик баргузор мешавад
Шоми эҷодии Фарҳод Абдуллоев, коргардони тоҷику рус дар Китобхонаи марказии ба номи Н.А.Некрасови пойтахти Русия баргузор мешавад.
Ин маҳфил 25 август бо ибтикори созмони минтақавии Маркази фарҳангии тоҷикон дар чорчуби Соли кинои русӣ роҳандозӣ шуда, ба 60-солагии Фарҳод Абдуллоев бахшида мешавад. Торнамои “Русия барои ҳама” менависад, дар ин шом филми “Презумпция согласия”-и Абдуллоев, ки ҷоизадори ҷашнвораҳои маъруф шудааст, намоиш дода мешавад: “Суханронии арбобони фарҳанг ва барномаи консертӣ ҳам дар назар аст”.
Фарҳод Абдуллоев 12 апрели соли 1956 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1979 донишгоҳро бо ихтисоси таърихшинос-муҳаққиқ ва соли 1989 ВГИК-ро бо ихтисоси “коргардони филмҳои бадеӣ ва телевизион” хатм кардааст. Аз соли 1990 ба ин сӯ раҳбари эҷодии студияи “Хаома” мебошад.
Феълан дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Муаллиф ва коргардони беш аз 17 филм мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |