Бахшҳо
01 сен 2016 10:47Тоҷикистон / Сиёсат

Дарси сулҳи Президент дар Данғара: Ҷанг аз масҷидҳо бо ташаббуси ҲНИТ сар шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми сентябр дар пайи ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара соли нави таҳсилро аз дарси сулҳ оғоз намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо донишомӯзон ва сокинони ноҳияи Данғара аз аҳамияти сулҳ суҳбат карда, ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро зикр намуд: “Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони вилояти Хатлон аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд”.

Ӯ дар идома Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нахустин қадам сӯи хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хонд: "Бо майлу ирода ва талаби мардум баргузор шудани Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин иқдоми наҷотбахш дар ин роҳ буд, ки як қатор масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ, аз ҷумла барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва қабули баъзе рамзҳои давлати соҳибистиқлолро ҳаллу фасл намуд. Баъди ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ музокирот барои истиқрори сулҳ оғоз гардида, қариб чор сол идома пайдо кард ва моҳи июни соли 1997 санади сулҳ ба имзо расид, ки он омили сарҷамъӣ, ваҳдат ва воситаи раҳоӣ аз вартаи парокандагӣ дар кишвар гардида, барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф замина фароҳам овард. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати стратегии худ аз рӯзҳои аввали сулҳу оромӣ ва устувор гардидани ваҳдати миллӣ ба соҳаи илму маориф афзалияти бештар дод ва ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, бунёду навсозӣ, сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ шурӯъ намуд".

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри вазъи мураккаби ҷаҳони муосир аз хатарҳои нав ҳушдор дод: “Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст. Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дини мубини ислом ва хусусан, мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад: “Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Вале мутаассифона, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо боиси ташвиш мебошад. Аз рӯи маълумот садҳо нафар ҷавонони гумроҳу сустирода ва аз донишҳои муосир ноогоҳ ба сафи ин ҷангҷӯён ҳамроҳ шуда, қисми онҳо дар ҷангҳо кушта ва асир гардида, қурбони сиёсати гурӯҳҳои тундрав шудаанд. Бояд гуфт, ки ин тоифа одамон бо чунин кирдори нангини худ ба шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати тоҷикон иснод меоранд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардааст, ки корҳои таблиғотиро миёни ҷавонон пурзӯр созанд ва ҷиҳати гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлуб ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд: “Мубориза ба муқобили ҳама гуна ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва гирифтани пеши роҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин нашъамандӣ яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумат дар шароити кунунӣ ба ҳисоб меравад”.

Тибқи иттилои раисиҷумҳур то ҳол беш аз 400 нафар ноболиғон ва ҷавонон даст ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ зада, 260 нафар ҳангоми фурӯши маводи мухаддир дастгир гардидаанд.
Мӯҳр
Бисёр хам суханони чолиби диккат гуфтаед мухтарам Чаноби Оли, ахсан ба Шумо,,,

Албата гунахгор кардани чонибхои даргири солхои 92-юми карни гузашта, айни замон мантик надорад, чунки соли 1997 пас аз пайхас кардани хатари нестшавии миллати точик чонибхо мардонавор якдигарро бахшиданд ва барои пойдории СУЛХУ ВАХДАТИ МИЛЛИ-и точикон замина гузоштанд.

Гап нест Президентда, коккретна гап зад, ки чи бояд кнем дар оянда. Аз хамад хаму гапаш маъкул шид, ки агар наметони кора буд карда чора холи кун одами коргар пураст))))

Шукронаи Аллох. Рахмат ба пешвоямон ки бо дастгириаш хама сола шахру нохияхои Точикистон обод шуда истодааст.

Abu
Бисер суханхои оли. Рахмат! Чаноб шаф шаф накарда шафтолу гуфт!

Эээ ба худо гап нест шери нарда)))) гапа ростша гуфт .....Ира меган президенти ЧТ мухтарам Э.Рахмон))

мехмон
Гунахкори асосии чанг хамаи мардуми Точикистон хаст ! Аз 18 сола то Пири 90 солаи шахрвандони соли 1990-93 дар ин чанг гунахкор хастанд. Бетарафи, беахамиятии Пирони онвакта моро ба 100 сол аз хамсоякишвархо кафо партофт. Имруз чустани гунакор бефойдааст. Чунки таърих баъди чанд сол худаш маълум мекунад.

таърих
Мо шохиди хамаи саргузаштхо хастем.
Лекин чаро хоки кухнаро бод медихед?
Фаъоли он рузхо дуарафа буданд,, модом ки яке сари кудрат хаст дигареро поймол кардан ношояд.

Мирзо
"Дарси сулх"-у лек мавзуи дарс аз чангу хунрези ва ба хусус назди донишчуён.ачиб!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)