Бахшҳо

Шукрона ҳангоми ҷилавгирӣ аз худкушии шавҳар рагҳояшро бурид (АКС)

Як зани ҷавон ҳангоми талош барои ҷилавгирӣ аз қасди худкушии шавҳар рагҳои хунгардашро буридааст.

Шукронаи Холмад, сокини 25-солаи шаҳри Кӯлоб ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи ӯро “вазнини миёна” арзёбӣ мекунанд. Шукрона дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбеи якуми сентябр ба вуқӯъ пайваст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсараш -- Аббос Нозимов баъди аз Русия депорт шудан дар ватан ҷойи кори дуруст пайдо накард ва аз моҳи марти соли ҷорӣ ба ин сӯ тамоман бекор буд. Ин вазъият ба ҳолати равониаш бетаъсир намонд ва зери бори вазнини рӯзгор мехост худкушӣ кунад: “Вакте хушдоманам аз хона берун шуд, шавҳарам кордро гирифта, мехост худро бикушад, ман ин ҳолатро дида, кордро қапидам, корд тез буд ва дастону гарданамро хуншор кард”.

Шукронаро бо дасту гардани хуншор ба беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб бурдаанд. Ба гуфтаи табибон корд рагҳои хунгарди ӯро бурдидааст.

Шукрона ва Аббос панҷ сол аст зиндагии муштарак доранд ва соҳиби ду фарзанд -- яке сесола ва дигарӣ яксолаанд. Шукрона мегӯяд, орзу дорад зуд аз беморхона рухсат шуда, ба хона назди кӯдакону шавҳараш баргардад: “Аз ҳамсарам ягон шикоят надорам. Ман вазъияти ӯро мефаҳмам”.

Дар ҳамин ҳол аз Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, Аббос Нозимов дар шӯъба қарор дошта, нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шукрона ҳангоми ҷилавгирӣ аз худкушии шавҳар рагҳояшро бурид (АКС)
Мӯҳр
Ин бародара кумак кунен ,ба чои кор таьмин куненша .дар болои сухта намакоб назанен .

Зиндаги марду мард мехохад
Сари болову дард мехохад!
Ин бародара кумак кардан даркор ,ба чои кор таьмин кунен, бо дар болои сухта намак напошен.

д
Наход инсон худро дар арафаи иди истиклоляит бикушад?

Хотиф
Ин ходиса ба хеч як тафтишот ниёз надорад! Ин марди бечораро фикри сер кардани шиками фарзандонаш бемор кардааст ва ин ходиса тасодуфан рух додааст бо тафтишот гуфта чанд пули дигар карздор мекунедаш!?

Вакили мудофеъ
Оё макомот дарбораи вазъи оилави ва равонии ин мард намедонистанд?-Албатта медонистанд, вале мухри хомуши ба дахон заданд.

ба чойи тафтиш бо чойи кор таъмин кунед. У мардро тарс дода чайбашро холи карда мегуянд, авф аст озодат мекунем. Авф барои коррупсионрерхо боз як манбаи даромад шудааст.

Точ
Шукрона, ки мо баландтарин флагшток дорем!

Муслим
Ахсан ба Шукрона!! У аз шавхараш дида мардтар будааст! Новобаста аз мушкилихои зиндаги ин зан натанхо фикри худкуширо накардааст, балки шавхарашро низ ба ин амали ночавонмардона боздоштааст!! Аллох шифои комил насибат гардонад хохари азиз!!

Yo alloh in chi musibat ast ba sari in milati mazlum

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)