Бахшҳо

Собиқадори “Алфа”: Вазири ҷанг шудани Ҳалимов сабаби ҷалби бештари зодагони Осиёи Марказӣ ба ДИИШ мешавад

Сергей Гончарев, роҳбари Анҷумани собиқадорони “Алфа”-и ФСБ-и Русия гуфтааст, таъини Гулмурод Ҳалимов ба мақоми вазири ҷанги ДИИШ метавонад сабаби ҷалби бештари зодагони Осиёи Марказӣ ба сафҳои ин гуруҳи террористӣ шавад.

Гончарев дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии НСН гуфтааст, “вазири ҷанги ДИИШ дар Шуравӣ ва ИМА таҳсилоти низомӣ дида, аз усулҳои муборизаи гуруҳҳои зиддитеррористии ин кишварҳо огоҳ мебошад ва метавонад ин усулҳоро дар муқобили рақибонаш истифода барад”.

Роҳбари Анҷумани собиқадорони ниҳоди зидди террористии ФСБ таъкид карда, ки барои як зодаи кишвари Осиёи Марказӣ вазири ҷанги “Давлати исломӣ” таъин шудан, “ифтихори бузург” аст ва тахмин задааст, ки сафи ДИИШ аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ бештар мешавад.

Ахиран, расонаҳои ироқӣ аз таъини Гулмурод Ҳалимов, сардори пешни “ОМОН”-и Тоҷикистон ба ҳайси вазири ҷанги ДИИШ хабар доданд. Пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv бо такя ба як манбаи худ дар сохтори амниятии Ироқ иттилоъ дод, ки полковники фирории тоҷикро ба ҷойи Абу Умари Шешонӣ (чеченистонӣ) таъин кардаанд.

Ин таъинот дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар Ҳукумати ИМА барои пешниҳоди маълумот дар бораи макони будубоши ӯ то 3 миллион доллар ҷоиза эълон кард.

Мӯҳр
у
Чавононро бо чои кор таъмин кунед касе ба Сирия намеравад.

ИН як боизии ИМА ва русия мебошад вале афсус ҷавонони мо сарфаҳми ин бозиҳои сиёси намешаванд ва нофаҳмида ба вориди ҷанг мегарданд ва дунёву охириати худро месӯзонанд. аммо мо набояд тарсе дошта бошем чун ҳамеша дар ватани тинҷу обод саргарми зиндагии хуши худ шавем ватанро дуст дорем ва шукр кунем ки имруз тоҷикистон қуввати бо тамоми душманон ҷангиданро дорад хоҳ ДИИШ бошад хоҳ толибон аз сарҳад як қадам гузашта наметавонад ва дар ҳамонҷо сарҳадбонони мо онҳоро ба ҷаҳанам гусел мекунад. имруз аз ҳоли ӯзбакистон бохабар ҳастем бинобар ин замоне омадааст то ақлу ҳуши худро ҷам намуда заминҳои парокандаи тоҷиконро аз сар ба Тоҷикистон баргардонем ва давлати бузурги Тоҷиконро дар Осиёи Миёна барпо кунем зеро тамоми олам медонад ки 70% осиёи миёна тоҷикон ҳастанд.бинобар ин мо ҳақи худро бояд талаб кунем.

шавкати девона
"Ифтихор" кунед, як кадри точик дар хорича "вазир" шудааст!!!

ИМА худ созмондиҳандаи ДИИШ (ДИ) буда, ин ҳаракати тундраву ифротгароро маблағгузорӣ мекунад.
Таълими низомӣ дар ду давра ҳам барои Гулмурод Ҳалимовро ИМА анҷом дода, ӯро аз Тоҷикистон мақомоти вижаи Вошингтон берун карданд.
Ва захмдор (!) шудани полковники собиқи тоҷик дар Сурия кори дасти омрикоиҳост.
Барои чанд муддат ғойиб шудани Ҳалимов аз дурбини расонаҳо ва нопадид гаштанаш аз "корзор" низ шеваи омрикойӣ дорад.
Эъломи ҷоиза ба андозаи 3 миллион доллар барои иттилоъ оиди ӯ, чун рӯз равшан аст, ки оянда чӣ мешавад.
Ниҳоят, қумандон (фармондеҳ) ва ё ба истилоҳ "вазири ҷанг"-и ДИИШ таъин гардидани Гулмурод Ҳалимов стратегияи ҷадиди ИМА аст.
Ҳайрон намешавем, агар: чанд рӯз (моҳ) пас Ҳалимов дар Қундуз, Нангарҳор, Баҳорак...-и Афғонистон, дар марзи муштараки мо бо Қирғизистон ва ё водии Фарғона "пайдо" шавад. Ин сенарияи маълуми қаблан тарҳрезишуда аст.
Чанд сол қабл чунин "озмоиш" -ро Уссома бини Лодан аз сар гузаронида буд...(((

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)