Бахшҳо
06 сен 2016 09:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Мақомот: Қолиндузди муътод се маротиба суд шудааст

Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо иттиҳоми дуздии қолину бардевории сокинони шаҳр як марди 38-соларо боздошт кардааст.

Ба иттилои манбаъ, И.Ғ. давоми се моҳ аз маҳаллаҳои Заринкӯл, Хати роҳ ва деҳаи Лағмон даҳҳо қолину бардевории сокинонро рабуда, онҳоро дар ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон бо гандум, биринҷ, нахуд ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ иваз мекардааст: “Маҳсулоти ҷамъовардаашро ба шаҳр оварда ба сокинон мефурӯхтааст”.

Карим Муродов,
корманди ШКД ба “Озодагон” гуфт, боздоштшуда қаблан се маротиба доғи судӣ доштааст: “Ӯ муътод мебошад ва барои дастрас намудани маводи мухаддир ба дуздӣ машғул будааст”.

Шабнам Соҳибова мегӯяд, қабл аз дуздида шудани қолинаш И.Ғ. ба манзили ӯ омада об хоста буд: “Гуфт, як коса об биёред, ташна мондаам. Вақте ман аз наздаш дуртар рафтам, қолинҳоро ҷамъ карда, дар як лаҳза нопадид шуд”.

Хоҷамоҳ Холова
, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ӯ аз як мард қолин харидорӣ кард, аммо баъдан маълум гардид, ки онҳо дуздӣ будаанд: “Як мард дохили ҳавлӣ омада, гуфт, ки тағояш бемор асту онҳо ба пул ниёз доранд ва маҷбур шудааст қолинҳои хонаашонро фурӯшад. Аз ман зиёд хоҳиш кард, ки онҳоро бихарам. Дилам сӯхт ва бар ивази як миқдор пул онҳоро харидам”. Аммо баъди як моҳ кормандони пулис ба хонаи ӯ омада, гуфтаанд, ки қолинҳои харидааш дуздӣ ҳастанд ва бояд ба соҳибонаш баргардонда шаванд.

ШКД Кӯлоб мегӯяд, бино ба ҳисобҳои муқаддамотӣ зарари ба сокинон расондаи дастгиршуда 12450 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)