Бахшҳо
06 сен 2016 14:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нигаронии оташнишонҳо аз даъватҳои бардуруғ

Шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб аз даъватҳои бардурӯғи сокинон нигарон аст.

Подполковник Аъзам Давлатов, сарнозири ин шӯъба дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, танҳо давоми шаш моҳи соли равон 12 маротиба ба онҳо хабари бардуруғи сӯхтор дар манзилҳоро расондаанд: “Ин ҳолатҳо ба ҷараёни кори ҳаррӯзаи мо таъсири манфӣ мерасонад. Тасаввур кунед, вақте ба мо хабари бардурӯғ мерасонанд ва мо онҷо сафарбар мешавем, эҳтимол дорад, ки дар ҷойи дигар воқеан сӯхтор бошад. Бо “шарофат”-и ин гуна хабарҳо сари вақт ба ҷойе, ки ба мо ниёз доранд, расида наметавонем”.

Ҷаноби Давлатов мегӯяд, нисбати 5 нафаре, ки иттилои бардурӯғ додаанд, ба мақомоти дахлдор шикоят бурданд.

Саидмудассир Раҳматов,
масъули бахши шаҳрии шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишони дар Кӯлоб мегӯяд, дар бештари ҳолатҳо ноболиғон хабари бардуруғ мерасонанд: “Онҳо гӯиё шухӣ мекунанд. Ба навбатдор занг зада хабар медиҳанд, ки хонае сӯхта истодааст. Баъд кормандон бо омодагии ҳамаҷониба ба онҷо мераванд, вале ягон ҳолати сӯхтор нест”.

Ба гуфтаи Раҳматов, дар як ҳолат маълум карданд, ки хонандаи мактаб аз телефони роҳгузаре ба навбатдор занг зада, дар бораи сӯхтор хабари бардуруғ додааст: “Аслан одамон бояд ба мо кумак расонанд, на ин ки кори моро душвор сохта, мушкилӣ эҷод кунанд”.

Шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар шаш моҳи соли равон дар минтақа 61 ҳолати сӯхтор ба қайд расида, ҳаҷми зарари он 290177 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Илтимос кормандони оташнишинон дуруғ нагӯед дар бештари ҳолатҳое,ки дар кишлоқҳо сӯхтор мешавад шумоҳоро тамом дида намешавад чандин борҳо занг мезанем бо баҳонаҳои гуногун намеоед ҳато ман шоҳиди он шудам ки дар як сӯхтор баъди чандин зангҳои пайдар пай шумо омадет аммо дар дохили мошин об набуд магар мешавад мошинҳои сӯхторхомӯшкуни бе об бошад? вазифаи шумон ҳамавақт таёр будан ба ҳама ҳолатҳо пули давлата мегиртон боз имруз ҳукумат музди кории шумоёнро нисбат ба дигар хизматрасонҳо баланд кардааст барои ин шукр карда хизмат кунетон зеро ватан аз мо масъулият талаб мекунад на баҳона!

саид
Хеч гап нашудастку зуд амалиро ёд мегиред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)