Бахшҳо

9600 сомонӣ ҷарима-поёни қиссаи “бузӣ”-и мусофиру зӯрии кондуктор

Хадамоти зиддиинҳисории Душанбе дар пайи шикояти як донишҷӯй аз дағалӣ ва барзиёд гирифтани роҳкиро дар мусофирбари рақами 28, раиси ҷамъияти “Нақлиёт”-ро 8 ҳазор сомонӣ ва ронандаи “баднафс”-ро 1600 сомонӣ ҷарима бастааст.

Бародмат Муродов, роҳбари ҷамъияти “Нақлиёт”, масъули хидматрасонӣ дар хатсайри 28 имрӯз, 8 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, ки масъулини зиддиинҳисорӣ ҷамъиятро 8 ҳазор ва ронанда Алишер Усмоновро 1600 сомонӣ ҷарима карданд.

Ҷаримабандӣ дар пайи шикояти Муҳаммад Болтаев, як донишҷӯи тоҷик ба “Озодагон” сурат гирифт. Болтаев арз кард, ки мусофиркашҳои №28 аз назди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи 33 то бозори Корвон аз мусофирон ду сомонӣ талаб мекунанд: “Мо чанд нафар эътироз кардем, ки чаро ду сомонӣ мегиред? Аммо кондуктор гуфт, “касеро нафорад, нашинад”. Вақте хостам рақами қайди давлатии мошинро акс гирам, кондуктор дашномҳои қабеҳ кард: “Гуфт, эй буз очата фалон мекунам. Боз чанд дашноми дигар кард. Вақте ба аксгирӣ идома додам, як оҳан дар дасташ аз мусофиркаш пешам омад ва дод зад, ки “бра любой ҷо бзӣ кн, қатит любой ҷо мерам”.

Дар пайи муроҷиати Болтаев, Шӯъбаи Хадамоти зиддинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе муайян намуд, ки мусофиркаши мавриди назар, рақамаш 2416 ТТ 05 ба Алишер Усмонов, зодаи шаҳри Истаравшан тааллуқ дорад.

Аз Хадамоти зиддинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар пайи баррасии қазия ҷамъиятро барои иҷро накардани амрнома оид ба таъмини танга, ки як моҳ қабл фиристода шуд, 8 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Бародмат Муродов, роҳбари ҷамъияти “Нақлиёт” бо ин сабаб ҷарима шуданашро тасдиқ карда гуфт, қаблан баъзан ронандаҳо бо худ танга доштанду баъзан на: “Ҳоло мо ҳар саҳар танга меорем ва назорат мекунем, ки ронандагон барои баргардонидани бақияи мусофирон танга доранд, ё на. Агар надошта бошанд мо онҳоро бо танга таъмин мекунем”.

Раиси ҷамъияти “Нақлиёт” дар маҷмуъ аз фаъолияти Алишер Усмонов ронандаи ҷаримашуда ситоиш карда гуфт, то ин замон ягон огоҳинома надорад: “Ҳар саҳар аз ҳама пеш ба кор ҳозир мешавад. Аммо ҳамон рузе, ки бо мусофир нофаҳмӣ шуд, ёрдамчиаш намеояду нафари дигарро ба ҳайси пулчинак мегирад ва нофаҳмӣ бо гуноҳи пулчинак рух додааст”.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе оид ба рафтори ноҷои кондуктор гуфтанд, “азбаски ӯ бо ҷамъият ягон шартнома надорад, ин масъаларо ба баррасии корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” гузоштаанд ва ин ниҳод бояд нисбат ба ӯ чораандешӣ кунад”.

Юсуфҷон Бобоев, масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, имкони назорати ҳамаи 2,5 ҳазор нақлиёти мусофирбари Душанберо надоранд: “Аз ин рӯ дар ҳамаи нақлиёти мусофиркаш рақамҳои Шӯъбаи зиддиинҳисории шаҳрӣ, харитаи хатсайр мавҷуд аст. Дар сомонаи “Озодагон” ҳам шумораи телефонҳои боварии шӯъбаи зиддиинҳисорӣ ҳаст. Шаҳрвандон ҳангоми мушоҳидаи қонуншиканӣ бо он рақамҳо тамос бигиранд. Кумаки шаҳрвандон бисёр муҳим аст ва ҳар муроҷиат саривақт мавриди баррасӣ қарор мегирад”.

Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Аммо ронандаҳо аз мусофирони худ аксаран ба ҷойи 80 дирам як сомонӣ ва ба ҷойи 1,60 дирам 2 сомонӣ талаб мекунанд. Баъзе шаҳрвандон мегӯянд, ронандаҳое ҳам ҳастанд, ки барои як хатсайр аз мусофирон се сомонӣ талаб мекунанд. Моҳи июли соли равон баъди шикоятҳои зиёди сокинон аз талаби роҳкирои бештар аз сӯйи ронандаҳои мусофиркаш, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе тавассути “Озодагон” рақамҳои телефони ин ниҳодро эълон кард. Масъулини хадамот аз мусофирон даъват карданд, дар сурати ситондани роҳкирои барзиёд сокинон метавонанд шабонарӯз бо шумораҳои 2 21 45 28, 221 45 29, 900 09 59 00, 988 99 11 88 тамос бигиранд.
Мӯҳр
в
Хамон пулчинаки чмошника хам бояд иштароб меканданд.

Нои
Ин хабарро аз тариқи шабакаҳои марказӣ паҳн кунед, то мардум ҳис кунанд, ки мақомотҳо кор мекунанд.

сабзали
бояд хамаи хатсайрхоро назоратащро сахт кунанду иштироф кунанд ки чунин конуншиканихо нашавад

ана амин хел кунан порядка мешавад хозир дар машрцткахо дирам пайдо шудааст неки то шофера нагуи здачи наметияд

озод
Бисер хуб,ки раиси чамъияти "наклиет" ва ронандаро мучозот, яъне чарима намудаед , аммо вай "пулчинак" ки нисбати донишчу дар байни чамоа суханони кабех задааст бояд чавоб гуяд е ки не ?

Хусусан рӯзҳои шанбе,якшанбе ва идҳо аз корвон то сирка 2 сомони талаб мекунанд ё ҳамарӯза аз ЦУМ ва пеши амфитеатр хатсайрҳои саховат,ковон , гипрозем ё 19 ва 32 ҳаракат мекунанд ки то Қаряи боло ё пеши Барқи Тоҷик 1 сомонӣ талаб мекунанд агар аз гардиш гузашти 2 сомони талаб мекунанд аз рӯи тақсими роҳ ба ду қисм бояд то сирк ё ақалан гардиши профсоюза аз тарафи сирк 1 сомони гиранд.
Агар масъулони ҳамин хатсайрҳо як тафтиши натиҷадор мекарданд бисёр нағз мешуд ва мо донишҷӯён хурсанд ҳам мешудем.

зодаи Истаравшан гӯфтан чи маъно дорад???

Мусофир
Аз суханони Юсуфчон Бобоев бармеояд, ки дар Душанбе наклиёти муофиркаш бе назора будааст. Агар Хадамоти зиддиинхисори имконияти назорати 2,5 хазор наклиётро надорад, вазифаро ба касоне диханд, ки инро метавонанд. Дар шахрхои бузург даххо хазор наклиёти мусофиркаш аст, аммо хамаашон назорат мешаванд.

Devona
Барои тахкиру дашном,пастзании шахс дар конунхои РТ-и азиз ягон гуфтор хаст ё не? Ин бачахаки сиёхаки ноточик ягон чарима мешад ё ки мо алакай ба ин одат кардем?

Муслим
Ахсан!! ина мешудаст-ку?!! Як ду нафарашро чарима бандед ба муносибаташон нисбати ронандагон хуб мешавад!

бехтарин ◆ ◆ ◆
шахрванд
Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шудааст. Шахрвандон аз кучо медонанд, ки ин кисматхо аз кучо огоз шуда дар кучо тамом мешаванд. Хуб мешуд, ки дар хар як мусофиркаш дар варак (чи хеле ки нархи рохкиро нишон дода шудааст) нишон дода мешуд, ки то кадом истгох нарх 80 дирам ва аз он зиёд 1 сомоу 60 дирам. Пеш машруткаи раками 52 1 сомони буд, хозир бошад то истгохи сирк 1 сомони, аз он он тараф 2 сомони талаб менамоянд. Ё ин ки машруткаи раками 28 пештар то назди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи 33 1 сомони мегирифт, хозир бошад, то политехникум 1 сомони аз он он тарафаш 2 сомони талаб мекунанд.

Ин телефонхои Хадамоьти шахрии зиддиинхисори аксар холат чавоб намедиханд. Масалан, рузи шанбеи гузашта дар бозори "Корвон" маршруткахои №28 аксар новобаста аз макон пз мусоирон 2 сомони талаб мекарданд. Старекси 9212 01 РТ мегуяд, ки "нафоратон, нашинен". Ман кушиши робита бо телефонхои Хадамот кардам, вале ин кор бенатича буд. Аз рохбарони ин ширкатхои нпклиёт пурсиданиам, ки ронандагонро онхо аз кучо "подбор" мекунанд.? Наход, фикрои пулу молу нафс аз обруи пойтахту давлати Точикистон афзалтар бошад?

Шогирд
Бе шартнома ба кор гирифтан низ худ вайрон кардани талаботи конунгузории мехнат аст. Вобаста ба ин, Вазорати мехнат ва шугли ахоли низ бояд барои санчиш ва талаби риояи конун (эхтимол бо рохи чаримабандии корхона) сафарбар шаванд. Агар корхона аз кисаи худаш чарима супоридан гирад, "лачоми" ронандаву кондукторхояшро кашида метавонад.

Воқеан, маъмурият наметавонад ҳамаи ронандаву пулчинакҳои бефарҳанг ва бетарбияро назорат кунад. Инҷо бояд худи ҷомеаи шаҳрвандӣ фаол бошад ва дар дағаливу безурматии ронандаҳо ё фурушандаҳо тарафи якдигарро бигирад. Русҳо ҳамеша ҳамин хел буданд. То рӯзе, ки мо хомӯшем, фасоду беадолатӣ моро пачақ мекунад.
Ғайр аз ин, роҳҳои Душанбе монанди ҷангал шудаанд. Ронандаҳо қоидҳои роҳро дағалона вайрон мекунанд. Хати ҷуфти байни роҳро қасдан бурида, дар куҷое, ки хоҳанд, мошинро ақиб мегардонанд. Ин амал дар роҳ ҳолати хатарноки тасодумро (авария) ба вуҷуд меорад. Умуман, пешравии шуурнокӣ ва ҳисси масъулмятшиносии мардум бисёр суст аст. Ҳамоно ҳисси худхоҳии пуч баланд аст. Дар ин соҳа шаҳрдориро корҳои зиёд дар пеш аст.

шумо якмаротиба ҷамиятора тафтиш кунен чи кадар аз ронанда пул талаб мекунад ДАРОМАДИ ҶАМИЯТ МАСАЛАН БО РАИСИ АФТАБАЗ ГАПМЕЗАНИ МАН ДАР ХАТСАЙРИ ШУМО КОР КАРДАН МЕХОҲАМ МЕГУЯТ КИ 3000 СОМОНИ ТЕҲ ДАР БАД МАН БАТУ НОМЕРОИ ЗАРД МЕДИҲАМ расходи ронанда да якруз 8 сомини путиёфка 1 сомони духтур 1 механик 5сомони БЕД АФТАБАЗ МОҲОНАИ РАИСИ АФТАБАЗ 350 СОМОНИ ҲАРДУ КАНЕЧКА 2 СОМОНИ ПАТЕН 130 СОМОНИ МОҲОНАШ ЯКСОЛА ДАКУМЕНТИ МОШИН 850 ИН ЯК РУЗА САЛАРКА ЕКИ РОНАНДА ЗАПРАФКА МЕКНАД 30 ЛЕТИР 165 СОМОНИ МАСЛАИ МОШИН 100 СОМОНИ У РОНАНДА ЗАНДОРАД ФАРЗАНД ДОРА ЗИНДАГИ ДОРАД ЯК ПРОПКАИ МЕШАВАД ЧИ ҚАДАР РОНАНДА САЛАРКА РАСХОД МЕКУНАД ШУМО БЕСТЕН ЯК МАРОТИ БА ФИКРКУНЕД КАДО РОНАНДА ХОНАИ ДУ Ё СЕ ОШИЁНА ДОРАД ХАМА ИН РОНАНДА МОШИНИ ХУДАШ НЕСТ АРЕНАД ГИРИФТАГИ РЕМОНТИ МОШИН КИ ХАРҶ МЕКУНАД РОНАНДА ХУДО НАКУНАД МАТОРАШ ТАМОН КУНАД ЯК МАТОРИ ХУНДАЙ СТАРЕКС 13 ҲАЗОР СОМОНИ МЕИСТАД ИНРО ҶАМИЯТ НАМЕДИҲАД ҲАМАША РОНАНДА РАСХОД МЕКУНАД ИН НАРХЕКИ ШУМО МЕГУЕД 5 СОЛ ПЕШ БУД У ВАҚТ САЛАРКА 3 СОНИ 50 ДИРАМ БУД ҲОЗИР БОШАД 5 СОМИНИ 50 ДИРАМ ҲАСТ НАРХИ РОКИРО ҲАМОН АСТ БАРОИ ҲАМИ РОНАНДА 2 СОМОНИ МЕГИРАД ЗАПАСТИ МОШИН АРЗОН БУД КУРСИ ДОЛАР ПАС БУД КУРС 450 СОМОНИ БУД ҲОЗИР 786 БА МАГАЗИНИ ЗАПЧАСТ МЕДАРОИ НАРХ ҚИМАТ ҲАСТ ШМО БИНЕД РОНАНДА ЧИ ҚАДАР РАСХОД ДОРАД .......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)