Бахшҳо

Бордюжа: НАТО хоҳони ҷудоию танҳоии Тоҷикистону Русия аст (ВИДЕО)

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, мегӯяд, НАТО мухолифи раванди ҳамгироии кишварҳои узви СПАД мебошад ва мехоҳад ин кишварҳоро монанди Сурия бе иттифоқчӣ гузорад.

Бордюжа зимни нишасти хабарӣ дар Маскав суол гузоштааст, ки “ба фикри шумо чаро НАТО бо СПАД ҳамкорӣ намекунад?” ва худаш посух додааст: “Барои он, ки онҳо намехоҳанд равандҳои ҳамгироиро дастгирӣ кунанд. Мехоҳанд монанди Сурия бошад, ки касе эътироз карда натавонад. Кишварро саркӯб месозанд, аммо касе нест, ки ёрдамаш кунад, зеро иттифоқчӣ надошт. Мехоҳанд чунин шароитро дар мо ҳам ташкил кунанд”.

Ӯ аз ҷанги иттилоотии Ғарб суҳбат карда, афзудааст, ки “ҳамарӯза дурӯғ хоҳанд гуфт ва кори СПАД-ро дар шакли таҳрифшуда инъикос хоҳанд кард. Ҳамааш фаҳмо, ки ин барои чист. Барои он ки Тоҷикистон бо Русия якҷо набошад. Ҳадафи асосияшон вуруди ихтилоф ба иттиҳоди мо мебошад. Мехоҳанд моро ба утоқҳои миллӣ ҷудо кунанд, дар танҳоӣ бароямон шартгузорӣ намоянд”.

Бордюжа мушкили аслиро дар ин муқовимати иттилоотӣ вазъи заифи молии кишварҳои узви СПАД арзёбӣ намуд.

Дабири кулли СПАД дар мавриди вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт, солҳои охир даргириҳо афзоиш ёфтаанд ва ин ба фаъолшавии гуруҳи нашъаҷаллобу ноустувории субот дар Афғонистон рабт дорад. Ӯ гуфт, феълан барномаи байндавлатиро таҳия доранд, ки дар сурати қабули он кишварҳои узви СПАД барои ташкили инфрасохтори муосири марзӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кӯмак хоҳанд кард: “Дар ин барнома барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷудо кардани маблағи муайян пешбинӣ шудааст”.



Мӯҳр
мехмон
СПАД ин артиши шурави ( СА) нест ва дар мукобили нашъачаллобон истодагари карда тавонад. Бордюжа агар максадаш баргардонидани марзбонони Россия бошад дигар масъала хаст. Аммо ин истиклолияти Точикистонро халалдор мекунад. Бе ин хам пойгохи 201 - ум инвесторхои хоричие, ки бо хамкори кардан мехоханд метарсонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)