Бахшҳо

Мақолаи Рустами Эмомалӣ: Аз Ватан ва истиқлоли он шукрона кунем

Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо нашри як мақола аз истиқлоли Тоҷикистон ва хидматҳои падараш дар роҳи истиқрори сулҳ тавсиф карда, ҳамчунин тамоми шаҳрвандонро ба ифтихору шукрона аз “Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлол” даъват кардааст.

Дар ин мақолаи Рустами Эмомалӣ, ки таҳти унвони “Истиқлолият роҳ ба сӯи ҳадафҳои тақдирсоз аст”, дар шумораи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, чоп шудааст, таъкид мешавад, “бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо ҷаҳду талош ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшида, мо соҳиби давлати мустақили миллии хеш гардидем”.

Рустами Эмомалӣ дар идомаи матлаб аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, менависад: “Боиси қаноатмандист, ки Истиқлолияти давлатӣ тавассути сиёсати созандаю хирдамандона ва ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи моро бо беҳтарин дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимиву фарҳангӣ, бунёди иншооти дорои аҳамияти стратегӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, барои эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ягонаю иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард”.

Ба қавли раҳбари Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, инсоният бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳо ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Ӯ таъкид карда, ки бояд аз Ватан ва истиқлоли давлат шукрона кунему барои таҳкими он талош намоем.

Зоҳиран ин аввалин матлаби матбуотии Рустами Эмомалӣ баъди ба курсии раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти ӯ дар моҳи марти соли 2015 мебошад. Рустам аз ин пеш сардори Хадамоти гумрук буд.
Мӯҳр
Мо тарафдори Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои точикони чахон, кахрамони Точикистон, Пешвои миллит, Призиденти Чумхурии Точикистон, Чаноби оли Эмомали Рахмон мебошем. Худое корхои давлатиашро бобарор бигардон.

мигр
Сулҳ тарафайн дорад, бояд мардонавор тарафи дигарро ном бурд.
Дастовардҳои беҳтарин: тули 25 сол даст наёфтан ба таъмини пурраи кувваи барк, сузишвори, оби гарм...
Мо(оилави) соҳиби давлати мустақили миллии хеш

Мурғи истиқлол омад пайки иқболи баланд,
Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.
Марду зан по шуд ба истиқболи инъоми худо,
Ку расуле, к-оварад имрӯз пайғоми худо.
Дастае мехост чун кабки дарӣ ромаш кунад,
Дастае бо бӯи дон оварда дар домаш кунад.
Нашъаи озодӣ аз хумхона бар майдон гузашт,
Бода хомӣ дошт, боде аз дилу аз ҷон гузашт.
Мардуми побаста чун вораст аз занҷирҳо,
Шуд бурун аз чорчӯби худ ҳама тасвирҳо.
Бехабар аз он ки озодӣ ба имон бастааст,
Нест махлуқе, ки аз занҷиру зиндон растааст.
Ин ду ҳарфи соддаи ноошно таъбир шуд,
Ончунон тасвир шуд, охир нишони тир шуд.
ИН АТОИ ОСМОНӢ САР БА ПОЁН РАФТ, РАФТ,
ҲАМЧУ ИНЪОМИ ХУДОӢ БАР ГАДОЁН РАФТ, РАФТ...

Мӯъмин Қаноат

Бежан Душанбе
Ое ин як вокеьаи таьрихист ки ин кадар онро нишон медиханд? Магар навиштани макола дар Точикистон бори аввал аст ва Рустам асосгузораш.Шояд ман хато кунам вале чандсад хазор одам макола менависад ва онхоро хам хар руз нишон бидихед ки реклама шавад барои онхо.Имруз дар чахон одамон ихтироохоро мекунанд ки лоики тахсини оламиенанд.вале дар мо аз маколача хурсанди доранд.

ХАЙ ШУМО ДОРЕД ХАМА ЧИЗ ШУКРОНА КАРДЕН ГИРЕД 1 ЧАХОН ТАШАККУР

САЛОИ ОЗОДАГОНИ ТАРСУ ЧАРО НАВИСТАИ МАРО НАШР НАКАРДЕД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)