Бахшҳо

Абдулло Давлатов: Намехоҳам ҷузъи сиёсате бошам, ки...

Абдулло Давлатов, табиби шинохтаи муқими Русия ва раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия аз қатъи ҳама гуна фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ хабар дод.

Ӯ, ки ахиран аз сӯи Ҳизби “Партия Роста” номзад ба вакилӣ дар Думаи Русия пешниҳод шуда, сабти ном гардида буд, ин тасмими худро имрӯз, 15 сентябр дар саҳифаи Фейсбукаш эълон дошт: "Қатъ кардани ҳама гуна корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ лағви ширкат дар интихоботи парлумонии Русия ва кор дар ҳама гуна созмонҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ҳам дар бар мегирад. Баёнияи марбут ба ниҳодҳои зирабт ирсол шудааст".

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тахмин задаанд, ки ба эҳтимоли зиёд Абдулло Давлатов дар пайи фишорҳо фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсии худро қатъ намудааст, вале ӯ дар як шарҳи дигар навиштааст: “Аввал қайд кунам, ки ноқисулақлону бемаърифатон ҳастанд, ки шинохти касеро накарда ба ӯ таҳқиру тӯҳмату бадгуӣ раво медонанд. Фақат нотавонон бо истифода аз макру ҳилаву ғайбату фишор метавонанд талоши монеъаи фаъолияти дигарон шаванд. Пас, ин ду тӯда кирое надоранд, ки банда ба хотири онҳо аз коре қафонишини кунам ва барояшон чунин тӯҳфае арзонӣ кунам. Инҳо арзише надоранд, ки фурсату фикрамро сарфашон кунам!”

Абдулло Давлатов далели қатъи фаъолияташро чунин гуфтааст: “Дар маъракаҳову чорабиниҳои зиёди сатҳҳои гуногун, дар ҷаласаҳои расмӣ ва пасипардагии пешазинтихоботӣ ширкат кардам. Натиҷа чунин шуд, ки чунин тасмим бигирам. Намехоҳам ҷузъи сиёсате бошам, ки фашистонеро чун Доналд Трамп, Мари Липен ва амсоли онҳоро дар сатҳи расмӣ дастгирӣ мекунад!”

Абдулло Давлатов: Тибқи пешгӯиҳо солҳои 2050 мири шаҳри Маскав бояд тоҷик шавад
Мӯҳр
норкул
Худата ба милллион зарб задаи!!.............

мехмон
то соли 2050 ,,,,,,,,,,,,,,,,,,,, уфффффФфф!!!!

Абдулин
норкул,
нолро ба чизе зарб назани нол мешавад))))
и марак як бори дигарам хамитари гуфта буд.

м
И марак я гуфтай да шухихам доруст одамро табобат мекунад

Офарин, оқои Давлатов - фарзанди содиқи тоҷик! Сад офарин! Аҳсан, ки билохира ба моҳияти сиёсати Русия расидед! Интернасионализми рус дар забон дигар асту дар амал дигар. Баргардед ба ВАТАН. Нимта нон роҳати ҷон, якто нон балои ҷон, гуфтаанд. Баргардед ва дигаронро ҳам баргардонед. Дасти бадаст карда Ватанро обод кунед. Ҳар кас дар ватани худ шоҳ аст. Ашхоси номатлуб ва камбудиҳо гузарандаанд. Ватан ва хоки он ҷовидон аст.

Бо норкулу
шумо кучову ин марди Бузург кучо. Шумо бесаводон, беномусон, як заррачаи ин марди Бузург шуда наметавонед.

Ариан
На танхо чун Трамп, балки Саддоми хунхор, Башори котил, Кум Чуни Вахши ва садхои госибону тогутхо махз дар панохи хамон сиёсатанд ва имруз тамоми зиёиёни пешкадам бояд ба ин диктаторпарастон ва пуштибони тогутхо, ба ин пояндагони кутби бадии олам аксуламал нишон дихад, аз забони эшон аз филмхои эшон, аз илми беарзишу дуругинаи эшон комилан бояд даст бикашем ва бо ин кор дар торих собит намоем, ки махз хаминон пуштибони бадии оламанд. Бубинед Сурияро Укроинро, Гурчистонро ва як замоне Афглнистонрову Точикистонро ба чи балохое гирифтор накардаанд. Тамоми зиёиён бояд аксуламал нишон дихем ва бе он душманони башарият собит кунем ки арзише дар пеши мову дар пеши дагрон надоранд. Лекин медонам, холо хам пролетархои пойлуч хастанд ки аз мушту лагади ин хуксимохо тарсида боз ононро тавсиф мекунанд ва бояд бидоненд, ки дар хазор сол боз хамон назари пасти худро ба шумо мекунанд ва хамон вожаи "чурка"- тамгаи шумост, дигар хеч. Барои хамин бехуда кадри худро дар наздашон нарезед.

Бале, Эйдриан (Adrian). Моҳияти матлабро гуфтед. Ин ҳақиқатро тоҷикон ҳарчи зудтар дарк кунанд, ҳамон қадар беҳтар аст. Мо дида истодаем, ки Русия як кишвари миёнаҳол ва макони диктатураи абадӣ аст. Русия аз сохти демократӣ сахт метарсад ва ҳамеша диктаторонро дастгирӣ мекунанд. Пайи пойи рус ҳамеша месӯзад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)