Бахшҳо

ВКД: Садамаи маргбори писари ноиби сарвазир мунсифона таҳқиқ мешавад (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садамаи маргбор бо иштироки Фаромӯзи Саид, писари 23-солаи Давлаталӣ Саид, муовини якуми нахуствазири Тоҷикистон дар Душанбе таҳқиқ ва аз рӯи ин ҳодиса парванда кушода мешавад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт сонеҳаи маргбор бо иштироки Фаромузи Саид шаби 10-уми сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузошт: “Дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромузи Саид бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад. Чунин ҳодисаҳо ҳамарӯза даҳҳо адад ба қайд гирифта мешавад ва ҳамаи онҳо таҳқиқ мегарданд”.

Гуфта мешавад, Фаромӯзи Саид сари фармони “Тойота кемрӣ” дар роҳи бозгашт аз маркази дилхушӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо мошини хадамоти коммуналӣ бархӯрдааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ин тасодуф мунсифона сурат хоҳад гирифт.

Аксҳо аз маҳалли ҳодиса


ВКД: Садамаи маргбори писари ноиби сарвазир мунсифона таҳқиқ мешавад (АКС)

ВКД: Садамаи маргбори писари ноиби сарвазир мунсифона таҳқиқ мешавад (АКС)

ВКД: Садамаи маргбори писари ноиби сарвазир мунсифона таҳқиқ мешавад (АКС)
Мӯҳр
ф
Хатман 7 экспертиза гузаронед. Ана баъд маълум кунед, ки гунахкор ронандаи мошини коммунали аст.

Хакикат
Лукмаи халол кати калон шуда дар арафаи ид ду шахсро курбони кард. Офарин ноиби сарвазир ба фарзанди калон кардаатон! Сад чахон ташакур!

Аркадий
Мунсифона? 120 сомон чарима?

Ҳоҷи
Шояд боз 120 сомонӣ ҷарима кунанд.

Фаромуз
Ба хамаиин кормандони хадамоти коммунали гунахкор! Чаро онхо ба писари муовини вазир рох надоданд?

Рохсози камбагал хаёташ сухт!

Сафо
Аз бачаи Хукумовро дидем, ки чи гуна "мунсифона" тахкик шуда буд! Холо хатман гунохро дар сари ду нафари чонбохта мезананд! Чун онхо камбагаланду падари бой ва мансабдор надоранд!

Обо
Таърих такрор меёбад. Хаму 120 сомон чаримаш кнен.

точик
Чи гуям гардиши гардуни дунро,
Ки хасро сар ба авчи осмон бурд....


тт
Ин бачаи чиновникро 120 сомони чарима бандед тибки конуни масъулияти падару модар
. Корманди идораи комуналиро хатман чазо дихед

ИБРОИМ
АЗ КУЧО БАЧАИ ВАЗИРБА ТАЙЕТА КЕМРИ ?????.

Аз дасти хамин расонахо "Озод"и барои як фалокате ки ба сари писари Амонулло Хукумов омада падарашро аз вазифа озод кардан ва Хукумати Точикистон як кадри кордони худро аз дастдод. Боз навбати Давлатали ако шуд коре кунед ки инрохам аз вазифа гиран...

Мухтарам чаноби оли аз шумо ехтиромона хохиш мекунам ки падарашро аз ин вазифа гирифта раиси падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд таин кунед!

точикистони нав
падар чи гуна писар намуна

Саъид
Афсус! Худованд ба ин мансабдорон рахм ато кун то охирин чавонони ин миллатро бо мошинхои гаронбахояшон пачак накунанд! Садама соати 2 ба вукуъ пайвастаст ва ин писари чиновник аз маркази дилхуши баромадаст ва аник аст, ки дар маркази дилхуши ибодаткуни намераван аракхури мераван! Як ронандаи бадмаст хечгох ба пуштигири нест кормандони ВКД!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)