Бахшҳо

Баҳси раиси “ВАК”-и Тоҷикистон бо Илолов баъди тааҷҷуби Медведев аз докторҳои зиёди тоҷик

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон дар вокуниш ба тааҷҷуби Дмитрий Медведев, сарвазири Русия аз ҳимояи 80 рисолаи номзадию докторӣ тайи 1 сол дар Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки “ин ҷо манзури Д.Медведев на бадгумонӣ дар салоҳиятнокии унвонҷӯҳои Тоҷикистон, балки бештар шакку шубҳаи ӯ нисбат ба фаъолияти «ВАК»-и Русия мебошад”.

Розиқзода бо нашри як изҳороти расмӣ гуфтааст, муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, № 255 таъсис ёфта, Низомномаи он 17 июни соли 2015, № 504 тасдиқ шудааст.
Розиқзода аз Мамадшо Илолов, собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интиқод кардааст, ки гӯиё аз кори Комиссияи олии атестатсионии Тоҷикистон хабар надорад ва дар расонаҳо изҳор доштааст, “мо барои гузаштан ба ВАК-и миллии хеш набояд шитоб кунем”.

Иддао, ки бо таъсиси ВАК дар Тоҷикистон риски хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста уфтодани унвонҳои илмӣ меафзояд, норозигии Розиқзодаро ба вуҷуд овардааст. Ӯ дар посух ба Мамадшо Илолов, ки ин рискро воқеӣ хондааст, гуфт: “Муҳтарам Мамадшо Илолов, бояд хотирҷамъ бошед, дар таъсиси ВАК-и миллӣ айни ҳол ҳеҷ гуна хавфи ҷиддӣ вуҷуд надорад, зеро КОА ҳуҷҷатҳо ва механизмҳоеро таҳия ва коркард намудааст, ки «хатару эҳтимолияти хариду фурӯши дараҷаҳо ва унвонҳоро» ҳатман аз байн мебарад. Дар зимни фаъолияти худ КОА ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки рисолаҳои илмии дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ихтирооту кашфиёти хому бебунёд иншошуда ба шӯроҳои диссертатсионӣ роҳ ёфта, аз шӯроҳои ташхис гузаранд. Таъсиси «ВАК»-и миллӣ ҳаргиз маънои ба осонӣ «доктор PhD» шуданро надорад. Аз сӯйи дигар, тавре ки маълум аст, дар Тоҷикистон бар зидди амалҳои коррупсионӣ муборизаи шадид бурда мешавад. Зиёда аз ин, ба иттилои муҳтарам Мамадшо Илолов расониданием, ки бо назардошти таҷрибаи талхи ҳамсоякишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон яку якбора ва пурра аз ҳамкорӣ бо ВАК- и Федератсияи Русия даст кашиданӣ нест ва ҳамзамон бо пурра таҳия ва қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва оғози фаъолияти амалӣ марҳила ба марҳила ин равандро амалӣ хоҳад кард”.

Раиси КОА-и назди Президенти Тоҷикистон дар идома алайҳи изҳороти дигари Илолов баромадааст, ки дар суҳбаташ бо “Озодӣ” пешниҳод кардааст, салоҳияти додани унвонҳои илмӣ ба донишгоҳҳо дода шавад: “Мантиқ куҷост? Аз муҳтарам академик пурсида мешавад, магар ба донишгоҳҳо додани ин салоҳият ба қавли худатон «хавфи воқеъӣ»-ро зиёд намекунад?! Ба таваҷҷуҳи академики муҳтарам М. Илолов мерасонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ин ҳам бо сабабҳои гуногун таъсиси ин ниҳоди басо муҳими таъминкунандаи истиқлолияти кишвар дар омода сохтани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, ки аз ҷумлаи яке аз рукнҳои муҳими истиқлолияти миллиамон мебошад, хеле ба таъхир афтод. Агар ба маслиҳати Шумо амал карда, «боз 5 — 6, ҳатто10 сол» даст болои даст гузошта сабр намоем, ҳеҷ гоҳ аз дастнигарӣ ва вобастагии бегонагон халосӣ нахоҳем ёфт”.

Ин баҳс дар ҳолест, ки ахиран Дмитрий Медведев, сарвазири Русия дар Санкт Петербург аз теъдоди зиёди унвонгирандаҳои Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб карда, афзуд, ки танҳо соли 2015 дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст: “Чизи баде гуфтанӣ нестам, аммо ҳамчун факт сари ин мавзуъ бояд фикр кард”.
Мӯҳр
Илолов шумо дар даврони президенти АИ буданатон аз холи унвончуёни дар дар хорича тахсил мекарда хабар нагирифта будед ва холохам аз холашон хабардор нестед... барои хамин хам сафсата мегуед.... як бор ба кишвархои хамсояро бинед хамаашон ВАКи худро доранд. айб нест ки унвончухои мо ба Киргизя ё Казокистон рафта рисолаи худро химоя кунанд? Мо аз киргизхову Казокхо чи ками дорем?
Ба Шумо як савол Дар даврони Президенти АИ буданатон барои рушди илми ватани чи хизмат кардед?

Олимчон
Чаноби Медведев бояд аз ВАКи Русия домангир бошад, ки номзадха ва докторхои дундуки моро нагардондаанд. Дар 25 соли Истиклолият ягон олимшавандаи моро гардонданд? Ман намедонам...

СОГДИЕЦ
АЗ ТАРАФИ ДИГАР ХАЙРОНАМ БОЗ АЗ ОН КИ ИН КАДАР АКАДЕМИКУ ДОКТОРХО АГАР ЯК КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИРО ТАЪСИС ДОДА НАТАВОНАНД ВА АЗ ФУРУХТА ШУДАНИ ХУД ТАРСАНД ВОЙ БАР ХОЛИ ИН МИЛЛАТ. ПАС ЧИ ХИЗМАТ ШУМО МЕКУНЕД БАРОИ МИЛЛАТИ ХУД, ЧАРО ХИЁНАТРО РУЁРУЙ ВА ОШКОРО ЭЪЛОМ ДОШТАНИ МЕШАВЕД, ЭЙ УЛАМО, АЗ ГУФТАХОИ ХУД АНДЕШАИ МЕКУНЕД ВА Ё НЕ. МАН ШАХСАН АГАР ВАЗЪ ХАМИН ТАВР ИДОМА ЁБАД ДИПЛОМХОИ АЗ ХАМОН ВАК ГИРИФТААМРО РАФТА ДАР НАЗДИ САФОРАТАШОН ПОРА ПОРА ХОХАМ КАРД. ГОХО ЯК МАКОЛАИ ОЗОДОНА НАВИШТААМ БА НАЗАРАМ АЗ ХАМОН РИСОЛАИ НОМЗАДИВУ ДОКТОРИИ КОЛАБИ АРЗИШМАНДТАР АСТ. ЧАРО ХУКУМАТ БА ИН РУЁРУЙИИ РАХИМИ ВА ИЛОЛОВ КИ ИН КАДАР ГАЮРОНА ЗИДДИ КОА МЕОЯНД, САРИВАКТ ХУЧЧАТХОИ РАСМИРО ИМЗО НАМЕКУНАНДУ МОНЕА ЭЧОД МЕКУНАНД, ЧОРАЕ НАМЕАНДЕШАД. ЧАРО???
БАС АСТ БАРОИ БЕГОНАГОН ВА БА ЗАБОНИ БЕГОНАГОН НАВИШТАН, ГУМОН НАКУНЕД КИ ЗАБОНИ ЭШОНРО НАМЕДОНАМ, МУТМАИНАМ КИ АЗ КУЛЛИ ОКОДЕМИСИЮН БА ТАВРИ КИЁСНОПАЗИР БЕХТАР МЕДОНАМ ВА МЕНИГОРАМ, АММО ДИЛАМ БА ЗАБОНИ МОДАРИАМ МЕСУЗАД, КИ ИН КАДАР ДАР ИЛМ ХОР ШУДАВУ РИСОЛАТИ ТОРИХИИ ХУДРО ДАР ИЛМ БА ЧУРМИ МО ФАРЗАНДОНАШ АЗ ДАСТ БА БОД ДОДААСТ. ОМОДААМ БО ХАР КАСЕ ДАР ИН РИШТА МУЧОДАЛАВУ БАХС НАМОЯМ. КАЙ МО ОМОДА МЕШАВЕМ, ЧАНОБИ ИЛОЛОВ, КАЙ? 10 СОЛ ПАС, 50 СОЛ ПАС, 100 СОЛА ПАС? АГАР ИН ТАВР АСТ, ХОХЕМ НАХОХЕМ БОЯД БА ЗАБОНИ ХУД ГУЗАРЕМ, ПАС БИЁЕД ГАЙРАТМАНДОНА ГУЗАРЕМ, ОЯНДАГОН БА МО ЧИ МЕГУФТА БОШАНД, ХУДОЁ?МУХТАРАМ РОЗИКЗОДА ЧАРО ИН КАДАР КОТЕОНА ХАРФ НАМЕЗАНЕД, ЧАРО КАДОМ ЯК ДИПЛОМАТИЯИ ДУРУГИНАРО РИОЯ МЕКУНЕД, БА МАСЛИХАТИ ХАР КАВДАН ГУШ НАДИХЕД, БОЯД КАТЪИЯТИ ШУМО АЗ ИН ХАМ БЕШТАР ВА ОШТИНОПАЗИР БОШАД. ШУМО БОЯД ХЕЛЕ ШАДИДУ ТУНД МЕНАВИШТЕД ЧУНИН АКСУЛАМАЛИ СУСТРО АЗ ШУМО МУНТАЗИР НАБУДАМ, БО ЧУНИН МАРДУМ МУШКИЛ АСТ КОР КАРДАН, БОЯД КАТЪИЯТ НИШОН ДОД.ЧАРО МЕГУЕД КИ ТАЧРИБАИ ТАЛХИ ХАМСОЯКИШВАРХО, КАДОМ ТАЧРИБАИ ТАЛХ, ХИЧ ТАЧРИБАИ ТАЛХ НАДОШТАНД, ДАР МУКОИСА БО СИЯХРУЗИИ МО ДАР БАХШИ ИЛМ.

соддабой
СОГДИЕЦ,
Худро гуё ноаён таъриф хам кардед. Хоксортар шавед. Худро Согдиец гуфта, Исбот кардед, ки Хам ба Забонат эхтиром надореду тарсуед аз ифшои номатон.
Ва бароятон кифоя нест магар Руссия ва дигар миллатхои собик чумхурихо, мардуми моро аз барои нодониашон тахкиру паст зада омада истодаанд. Наздики 2 млн мухочир, кани идеяи "олим"-хои мо , ки барои миллат чои кор шавад ё рохи аз махаллгарои баромадан нишон дода шавад, ё рохи ришвагири баста шавад!...

Ин суханони Илолов манои онро дорад ки хамаи он суханони дар вакти Презденти АИ буданаш ва он натичагирихои кардааш дуруг будааст... АИ-ро танхо ба кафо бурдааст. Барои илоловбаринхо пешрафт ё пеш нарафтани илми точик фарке надорад. Доим Хушомадгуйи хоричихо будан барояш ифтихор аст. Ки хамин гуна шахсоне ки хисси МИЛЛАТДУСТИ надоштаро ба вазифахои баланд пешниход мекунад? Хар шахси ватандуст дар хайрат мемонад...

10000-хазор долар бошад ман професори илмии фалсафа чун Хофиз бобоёров мешавам ин хакикат аммо барои баъзехо талх

Олимони чавон то агар забонхои русиву англисиро намомузанд, хеч илм пеш намеравад. Руз то руз вазъият аз ин хам бадтар мешаваду бехтар не. Забони точики забони илми нест. Бо ин забон китобхои илми вучуд надоранд. Кумитаи забон ва истилот хама мафхумхои илмии байнахалкиро бо калимахои гайриилми иваз карданд. Мо аз илми чахони дур шуда, хеле кафо мондем. Ана ин аст гуломии сартосарии дигарон будан.

Аз хамма генерали бисёр дар Точикистон, аз хамма професори бисёр дар Точикистон. Агар ин хамма дуруст бошад, пас чаро иктисоди мо ба чои пеш ба окиб меравад. Мухтарам гуфтанд ки дар мо муборизаи шадид бо корупция мебаранд. Кучост ин мубориза? Шумо низ вазъиятро нодида мегиред ва мансабчуй хастед. Сиёха сиёх ва сафеда сафед гуед.
Занакон бе шарм гашта кудакон бас беадаб,
Лофгуи, ишкбози кори пирон омада.
Саъдиё рав хок шав дар куи сохибдавлатон
Ин чахон дар чашми ман монанди зиндон омада.

Унвонҷу
Баъзе профессорҳои ҳозира забони тоҷикӣ балад нестанд, аз ин рӯ муқобили КОА-и миллӣ ҳастанд. Тибқи қонун забони илм забони давлатӣ аст. Кайҳо бояд илмро миллӣ мекардем. Соҳиби андешаи илмии миллӣ мешудем.

Яке аз сабабҳои бисёр будани унвони илмидорҳо дар ҶТ 20-30% иловапулӣ бар маош аст. "Як бало карда" рисолаи гӯиё илмӣ чоп мекунанду бо ҳамин дар идораҳо ва муассисоти давлатӣ беғам маош хӯрда мегарданд. Онҷо аз ин "олимон" касе гузориши илмӣ талаб намекунад. Касе намегӯяд, ки "ҳой олим, ту унвони илмӣ дорӣ, тайи як сол чӣ кори илмӣ кардӣ?" Давлат бояд ин намуди изофамаошро дар корхонаҳои давлатӣ бекор кунад. Донишгоҳҳо ва системаи АУ бояд истисно бошад. Зеро онҷо "олимон" каму тум чизе менависанд.
Ҳоло боз як тарзи кори нангин ба вуҷуд омадааст. Баъзе олимони ботаҷриба рисолаҳои кӯҳнаро бардошта, каму беш ину онтарафашро суфта карда, ба дигарон мефурӯшанд. Ин науди рисолаҳо маҳз барои ана ҳамун талабгорони бист, сӣ фоиз изофамаош дар корхонаҳои давлатӣ даркор. КОА-ВАКи Тоҷикистон даркор ва бамаврид таъсис шудааст. Фақат кормандонаш бояд бо дасту виҷдони пок иҷрои вазифа кунанд. Ин давлат давлати мост. Обод кунем ҳам мо мекунем, шарманда кунем ҳам мо мекунем.
Дар охир бояд зикр кунам, ки Медвед бекор мондааст, ки ба олимони Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст? Мо хубу бадро аз онҳо омӯхтем! Агар устозони мо инглису немису франсузҳо мебуданд, шояд мо ҳам камтар дузду фиребгар мешудем. Ё умуман намешудем.
Овардаанд, ки маликаи рус Екатерина аз сарвазираш пурсида бошад: "Как живется русскому народу?" Дар ҷавоб сарвазир гуфта бошад: "Воруют, Матушка, воруют!" Ана устозони мо киҳо буданд!

...Rossiya-ba P-Y nest- mi? Pula girifta imzo kardan megirad!? Ha tu "olim" "Rav dar vatanat kor kun gufta,Vayron kardan gir besavod kardan gir !" Bo hamin jam'iyati mo vayron kalaho kadu megardem mo!? olim guftavu az donishjuyon pul talab karda!? Baroi on ki digar hej kore az dastamon nameoyad.Ayb ast ayb...!Mo in chel kati kujo merem!?Shart nest peshi Rusu digar raftan yakta boshadu az chudamon boshadu dar hakikat OLIM boshad ki digaron Dun'e az ichtiroi onho istfoda kunad, kadome az Ichtiro'hoi shumo KOrhoi ''ILMII' shumoro dar jahon istifoda burda shudastu onro paziruftand.Hamai in korhoi shumo Davlatu CHALKRO fireb dihi nom dorad,puli Davlatu CHALKRO churda gashted...

коно
Кашфиёти бузурги илмии миллат, ки сохиби бахои байналмилали дар 25 сол шуда бошад кадом аст? Эътироф бояд кунем ки аз нобигахои илму адаби форс-точики то асри 16 дигар касе баландтар чизе нахохад гуфт. Дар ихтироот умуман калла надорем. Соддатарин ашёи хитоиро пайваст карда наметавонему. Корамон факат ошхури.

шахрванд
Ин кадар "олим" дорему кашоктарин мамлакат мебошем, ачабо!?

Кашфиоти бузурги точик ин аст!!! Калхоро кал нагуед, балки одамсар гуед. Бояд ина нобелский премия тием ё ягон пешниходи хандаовари дигар. Акли професорхои мо аз акли талабахои синфи 8- ум камтар аст....

Саид
соддабой,
Дусти азиз, комилан хак асти, иштибохи бузург кардам, мо точик мардум гохо дар асорати эхсос чи суханхое намегуем, пас аз хондани дубора ва накди навиштаат сарафганда шудам. Аммо дар баъзе навиштахоям мутмаинам, танхо таърифи бисёр номуносиб ва номи номувофик буд, ки мутаассифам ва маъзарат мехохам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)