Бахшҳо
20 сен 2016 10:27Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Барканории капитан Каримов барои латукӯб ва таҳдид: Чорумборда мепарронамаш (ВИДЕО)

Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи дархости Эътилофи зидди шиканҷа қазияи латукӯби як ҷавон аз ҷониби корманди милисаро баррасӣ кардааст.

Ин ниҳод дар посух ба муроҷиати эътилофи зидди шиканҷа изҳор доштааст, ки “оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуда, муқаррар гардид, ки нозири шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии РВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Каримов Отамурод бинобар сабаби аз ҷониби шаҳрвандон нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намудан ба ғазаб омада, бо алфози қабеҳ сухан гуфта, нисбаташон даст бардоштааст. Барои роҳ додан ба қонунвайронкунии мазкур, Каримов аз вазифаи ишғолкардааш озод шуда, рухсатшавии ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ масъалагузорӣ карда шуд. Санҷиш дар ин самт идома дошта, дар сурати муайян шудани шахсияти ҷабрдидагон, нисбати Каримов чораҳои қонунӣ андешида мешавад”.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа 9-уми август, бо пешниҳоди ариза ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хост, ба қазияи латукӯби як ҷавон аз ҷониби корманди милиса расидагӣ кунад.

Ин эътилоф бо пахши як изҳорот аз беҷазоӣ дар мавриди содир шудани ҷиноят изҳори нигаронӣ карда, афзуд, лаҳзаи қонуншиканӣ дар навори видеоие сабт шудааст: “Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хўр”. Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хизматии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ў талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд. Дар баробари ин, ў ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ў ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кўдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”. Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст”.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа афзуд, ки ба ғайр аз ин, корманди милиса ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон аз калимаҳои қабеҳ истифода намуда, шаъну шарафи онҳоро паст мезанад, ки ба Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» мутобиқат намекунад.

Ба иддаои манбаъ, корманди дуюми милиса барои чунин рафтори ҳамкораш ўро ягон сарзаниш намекунад, ки бо ин рафтораш амалҳои аввалиро дастгирӣ менамояд.
Мӯҳр
Факат барканори тамом охир бояд чазо гирад аз руи конун милисаи бесаводи бетарбия мн аст сиесати хирадмандонаи пешвои миллат агар узви ХНИТ мебуд як умра зиндонаш мекарданд.Э ХУДОЧОННННННННННННН чи кор кунам ба ин беадолатиииииииииииии

Ин милисаро натанҳо аз кор рондан, балки ба фоидаи ҷабрдида ҷаримаи калон кардан даркор, то ки ба дигар ҳамкасбонаш дарси ибрат шавад!
Воқеан, ҳануз ҳам сафҳои ВКД ислоҳоти (реформаи) ҷиддӣ мехоҳад. Ҷаноби Вазир, ки бо фарҳанг ва инсондӯстии волоиаш машҳур аст, бигзор озмун эълон карда, ба ҷои милисаҳои бераҳму золими кӯрсавод, ҷавонони доно ва саводнокро ба кор бигирад. То рӯзе, ки милисаҳои садист дар вазифаанд, мо шаҳрвандон, наметавонем худро бехатар ҳис кунем.

Ба Юсуф
Ҷаноби Вазир, ки бо фарҳанг ва инсондӯстии волоиаш машҳур аст

------------------------------------------------------------------------------

Ба хамин навиштаат бовар дори, е мадхия мегуи?

Чаро ҷазо таин накардед .Агар Шарванди оди Мешид Зиндонаш мекардед Коркуни Давлат хаст Дастгириш мекнен.Актиёро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)