Бахшҳо

Ифтитоҳи парванда ва таҳдиди то 10 соли зиндон ба писари Д.Саид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи садамаи маргбор бо иштироки Фаромӯзи Саид, писари 23-солаи Давлаталӣ Саид, муовини якуми нахуствазири Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 20-уми сентябр дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Ввайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) ифтитоҳ шудааст. Манбаъ афзуд, тафтиши парванда аз сӯи Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад.

Моддаи 212, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст, чунин ҷазо пешбинӣ кардааст: “Маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъоляти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад”.

Қаблан Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки сонеҳаи маргбор бо иштироки Фаромузи Саид шаби 10-уми сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузошт: “Дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромузи Саид бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад. Чунин ҳодисаҳо ҳамарӯза даҳҳо адад ба қайд гирифта мешавад ва ҳамаи онҳо таҳқиқ мегарданд”.

Гуфта мешавад, Фаромӯзи Саид сари фармони “Тойота кемрӣ” дар роҳи бозгашт аз маркази дилхушӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо мошини хадамоти коммуналӣ бархӯрдааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ин тасодуф мунсифона сурат хоҳад гирифт.
Мӯҳр
в
Экспертизаро кай мегузаронед? На камтар аз 7-то.

Модарашро барои тарбияи нодуруст ва наомухтани коидахои характи рох чарима ба маблаги 119 сомон кардан даркор ....

Ох бечорахо ира 1соатам хабс намекнану бо хаму мурдагихора отаву очаша гунахкор накнан...

вазир
дилсуз
расонаи дустдоштаи ман салом. Бонги хатар мезанам таваччух кунед нохакки аз хад гузашта истодааст. Манбахои джакик хабар доданд,ки ягон зиндони бе пул чавоб дода намешавад. Мордаре аз махалли зарафшон бо хурока хабаргирии писараш зиндон рафтааст. ба у гуфтаанд чаро хурока оварди? писарат чавоб шуд. модар аз шоди бехуш шудааст. Ингак як хафта гузашт вале пи сари модар руи озодиро хануз надидааст. Ба модар гуфтаанд,чавоб шудааст вале то 2 хазор наори,писаратро чавоб намедихем. Яъне ягон ксасро бепул чавоб намедиханд. Пас фармони президент пеши ин гургони баднафс кадр надоштааст.Ё барои худашон конуни авфро тагир додаанд,ки бепул ягон махбусро бояд чавоб надиханд. Аз Озодагон хохиш дорем ки ин масъларо расонаи кунад. дар корхоятон барор мехохам. ташаккур.

ф
Аташа вазифаш вазбинай ай дастон хичи намия. зур назанен. Экпертизаи махшар мегузаронен дар охир бегунохиша исб......

Caid
Хичи кораш карда наметавонанд! Бубинед да дар охир баъди гузаронидани 7-экспертизаи техники ин бачаи мансабдор БЕГУНОХ мебарояд! Ин турфа фариштаанд новобаста аз он ки соати 2-и шаб аз кайфхона баромада масту аласт одамхои бечораро пахш мекунанд! Набошад, наход он бечораи корманди камунали (чавони 30) сола, ки соати 3-и шаб дар кори давлат буд чавобашро ки медихад?! Агар конун мешуд дар Точикитон мушкилихои мо ба ин хад намерасид....

Точик
агар ягон камбагал мешид кодекси чиноятира дар сарш мезадан ягон статия намемонд, бачой болохай гунох надорад.

Дар ни садама 2 нафар нею, балки 3 нафар халок шудаанд, мухтарам Вазир!!!! Он чавондухтаре, ки дар пахлуи Фаромуз буд, хомиладор буд!!!

зоир
мебахшед чи ин кадар вазифаи падарашба часпидед, у чавони 23 сола аст ба кардаи худ чавоб медихад баъд ин ходиса ягон кас намехохад инро

Системахои хукукии Точикистон кайхо аз боварии мардум баромадаву обуруяшонро гум кардаанд. Хеч бовари надорам, ки писари муовини сарвазирро суд кунан. Агар судам кунан бади як мох амнисиячонуш мекуна чанобашон. Мебинем хеч коре суръат нахохад гирифт.

Модар дукарат хач рафтааст писари эркаи оча дар соати 1-2 и шаб бевахокати дар дискотека г.. мехурад ??? Агар шумо хочибиби аз писартон инкадар бовари-доред чаро намегуед,ки писаратон бо хамрохии,ки буд ???

мухочир
конун ба шохам як ..аст ба гадохам,,,,,,,

Марди ободкор
Тавачухи ман ба он марде ки соати 2-и шаб барои ободии шахр аз хоби ширин аз чойгахи гарми оила дур шуда Душанберо ОРО медод ба хамон аст. Агар хамингуна фарзандони мардонаи точик аз дасти Майнушон кайфу сафокунандагон нафароне ки хеч заррае ёриашон ба нафъу давлати хеш намерасанд бе чазо монад. Дилам сахт мемонад!

фазлуллох 786
Ассалому алайкум Ман мехозам бар хамон шахсеки навиштааст ба падараш корнагиред савол дорам пас чаро тамоми мардумеки мухолифи хукуматонан падару мондари 70 80 солашон хол надоран аз Дасти хукумат хато зану фарзандонашон ноболигашон хол надоран дарин сурат чаро хакас дар худаш чавоб намедихад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)