Бахшҳо

Даъвати ВКД аз шаҳрвандон: Аз ҷойи ҳодисаҳо видео фиристед

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, нафаронеро, ки ба таври оҷил аз ҷойи ҳодисаҳо навор мефиристанд, қадрдонӣ кунад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шаҳрвандон метавонанд наворҳоро аз ҷойи ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, тавассути шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat (бо рақами (+ 992) 939 222 111) ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилӣ (vkd.tj@mail.ru) ирсол намоянд.

ВКД мегӯяд, ин наворҳо дар гӯшаи “Хабарнигори фаврӣ”-и сомонаи вазорат нашр шуда, комиссияи вижа баъди баҳогузорӣ беҳтаринҳоро бо туҳфаҳои қимматнок ва маблағҳои пулӣ қадр мекунад: “Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад”.
Мӯҳр
Бехтарин икдом. Порагирии корманди БДА ро навор гирм мешав.

Ҳоҷӣ
Беҳтарин иқдом!

Икдоми нек! Аммо худи пулис барои гирифтани акс ва ё видео мамоният эъчод менамояд. Мегуянд мумкин нест. Дар мошин агар видео регистратор дошта боши мегиранд.

nabi farhor
Пеш аз майдони футбол даромадан талотуми зиёд мегардад.То хатто миллисахо хакорат мекунанд хаминхоро видео кунем чи хелай.

в
Комил,

Рост гуфти. Ин хамааш популизм аст, яъне ки хокпоши ба чашми мардум. Се руз пеш журналисти Фаражро ки акс гирифтани буд милисахо латту куб намуда дасташро шикастанд.

Ali
Мухтарам кормандони озодагон аз шумо як хохиш. Аз кормандон ва худи вазир пурсон шавед ки оё сабт намудани кормандони пулис дар чойхои чамьияти тибки конунгузории чт мумкин аст ? Чун ки бисёр холатхое хаст ки корманди милиса дагалона дашном дода камера ё телфонро аз дасти шахрванд зада гирифта ё мешикананд ё флешкаша мешканан ё ки сабтро аз хотира тоза карда медиханд. Масалан икдоми кардаии вкд бархилофи койдахои нонавистаи худи онхо аст. Дар россия озод корманди пулисро сабт мекуни ягон проблема нест вале дар мо не ..

Басо икдоми саривакти, ахсан хусусан барои тартиботи чамьияти муфид хаст. Ташаккури зиед.

Анонимус
Наход як вазорати калони чумхури почтаи худро надошта бошад, ки онхо mail.ru истифода мебаранд?! дар бораи бехатари ва махфи мондани маводхо ягон маротиба фикр кардед?

Ман бовари дорам, ки милисахо худ хабс намешаванд.! Хохиши ман ин аст, ки хамин самти Вахдат Душанберо Постро Чидди назорат баранд. То бехудаву бахуда аз ронандагони таксистхои Вахдати маблаги пуч ва харром нагиранд. Ва ман ба ин икдом рози мешавам. Агар вазъи гуфтаи ман хуб шавад. Агар нашуд наворхо ба самти Чахон фиристода мешавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)