Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Фаъол шудани мухолифин дар хориҷ чӣ таъсире ба Тоҷикистон мегузорад?

Гуруҳе аз мухолифони давлати Тоҷикистон бо вуруд ба як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) аз боздошт ва ба зиндон маҳкум кардани аъзои раёсати ҳизби наҳзати исломӣ эътироз карданд. Теъдоде аз мухолифин рӯзи 19 сентябр дар пойтахти Лаҳистон - шаҳри Варшава ҳамоиши эътирозие баргузор кардаву гуфтанд, дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон зери по мешавад ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бояд ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд. Зимнан, “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: ФАЪОЛ ШУДАНИ МУХОЛИФИН ДАР ХОРИҶ ЧӢ ТАЪСИРЕ БА ТОҶИКИСТОН МЕГУЗОРАД?

Ёрмуҳаммад НИЁЗӢ, мудири Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳо
Албатта ҳаргуна ҳодисаҳои сиёсӣ нисбат ба дигар ҳодисаҳои табиию иҷтимоӣ зудтаъсир аст, аз ҷумла чунин тазоҳуроте, ки саропо аз хушунат ва таҳқири ҳамдигар, ки сарриштаи онро дарёфт кардан бисёр мушкил ва сардаргумкунанда аст, ки мо киро гунахгор ва киро ҳақ пазирем.Шояд раванди тағйири ҳаводиси таърихӣ ба чунин ҳодисаҳо расидагӣ хоҳад кард.

Хурсанд ХУРРАМОВ, сиёсатшинос
Фаъол шудани мухолифинини тоҷик дар Аврупо даъвати ҷиддие барои Душанбе мебошад. Агар то ин замон ҳукумати расмӣ вуҷуди маҳбусини сиёсӣ ва фишор ба мухолифинро иқрор намекард, баъди иқдоми ахир ин кор барояш як миқдор мураккабтар мешавад. Аз аназари ман, мухолифини тоҷик, аз ҷумла намояндагони ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба таври бисёр возеҳ муборизаи дар навъи худ бидуни хушунатро пеш гирифтанд, ки метавонад аврупоиҳоро барои гузоштани қадамҳои ҳалкунанда водор намояд. Онҳо метавонанд фишорҳои худро ташдид бахшанд ва ё дар баробари мансабдорони алоҳида таҳримоти мушаххас ҷорӣ кунанд ё бо пахши изҳороти расмии дорои харакатери тавсиявӣ аз канори ин гуна иқдомоти мухолифин рад шаванд.

Маҳмуд БУРҲОНОВ, таҳлилгари сиёсӣ
Дар ин ҷо ду нукта аст: Нуктаи аввал, ҷанбаи инсонии масъала аст. Ҳамон тавре ки ба ҳамагон ошкор аст, дар як соли ахир аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ангезаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон боздошт ва дар додгоҳҳои ғайри аланӣ ва ғайри шаффоф бо иттиҳомоти сохта маҳкум ба зиндон шуданд, он ҳам бо тӯлонитарин муддатҳо. Хеле табиъӣ аст, ки ин бархӯрдҳои ғайри мунсифона бозтобҳое хоҳад дошт ва барангезонандаи аксуламалҳое хоҳад буд. Билохира он касоне ки зиндон шуданд инсонанд, хонавода доранд, азизоне дорад ва азизонашон дилу отифаву эҳсосот доранд, иззати нафс доранд. Бинобар ин, маълум аст, ки ин бархӯрди ҳукумат дили онҳоро ҷароҳатдор ва иззати нафсашонро поймол менамояд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баръакс ҳукумат бояд шукр кунад, ки “душманонаш” он қадар бузургвор ва бомаданият будаанд, ки дар баробари ин ҳама бархӯрд, боз ҳам дар чорчӯбҳои маданияти инсонӣ аксуламали худро нишон медиҳанд.

Нуктаи дуввум, ҷанбаи сиёсии масъала мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамон ҳизбест, ки бо шарофати гузашту исори ӯ дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ ба поён расид. Имрӯз гӯиё хелеҳо аз ёд бурданд, ки ҲНИТ яке аз тарафҳои сулҳу созиш ва оштии миллӣ буд, ҳизбе ки аз оғози истиқлол сар карда дар тамоми таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон яке аз бозигарони таъсиргузор будааст. Бинобар ин, хеле содалавҳона аст, ки пиндошта шавад, ин пешинаи решадорро метавон, бо чанд моҷароҷӯии сиёсӣ аз андешаи миллат зудуд. Интихоботи парлумони соли 2010-ро ба ёд доред? Тибқи омори шибҳирасмӣ намояндагони ҲНИТ беш аз 40 дарсади орои мардумро аз худ карда буданд. Ин нишонгари пойгоҳи мардумии васеъи ин ҳизб аст, ки табиъатан бо таҳти фишор қарор гирифтан ва мазлум воқеъ шудани ҳизб, ин пойгоҳ дучандон хоҳад гашт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, пурвозеҳ аст, ки фаъолият ва таҳаррукоти аъзоёни ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар, ба хотири ҷойгоҳ ва пойгоҳи густардаи мардумиаш, бе шубҳа таъсироти зиёд ва созандае дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон хоҳад дошт. Аввалин таъсири он, зинда нигаҳ доштани ормонҳои пайравонаш мебошад, ки солиёни сол бо он ормонҳо ҳаёти сиёсии худро пеш бурдаанд. Таъсири созандаи дигари он эҷоди умед дар дилҳои ҷавононест, ки худкомагии ҳукумат дили онҳоро аз муборизоти мусолиматомези сиёсӣ ноумед карда ва ба самти ифротгароӣ савқ медиҳад. Дар воқеъ ҳар фаъолият ва муборизаи солими сиёсӣ мисли подзаҳре дар баробари рафторҳои заҳролуди худкомагон мемонад, ки дониста ё надониста ҷавононро ба самти муборизоти носолим ва ифротӣ мекашонад. Бинобар ин, фаъолиятҳои имрӯзаи ҲНИТ на фақат барои худаш таъсирбахш аст, балки беш аз он барои ҷомеъа ва ҳаёти сиёсии кишвар таъсири созанда хоҳад дошт.

Меҳрон БАШИРӢ, муҳоҷири тоҷик дар Аврупо
Фаъол шудани ҳаракатҳои оппозитсиюнӣ дар хориҷи кишвар ба фазои сиёсии дохилии Тоҷикистон таъсири чашмрасе надорад. Далели ин иддаои ман он аст, ки ҳар гуна ҳаракатҳои мухолифи ҳар ҳукумат бе доштани заминаҳои дохилӣ ба чизе даст пайдо намекунад. Айни чизро мо дар симои мухолифони тоҷик мебинем. Онҳо дар дохили Тоҷикистон ба гунаи шадид саркӯб шудаанд. Чанд тане ҳам ки мондаанд як ҳарфи онҳо масъалаи буду набудашонро рақам мезанад. Танҳо коре, ки он мухолифони бурунмарзӣ метавонанд бикунанд, ин ба гӯши ҷаҳониён ба таври айнӣ расонидани вазъи мухолифони сиёсӣ дар дохили кишвар аст. Ба мисли вориди ҷаласаи САҲА шудани онҳо.

Абдуманон ШЕРАЛИЕВ, ҷомеашинос
Фаъолияти мухолифин ва фазои сиёсӣ иртиботи мустақим ба ҳамдигар доранд ва тағйир дар равиш ё ҳаракати яке наметавонад ба дигари таъсир нарасонад. Ба хусус дар Тоҷикистон, ки ҳукумат нисбати мухолифинаш бисёр ҳассос аст ва ба камтарин ҳаракоти онҳо вокуниш нишон медиҳад. Ҳамин тазоҳуроти дирӯзаи мухолифин дар бинои САҲА ҳам таъсири чашмрасе ба мақомот доштааст, ки аъзои хонаводаи мухолифинро ба идораҳои мақомоти интизомиву амниятӣ бурдаанд. Ва ин "тадбир"-и мақомот ҳам, ки нисбати мухолифин меандешанд, бе таъсир ба фаъолияти ояндаи онҳо нахоҳад буд. Ҳатто хонаводаи онҳое ҳам, ки аслан дар ҳеч тазоҳурот ва фаъолияти сиёсие ширкат накардаанд ва танҳо гуноҳашон ҳамин будааст, ки дар хориҷ қарор доранд ва озодандешанд, бозпурсӣ шудаанд, ки ин кор ҳам бетаъсир намонда, бештар ба зарари ҳукумат тамом хоҳад шуд. Чун, як нафар шояд ба он хотир сукут ихтиёр кардааст, ки намехоҳад хонаводааш озурда шаванд ё дар фикри зиндагии шахсии худаш аст, вале вақте хонаводааш танҳо бо ин сабаб, ки кадоме гумон кардааст ӯ дар фаъолияти мухолифин ҳамроҳ аст, чун дар хориҷа қарор дорад, истинтоқ ба таҳқир мешаванд, ин нафар тасмимаш ҳам алайҳи онҳое хоҳад буд, ки алайҳи хонаводааш иқдом кардаанд. Ва ҳамин иқдомҳову вокунишҳо чӣ аз тарафи ҳукумат ё мухолифин ва ё шахсони алоҳида, ҳатман дар фазои сиёсӣ таъсир мекунанд.
Мӯҳр
.
Бори кач ба манзил намерасад.

Илхом Алиев
Фаъолияти мухолифини точик дар хорича бе дастгири, сармоягузори ва сарпарасти пайдо намешуд. Шумо худ казоват кунед барои гузаронидани як маъракаи сиёсии кучак намояндагони хифзи хукуки хар кишвар ба хотири таъмини амният чорахои мушаххас меандешанд, вале бо сабабхои ба мо номаълум яку якбора вориди толор шудани иддаои шахсони номаълум аз он шаходат медихад, ки онхоро махсусан пешаки тайёр карда ба хотири паст кардани нуфузи кивари мо дар арсаи байналмиллали вориди толор кардааанд. Ман хамчун шахрванд ва истикоматкунандаи Чумхурии Точикистон хаминро кайд мекунам, ки дар Точикистон хамагуна конун ва хукуки башар риоя карда мешавад. Дар Руми кадим гуфтаанд, ки хохи ки озод боши гуломи конун бош.


Шерали Кадыров
Мо дигар хеч гох ходисахои аз сар гузаронидаи солхои чанги шахрвандиро аз хотир нахохем баровард. Мо миллати точик мухолифинро як бор бахшидем, вале онхо боз фаъолияти гаразноки худро идома доданд ба монанди каждум аз нешзани намонад, мор аз газидан умуман киссаи хезумкаш ва морро ба хотир биёред... Мо доимо давлату миллати худро дастгири мекунем.

Вазъро худ ноором кардед. Хукумати Точикистон. Сатхи бекори, камбизоати, зиёд шудан мухочират, поймол шудани хукуки инсон, дар Троллейбус аз хад зиёд одам бор кардан,!

Фаол шудани мухолифин албата тасир ба чомеаи мо дорад зеро мухолифин гарчанде дар хорич бошад хам дар дохили точикистон тарафдорони хеле зиёд дорад.Худо нигох дорад шояд онхо рузе ба туфон мубадал гардат.сабаби тарафдорони зиёд доштани мухолифин ин аз шароити иктисодии давлат вобастаги дорад.Бинед бисёри чавононе,ки ба ДОИШ пайваст мегарданд махз аз барои пул аст барои хамин то замоне иктисодиёт рушд намекунад мо аз мухолифин халос намегардем.

Дилшоди Амир
Ин гуруххои мухолифин то ба даст овардани Истиклолияти Точикистон монеъаги карданду, боз пас аз Итиклолият низ дар Точикистон нооромихоро ба миён овардан, ки ба ниятхои гаразнокашон нарасиданд. Имруз бошад аз берун ниятошона амали карда истодаанд. Онхо як гурухи кучаки бозичаи дасти хоричиён мебошанд. Ба тамоми шахрвандони чумхури гуфтаниям, ки ба дасисахои онхо бовар накунед, ки омада давлати точиконро ободу зебо мекунанд. Танхо манфиатхои худашонро амали мекунанду халос......

Комил Нуров
Кирдорхои инхо дар дохили чумхури фош шудаасту, имруз аз берун фаъолияташонро идома дода истодаанд. Шахрвандони Чумхурии Точикистон дигар ба инхо бовар ва онрохоро дастгири намекунанд. Бинобар ин ба Истиклолияти мо дигар халал нарасонед. Як гуфтори хуб аст " Гар хуби карда наметавони, бади накун"!!!!!

Сайхомид
Мусаллам аст, ки вуруди ба ном мухолифинро макомоти аврупойи мусоидат кардаанд. Онхо бояд хич рох намедоданд, ки чанд тан муздур вориди мачлисгох шаванд. Мухолифин агар заминаи ичтимоие медоштанд, ба Аврупо намерафтанд. Онхо як кори хуб карданд, ки хамон пулхои додаи хомиёни хоричиашонро халол карданд...

Шерали Кадыров,
Барги бедбарин меларзи аз шунидани номи мухолиф !!чи саысата хондаимтодаи ??
Мо низ дар ёд дорем чангро вале ин сабаб нест,ки мо бояд хомуш нишинем ва дигарон болои хаку хукукхои ин миллат тачовуз кунанд!!!
Мард он,ки сари дор сарафроз бимирад.
Як бор таваллуд шуда, якбор бимирад!!!

Устоди Д. Технологӣ
Созмонҳои байналмилалӣ бояд ба ҳуқуқи дохилӣ арҷ гузоранд!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, таъмин намудани амният, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот чораҳои гуногуни ташкилӣ ва ҳуқуқиро бидуни дахолати давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Аз ҷумла, рўзи 29 сентябри соли 2015 дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътироф намудани ҲНИТ, қатъ намудани фаъолияти он, қатъ намудани нашри рўзномаи «Наҷот», бастани вебсайти интернетии ҳизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб қарор қабул намуд.
Ҳамчунин «Гурўҳи 24» низ бо қарори махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътроф карда шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар фард ё гурўҳе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиши анҷом ҳадафҳои ин созмонҳоро дорад, ҷинояткор ҳисобида мешавад.

Проф. Д.технологӣ
Магар ҷазо додан барои ҷиноят қонуншиканӣ аст?
Ҷаноби Стив Свердлов, ки худ муҳаққи масоили Осиёи Марказӣ мебошад, хуб медонад, ки қувваҳои бо ном “муҳофизони ислом ” ва “демократ” ба сари мардуми тоҷик чи балоҳо ва азиятҳоро оварда буданд.
Яке аз сабабҳои хараҷу мараҷи сиёсие, ки тули панҷ сол Тоҷикистон гирифтораш буд, ин қонуншиканӣ, поймол кардани ҳуқуқҳои аксари аҳолии бо онҳо ҳамфикр набуда ва ба ҳамин васила поймол кардани манфиатҳои аксари мутлақи аҳолии ҷумҳурӣ буд.
Ҳақ ба ҷониби файласуфи бузурги олам Афлотун аст, ки фармудааст: Мехоҳед озод бошед? Пас зарур аст, ки шумо ғуломи қонун бошед!
Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявиро пеша намудааст.
Барои ин заминаҳои боэътимоди санадию меъёрӣ фароҳам оварда шудааст. Воқеан демократӣ будани Конститутсияи ҶТ ва дар қатори даҳ конститутсияҳои беҳтарини дунё қарор доштани он, демократӣ будани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро бонуфӯзтарин ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф кардаанд.
Ҳамаи ин санадҳо ифодакунандаи манфиатҳои халқ ва таҷассуми ҳуқуқу озодиҳои вай мебошанд. Мусаллам аст, ки ҳар ашхосе, ки хилофи талаботи ин санадҳо амал мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. Ва ин низом дар ҳама кишварҳои мутамаддин ба ҳамин поя қарор дорад.
Вале, афсус, ки на ҳама одамон ин нуктаро дуруст дарк карда метавонанд. Шояд хуб ҳам дарк кунанд. Аммо ғаразҳои маҳдуд ва муғризонаи сиёсиашон онҳоро маҷбур месозад, ки ба қонуншиканӣ даст зананд.
Агар ҳамин хел бошад, пас сухан дар бораи кадом ҳуқуқпоймолкунии шаҳрвандон дар Тоҷикистон меравад?
Шояд ба ин суол ҷаноби Стив Свердлов ҷавоб медиҳад?
Омузгори Донишгоҳи
Технологии Тоҷикистон

Дарвеш
Хукуки инсон дар Точикистон умуман риоя намешавад. Бинед бекори, ноадолати, интихоботхои ношафоф ва гайридемократи,бебарки, камбизоати, ришвагири, хешутаборбози, махалгарои, шиканча , андозхои баланд, набудани озодии баен.Магар хамаи ин камбудихо накзи хукукхои инсон нестанд?

Комментарияхора мехонию гумон мекуни,ки шахрванди Сингапур хасти. Вале хайхот ин тур нест.

Шариф
Онхо бо ин корхояшон танхо обу руи Халки точик ва Точикистонро паст зада истодаанд!

Исфара
Агар Шумо хуб мебудед дар Чумхурии Точикистон Шумоёнро дастгири мекарданд, Шумо бозичаи дасти хоричиён хастед. Шумоёнро дар Точикистон хиёнаткор ном мебаранд ва мешиносанд!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)