Ҳайати Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷаласаи САҲА-ро тарк кард

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи САҲА, ки Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик низ шомили он аст, имрӯз, 23 сентябр бо нишони эътироз аз ҳузури намояндагони ҳизбу гуруҳҳои мамнӯъ дар ин ҳамоиш, эълон кард, ки ҷаласаро тарк мекунад.
Дар изҳороти ҳайати Тоҷикистон, ки торнамои расмии САҲА нашр кардааст, таъкид мешавад, “мо ҳузури бархе аз афроди ҷинояткор ва мавриди кофтукоббударо дар ҷаласаи САҲА, таҳдиду фишорҳоро таҳаммул кардем. Аммо рӯзи гузашта онҳо аз ҳад гузаронданд ва моро водор карданд, ки вокуниш нишон диҳем”.
Ҳайати Тоҷикистон бо эълони ин нукта, ки ҷаласа дар мавриди демократию ҳуқуқи инсонро тарк мекунад, гуфтааст, даъвои гуруҳи эътирозгар дар мавриди таъқиби сиёсӣ асос надорад: “Ҳадафи онҳо бадном кардани ҳукумати Тоҷикистон ва худро ҷабрдида нишон додан аст. Ба ҳамин минвол мехоҳанд аз пуштибонии сиёсӣ бархӯрдор шаванду ҳаққи иқомати доимӣ дар Аврупо бигиранд. Агар барои ҷинояткорон ин роҳи гурез аз ҷавобгарӣ аст, барои бархеи дигар роҳи осони ба Аврупо рафтан мебошад”.
Дар мавриди таъқиби вакилони дифои 13 узви маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ ҳайати расмии Тоҷикистон изҳор доштааст, ба ҳимояи маҳкумшудаҳо 16 вакили дифоъ машғул буданд: “Аммо ҳамагӣ ду нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки ба иштирокашон дар парвандаи аъзои раёсати ҲНИТ рабт надорад”.
Ҳайати Тоҷикистон эълон кардааст, аз рӯзи аввали ҷаласа намояндаҳои гуруҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон аъзои ҳайатро мавриди таъқибу фишор қарор доданд: “Дар пайи таъқибҳо се рӯзноманигор ҷаласаро тарк карданд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз робита бо ин афрод мегурезанд. Роҳ ёфтани афроди ҷинояткор ба ҷаласа барои гуфтугӯи созанда мусоидат намекунад”.
Намояндагони Тоҷикистон аз аъзои кишварҳои узви САҲА, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ даъват кардаанд, ҷаласаи солонаи ин созмонро ба “бюрои шикоятҳо” табдил надиҳанд: “Изҳороти мо набояд чун баҳона баҳогузорӣ шаванд. Бо назардошти гуфтаҳои боло ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқии инсонро тарк мекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |