Бахшҳо

Прокурори Суғд: Рӯзе бе худкушӣ нест ва аксаран сабаб номаълум мемонад

Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд аз сатҳи баланди худкушӣ дар вилоят изҳори нигарони карда мегӯяд рӯзе нест, ки худкушӣ, ё суиқасд ба он сурат нагирад.

Воҳидов ин нуктаро 23 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор дошта, таъкид намуд, ки тайи чанд соли ахир ҳолатҳои худкушӣ дар вилоят нисбат ба дигар шаҳру навоҳии кишвар бештар мебошад.

Ба иттилои додситони Суғд тибқи санҷишҳо баъзе худкушиҳо бар асари мастӣ ва ё касалии руҳӣ сар мезананд: “Аммо аксар вақт мақомоти қудратии вилоят асрори худкушиҳоро дақиқ карда наметавонанд, ки бо кадом сабаб рӯй додааст”.

Ӯ афзуд, агар панҷ-даҳ соли ахирро таҳлил кунем дар мавриди ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои худкушӣ натиҷаи назаррас дида намешавад: “Муассисаҳо ва сохтору идораҳои дахлдор дар самти пешгирии ин ҳодиса вазифаи қонунии худро ба таври зарурӣ иҷро намекунанд”.

Нигаронии додситонӣ дар ҳолест, ки танҳо соли гузашта дар вилояти Суғд беш аз 300 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Мӯҳр
Мухтарам прокурор худкуши бо сабаби набудани кор ва хурондан, пушонида натавонистани оилахояшон аз дасти шумо барин подхалимон рух дода истодааст

хучанди
барои бе проблема шудан чи чинояте шуда бошад дар гардани мурда ресмон баста худкуши ба кайд мегиранд.чаро хозира худ кушхо ягон передсмертны хатча намегузоранд?

мехмон
Имруз бухрони иктисоди тамоми давлатхои зери таъсири Руссия мондаро фаро гирифтааст. Худкушии шахрвандони Точикистон ин норасои дар зиндаги мебошад. Имруз 75% кувваи кори, чои кори доими надоранд. Бекории онхо аз сабаби набудани-- маблаг дар шугли ахоли чуброн намешавад. Бояд хукумат ва Мачлиси Оли доири ин масъала чораи фаври бинанд. Набошад солимии миллат дар хатар аст!!!!

Кулоби
Шумо барои чи кор мекунед як одама намедонед ки куштааст маоши нақд мегиред.... Аз 30. декабри соли 2014 Як бародарро дар парки чикаловски шаҳри В.СУғд ба дор овехтанд.... шумо худкуши гуфта аформит карда рафтед... маоши мегиред насиб накунад.. ҳамон шаб чор нафар дар в.Суғд ба дор овехта шуд. шумо худкуши гуфтед.., вайҳо бо як намуд банд овехта шудагиянд. кобед наёбед чавобаша дар назди пешвои миллат мӯҳтарам Ҷаноби Оли Эмомалии Раҳмон медиҳед. ...

Мухтарам Вохидов!!! Сабабхояш маълум асту, аммо прокурорхои мо пора гирифта, тарафи гунахкорро сафед мекунанд ва дар натича сабаб маълум намешавад. Инро ман шахсан аз тачрибаи худ мегуям. Вакте ман сабаби ба худкуши оварда расонданро ба прокурор гуфтам, тули як мох тафтиш бурда шуд ва дар охир гуфт, ки шумо зинда хастеду мо делоро катъ мекунем. Яъне то намури, касеро ба чавоб гари намекашанд. Вакте мурди, доля мегиранду касеро гунахкор намекунанд. Ин аллакай як анъана шудааст.....

Сабабаш чи хел маълум не? Нодори,кашшоки,дармондаги,беилочи,бекадри. Ана сабаб.

.... Ахсан бо рафик прокурор !!! Агар хама хами тур кор мекарданд ...
--- .... муассиса ва сохтору идорахои давлати .... вазифахои конунии худро ичро намекунанд ...
Хело афсус лекин он кас сад дах фоиз хак ""/

Тоҷик
Чи хел аксаран сабаб номаълум мемонад???!!! сабаб маълум аст! сабаб бӯҳрони иқтисодӣ аст, давлат ҳам барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ на танҳо ҳеҷ иқдоме намекунад, балки ҳар руз боҷу хироҷро бар мардум зиёд мекунад ва мардум ҳам ҷонашон ба лаби даҳонашон мерасад ва маҷбуранд, ки худро бикушанд.

222
сабаби асоси ин шароити сангини зиндаги ва ноумеди ба оянда аст. наход прокурор инро надонад?!!?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)