Бахшҳо

Президент барои бунёди давлати муқтадир 3 чизро муҳим хонд: Ин кори осону 1-2-сола нест

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 26-уми сентябр дар рӯзи дуюми сафараш ба водии Рашт аз ноҳияи Тоҷикобод боздид карда, бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқот анҷом додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот дар баробари баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз вазъи ҷаҳон зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ бисёр ҳассосу ноором аст: “Бо дарназардошти шароити бисёр ҳассосу ноороми ҷаҳони имрӯза мехоҳам бори дигар аз ҳамаи падару модарон, омӯзгорону фаъолон, аҳли зиё, умуман ҳар фарде, ки ободиву оромии мамлакат ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламонро азиз мешуморад, хоҳиш намоям, ки ба хотири ободу зебо гардонидани диёри хеш ва ноил гардидан ба зиндагии шоиста ба масъалаҳои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу оромӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, инчунин, таълиму тарбияи фарзандон ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми ватандӯстонаи хешро дареғ надоранд”.

Президенти Тоҷикистон дар идома аз мушкилоти давлатсозӣ суҳбат карда, барои бунёди давлати муқтадир се омилро муҳим хонд: “Давлатсозӣ, хусусан, дар шароити имрӯза, кори саҳлу осон ва раванди яксолаву дусола нест, баръакс, бунёди давлати муосиру муқтадир аз ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, самимона дӯст доштани Ватан, заҳмати содиқона ба хотири ободии он ва ҳушёриву зиракии доимиро талаб мекунад”.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз ҷавонон умеди зиёд дорад ва хостори ҳимояи онҳо аз мафкураи бегонаю ифротӣ шудааст: “Бо дарназардошти он, ки вазъи минтақа ва ҷаҳон торафт ҳассосу мураккаб шуда истодааст, ҳар фарди бонангу номус ва огоҳи миллат вазифадор аст, ки барои ҳимояи давлатдории миллиамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ва аз таъсири зарарноки ақидаву мафкураи бегона ва гурӯҳу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро эмин нигоҳ доштани мардум, алалхусус, наврасону ҷавонон, ки мо аз онҳо умеди зиёд дорем, ҳамеша ҳушёру омода бошад”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур “мо бояд мунтазам кӯшиш кунем, ки фарзандони мо аз таълиму тарбияи замонавӣ бебаҳра намонанд ва онҳоро тарзе тарбия намоем, ки дар оянда ҳамчун насли сазовори миллат ва давлати тоҷикон ба камол расанд”.
Мӯҳр
Точик бояд беислом ва дар дини зардушт тарбия ёбад. Мачуси шавад оташпараст шавад ,аммо мусалмон нашавад.

Тоҷик бояд боақлу хирад ватандусти воқеъи бошад на бандаву бардаи дину мазҳаббозиҳои дасти бегонагон.................

мехмон
Тоҷик бача,
Инсон новобаста ба миллат хамавакт бандаю гулом хаст ва мемонад. Агар бандагию вобастаги набошад зиндаги низ нест. Кариб 87% - и ахолии ба балогат расидаи курраи Замин бандаи дину мазхабе мебошанд.

Ахмад
Точик аз кадим миллати бо имон ва бо маданият буд хеч гох бо забони нешзананда ба хеч диндору пайрави дине сухан нагуфтааст. Барои хамин миллати бо фарханг унвон гирифтааст. аз дустон хохиш мешавад ба дину эътикоди мардум бехурмати накунанд.

Айнулкуззот
Ахмад,

Точиконро бофарханг танхо худи точикон мепиндорад. Дар Русия, масалан, точикро кавми аз хама пасту кафомонда мепиндоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)