Бахшҳо

“Охирин огоҳӣ”-и Убайдуллоев ба Лангариева, Улмасов, Муҳаммадюсуф

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз фаъолияти комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин интиқод карда, ба масъулин барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат додааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 26 сентябр таъкид намудааст, аксаран қонунпоймолкуниҳо дар самти танзими расму оин бо сабаби хунукназарии масъулин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муносибати якхелаву муносифонаро нисбати хилофкорон роҳандозӣ накардан рўи кор омада, ба он боис гардидааст, ки ҳолатҳои зиёдаравиҳои намоишкорона ҳанӯз ҷой доранд: “Барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои зикршуда ба муовини раиси шањри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Фирӯз Улмасов ва мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва љашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат дод”.

Манбаъ афзуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев Манзура Саломова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанберо аз вазифа сабукдуш кардааст. Ӯ аз иҷрокунандаҳои вазифаи прокурори шаҳр ва прокурорҳои ноҳияҳои пойтахт даъват кардааст, ҷиҳати таъмини волоияти қонун чораҳои назоратиро пурзӯр намуда, ҳамзамон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, густариши фаъолият алайҳи ифротгароӣ ва дигар зуҳороти номатлуб, пешгирӣ ва аз байн бурдани тақлидкорӣ ва таъсирасонии фарҳанги бегона тадбирҳои муассири оммавӣ андешанд: “Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти роҳбарияти Раёсат ва шӯъбаҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро дар самти иҷрои қонуни зиркршуда ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, ба хусус нозирони минтакавиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, дастур фармуд, ки оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуб бо дарки баланди масъулияти хизматӣ чораҳои мушаххас андешанд”.
Мӯҳр
дилсузи ватан
Офарин чаноби раис лекин назорати суханхои гутагиатонро назорат кунед нозирони минтакави умуман кор намекунанд дар майдонхои варзиши кучахо толорхо чанг мешавад нозиро телефон мекуни намебиёяд ягон чора намеандешанд зависими астанд

сокини пойтахт
Суханони хуб гуфтед Нозирони минтакави умуман кор намекунанд Дар ягон чо вокеа шавад занг мезани намебиёянд Ин худи бе назоратии худи рохбарошонаи

Дарди чомеаро бе андешидани чорахои зарури ва пешгири аз ходисахои номатлуб рафъ кардан гайри имкон аст. Кучо шуд назорати конуни масъулияти падару модар? Агар нозирони минтакави назоратро нисбати ин конун пурзур накунанд риояи он ба гумон амали шавад. Як шабона ба кучахои шахр бароянд, ё назди бинохои баландошёна ба чашми сар мебинанд, ки наврасони ноболиг то поси шаб ба чи корхое машгул нестанд. Алахусус дар чоррохаи гардиши фурудгох. Аз магалу пойгаху бетартибихояшон касеро аз масъулини тартибот парвое нест.

Бисер мехохам ба суханони М. Убайдуллоев бовар кунам, аммо афсус.... Чанд сол пеш ваъда дода буд, ки дар мактабхо пеши рохи пулчамъкуниро мегирад, аммо имрузхо дар тамоми мактабхо аллакай дар мачлиси падару модарон маблаги мохонаи ба маллим медода муайян шудаасту касеро правое нест. Шояд айб дар муовинон нею дар худи рохбари асоси бошад. Кадрхои наву замонави, ки диди нав доранд, ба кор гирифта намешавад...

Хуб мебуд сарвари бонувони шахр модари солор ки худ оилаи солим ва мухити солими оилави дорад ва намунаи модарон бошад интихоб карда шавад то дигарон аз у дарси хаетро омузанд.

содик
раиси занхои шахр камашда бояд доктори илмхо бошад илмхои педагоги ё чомеашиноси...... дар интихоби раиси занхо набояд ки ба саросемаги рох диханд Раиси мухтарам

Барои раиси занхо олима будан шарт нест. Дар ин маком занхои намуна боифат, хонадор, сохиби оилаи солим-махсусан як никох дошта бошад,то ттавонад хохарони моро бо ахлоки некуи худ рахнамои кунад ва асолати хонадории модари точикро нигахбон бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)