Бахшҳо
28 сен 2016 14:59Тоҷикистон / Сиёсат

"Фолбинон"-и Кремл: Нигаронӣ гоҳ аз таҳдиди ДИИШ-у гоҳ аз инқилоби сабзи исломӣ

Дар Кремл, мақари ҳукумати Путин як гуруҳ коршиносон ба таҳлили авзоъ дар Осиёи Миёна машғуланд, ки пешбиниашон монанд ба фолзаниҳои фолбинон аст. Тақрибан ду соли ахир аз минбари Кремл он қадр нигарониҳо матраҳ шуд, ки фикр мекунед, шояд Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон аз доғтарин ё буҳронитарин нуқтаи ҷаҳон бошад.

Ин нигарониҳо агар як ё ду бор матраҳ шавад, ҳарфест мантиқӣ, вале агар борҳову борҳо ва тайи солҳо бидуни ҳеч далел ва хаёлбофиҳо матраҳ шаванд, ба назари мардум як кам ба фолзанӣ монанд мешавад. Ҳарф ин ҷост, ки коршиносони рус дар моҳҳое ҳадди ақал як ё ду маротиба дар хусуси Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон изҳори назар мекунанд. Яке аз масоиле, ки ҳамеша баҳона барои изҳори назари коршиносони рус аст, ин ҳузури гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонисттон ва эҳитимоли таҳдиди он ба ин минтақа аст. Забир Кобулов, намояндаи вижаи Путин дар умури Афғонистон ягона коршиносе ҳаст, ки ҳамеша бозори расонаҳоро гарм медорад ва ҳарфаш бо каме тобишҳои нав дар хусуси таҳдиди гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” аст. Ин нигаронӣ ва дифоъ аз амнияти кишварҳо кори оқилона аст, вале ба назарам, коршиносон ва мақомдорони рус, ба вижа Забир Кобулов гоҳ-гоҳе бо мақеъгириҳои такрории худ башараи Кремлро ба мардуми минтақа ва ҷаҳон хунук мекунанд. Агар як мурури кутоҳе ба изҳори назари оқои Кобулов бияндозем, ҳадди ақал дар интернет номи ӯро бигуглем, хуб маълум мешавад, ки ӯ чӣ қадр нигарони Осиёи Миёна аст.

Тозатарин назари ин намояндаи вижаи Путин дар мавриди вазъияти амниятии Афғонистон аст. Ӯ гуфтааст, вазъи бади амниятии ин кишвар ба се кишвари ҳаммарзи он - Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон бетаъсир нахоҳад монд. Замир Кобулов таъкид мекунад, дар ҳоле кишварҳои Осиёи Миёна гирифтори мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии зиёде ҳастанд, ин 3 кишвар ниёз ба масрафи маблағҳои қобили таваҷҷуҳ барои таъмини амнияти марзҳои худ бо Афғонистон доранд. Ӯ дар мавриди Тоҷикистон мегӯяд, “албатта ин кор дар Тоҷикистон осон нест. Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз таҷрибаи хубе бархӯрдоранд. Пойгоҳи 201-и Русия ҳам аз он ҷо барои истироҳат нест. Бо ин ҳама, он ҷо куҳҳо, дарраҳо ва рӯдхонаҳои кӯчак ҳастанд ва ифротгароҳо на танҳо ба Тоҷикистон, ҳатто худро ба Қирғизистон ҳам мерасонанд”.

Ин нигарониҳо қабл аз ҳама аз сӯйи раҳбарияти ин кишварҳо матраҳ шуд ва мешавад. Онон бо қатъият изҳор медоранд, ки кишваршон омодаи ҳамагуна таҳдидҳои беруна аст. Ин худ гувоҳ бар он аст, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна аз таҳдидҳои гуруҳи “Давлати исломӣ” бепарво нестанд ва то ҷое ки тавони кишварашон аст, бо он таҳдидҳо муқобала мекунанд. Аммо ин ҷо, ба вижа дар назари коршиносони рус, як навъ баҳраҷӯйиҳои сиёсӣ аз ин нигарониҳо ба чашм мехӯрад. Бо бузург нишон додани таҳдидҳои он сӯйи марз, онҳо эҳтимолан сахт муштоқи таҳти назар гирифтани контроли марз дар минтақаи Осиёи Марказиянд. Ин факт хаёлӣ нест, чаро ки коршиносон рус, ҳатто сиёсатмадоронаш чанд маротиба масъалаи таҳти назорати Кремл гирифтани сарҳадро матраҳ карданд. Ин як тарафи масъала. Аммо масъалаи муҳим нигаронӣ аз таҳдидҳои гуруҳи “Давлати исломӣ” аст. Вобаста ба ин таҳдидҳо кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна размоишҳои муштараке доир мекунанд. Русия дар як соли ахир беш аз 3 размоиши муштарак дар Тоҷикистон, дар наздикиҳои марз анҷом дод ва як навъ қудрати низомии ин кишвар дар ин минтақа ба намоиш даромад. Кишварҳои дигари минатақа, ба вижа Қазоқистон низ чораҳои шадидтаре андешидаанд, то аз таҳдид ва хатароти гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ҷилавгирӣ кунанд. Онҳо амалан бо падида мубориза мебаранд. Вале аҷиб ба назар мерасад, ки ҳар вақт Кремл аз ин минтақа эҳсоси дурӣ кунад, коршиносонаш гоҳ аз таҳдиди “Давлати исломӣ” ва гоҳе дигар аз интиқилоби сабзи исломӣ ҳарф ба миён меоранд. Матраҳ кардани ин гуна ҳарфҳо дуруст аст, агар он хаёлӣ ё дар доираи назарияи тавтеа набошад.

Ахиран, як профессори рус, ки дар Донишгоҳи давлатии Маскав дарс мегӯяд, аз инқилоби сабзи исломӣ ҳарф зад. Ин ҷо маҷол нест, ки пешинаи корбурди ин таъбир дар фарҳанги сиёсӣ бипардозем, вале ин ҷо, махсусан дар нисбати Тоҷикистон шояд бори аввал аз чунин таъбир кор мегиранд. Андрей Манойло дар суҳбат бо расонаи русии “Спутник” сар задани инқилобҳои ранга дар Осиёи Миёнаро матраҳ карда, гуфтааст: “Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба гунаи собиқ фишори Амрикоро эҳсос мекунанд”. Ӯ аз ин нукта фаротар меравад ва мегӯяд, ки дар Тоҷикистон инқилоби сабзи исломӣ мешавад: “Онҷо барои иттифоқ уфтодани ин чиз асос вуҷуд дорад. Аммо агар ин як инқилоби исломӣ бошад, пойгоҳи низомии 201-и Русия дахолат мекунад”.

Дар мавриди ин изҳори назар ҳоло ҳеч мақомоти расмии кишварҳои Осиёи Миёна изҳори назар накардаанд, вале воқеият ин аст, ки дар ин кишварҳо иттифоқ уфтодани инқилоби сабзи исломӣ як хаёлбофии ин профессор аст. Зеро дастгоҳои амниятии ин кишварҳо ҳама гуруҳҳои радикалро маҳор кардаанд ва ба гумон аст, ки дар як даҳсолаи ахир гуруҳи қавие пайдо бишаваду аз инқилоби исломӣ дарак диҳад. Дар мавриди Узбакистон низ, ин профессор хеле бо эҳсос ҳарф мезанад: “Дар Узбакистон ҳукумат дар дасти афроде ҳаст, ки мақомоти иҷроияро дар даст доранд, аммо касе аз онҳо лидер нест. Аз ин рӯ як қатор хатарҳо вуҷуд доранд. Узбакистон бештарин нуфус аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва захираҳои бой дорад. Ин ду чиз Амрикоро таҳрик додааст ва пулҳо аз роҳи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ вориди Узбакистон шудаанд. Ман фикр мекунам, ин пулҳо барои дастгирии мухолифин, ки барои иштирок дар интихоботи 4-уми декабр омодагӣ мебинанд, ворез мешаванд”.

Ин назари профессори рус то куҷо бо воқеият рост меояд, вақт нишон хоҳад дод, вале дар мавриди Узбакистон ин воқеият рушан аст, ки фазои сиёсӣ таҳти контроли мақомоти олирутбаи амниятии ин кишвар аст. Гуруҳҳои мухолифи таъсигузор дар дохил надорад, бо пешвоёни маҳзабӣ, ки боиси буруз буҳрон шаванд, Ислом Каримов кайҳо ҳисобро баробар кард ва онҳо дигар вуҷуд надоранд. Ҳоло марҳилаи ба лидер мубаддал сохтани раисиҷумҳури муваққати ин кишвар Шавкат Мирзиёев оғоз шудааст. Аз ин нигоҳ, чунин нигаронӣ аз васвоси амрикоситезӣ бармеояд. Онҳо бо як васвоси ба худашон хос дар ҳама ҷо иззи пои Амрикоро меҷӯянд, чизе ки дар баъзе маврид онҳоро ба фолбинҳо монанд мекунад.

Ораш РУСТАМ
Мӯҳр
Дилшод аз Душанбе
Ҷаноби Манойло ақидааш нисбати инқилоби сабз дар Тоҷикистон пурра нодуруст аст, зеро мардуми Тоҷикистон як маротиба фирефтаи исломгароён гардида, эҳсос намуданд, ки бо таъсири баъзе гуруҳҳои алоҳида ба сари худ мусибат оварда ва сатҳи зиндагии худро ба даҳсолаҳо ба қафо бурданд. Имруз халқи Тоҷикистон ягона роҳи шукуфоии ватанро дар мутаҳидию якдилӣ ва дастгири аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинанд.

тарзан
Русия аз Амрико дар харос аст.Давлатхои осиеи миена рохи худро ефтааст.Дигар барои мо хочагон даркор нест.Мо Пешво дорем

Чаббор
Чунин хомушии мардум, карсакзании зиёди чоплусон окибати хуб надорад! Як бор он шахсоне, ки аз ин Хукумат васф мекунанд, ба тарафи Шимоли Точикистон бо рохи пулакии IRS раванд, баъд хуб мефахманд , ки ин Хукумат то андоза дар фикри мардумаш хаст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)