Бахшҳо
01 окт 2016 12:04Тоҷикистон / Тема дня

Х.Ҳамроқулова: Тоҷикони воқеӣ аз қаҳрамонони сохтаи “Наша Раша”-и бозигарони арманӣ хеле фарқ мекунанд

Хуршеда Ҳамроқулова, дотсенти улуми филологии Мактаби олии иқтисодии Русия дар суханроние дар ҳузури донишҷӯён таъкид намудааст, тоҷикони воқеӣ аз қаҳрамонони сохтаи “Наша Раша”-и бозигарони арманӣ хеле фарқ мекунанд.

"Наша Раша" барномаи телевизиони ТНТ-и Русия буд, ки дар бахше аз он муҳоҷирони Осиёи Миёна, ба вижа тоҷикон масъара ва ҳатто таҳқир мешуданд. Ин барнома бо вокуниши зиёди соҳибназарони тоҷик рӯбарӯ шуда, билохира баста шуд. Аммо ҳанӯз муҳоҷиронро "Равшан ва Джамшуд", ки қаҳрамонҳои аслии барнома буданд, ном мебаранд.

Дар суханронӣ ё лексияи хонум Ҳамроқулова, ки таҳти унвони “Тоҷикон дар Русияи муосир” дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) баргузор шуд, ӯ ба масъалаи муҳоҷирати тоҷикон пардохта, омили аслии онро вазъи иқтисодӣ гуфтааст. Ҷанги шаҳрвандӣ ба андешаи вай яке дигар аз далелҳои суръат гирифтани раванди муҳоҷирати тоҷикон ба Русия будааст.

Раиси Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангии Тоҷикистон” дар бахши дигаре аз суханрониаш ба ҷазб шудани муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия пардохта, таъкид кардааст, ин кор танҳо дар сатҳи созмонҳои фарҳангӣ ва ройгон имконпазир намебошад. Ба бовари вай, аз ин тариқ кор ба дарозо мекашад ва навбатпоӣ барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ афзоиш меёбад. Хуршеда Ҳамроқулова бо ишора ба хислати мардум тоҷик гуфтааст, онҳо меҳмоннавоз, бодиққату боадабанд, аммо таҳқирро намепазиранд.
Мӯҳр
Fifg
барномаи "Наша раша" ва хусусан эпиход дар бораи мухчрирони осиёи маркази хануз бас та нашудааст балки рушд ёфта истодааст. Харруз аз ТНТ HD тамошо кунед соатхои 9 ва 10-и шаб бетаъхир пахш мегардад. Такрор ба такрор!"Ин чо арманихо гунахкор нестанд, факат яке аз бозингарон хуни армани дораду тамом. Он хам бошад зода ва шахрванди Россия буда, ба Арманистон рабте надорад.

Dev
In hama gunohi vazorati farhang, aniktarash gunohi hukumat ast.Ohanro dar garmiash mekuband, onhoro ba zuddi metavonistand ba sud dihandu dahonashonro bandand. Kase parvo nakard, na zijoijon , na bolonishinon guijo hamaro kore nest ba in. Holo baroi har alkash boyad dokazatelstvo bijorem,ki mo az un guftaho nestem.Sharamdagi.Ohir charo kuvvatovbarinhoro nest kardan osonu..? NTV az Alisher Usmonov, maksadi u one ki 15 mln. tojiki uzbakiston az tojik budanashon sharm kunand, bo madaniyatashonu bo palabu atlasashon uzbak shavand? Holo ham der nest, hamasha yakjoya yo ba sud boyad dod yo...ohir davlat boyad dasti daroz doshta boshad.
"Ozodagon" hohish mekunam, nashr kun! In yak temae ki maro saropo mesuzonad.

Албаттв на ҳамаи мо монанди Ровшану Ҷумшуд ҳастем, вале монандҳошам ҳаст

Изхор
Базе русхо аз наша раша хам бадтаранд, пас мо хамаи русхоро бахо дихем. Баъзеш афандии афандианд, масалан мо дар самара будем русхо Арака мехурданд дар дохзили лою чал хоб мекарданд 50 фоизи як деха алкаголик буданд

Чама
Хеле дер шуд. Азбаски гузаштаи моро хеле кам одамон медонистанд, дар таърихи навини Точикистон бояд олимони точбарсар "Равшан ва Джамшуд-ро хамчун хакикати таърих бинависанд, бидуни мо-заъифхо дигар миллатхои дунё аллакай медонанд, ки мо кистем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)