Бахшҳо
01 окт 2016 14:32Тоҷикистон / Акс

Мушовири Сафорати Туркия: Бояд Мавлоно Ҷалолиддини Ҷаҳонӣ бигӯйем (АКС)

Амруллоҳ Каён, мушовири динии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо ишора ба баҳсҳо атрофи мутааллиқ ба кӣ будани Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ гуфт, аз ин ба баъд бояд ӯро Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Ҷаҳонӣ ном бубарем. Ин нуктаро Амруллоҳ Каён дар маҳфили “Ишқи Мавлоно”, ки бо ибтикори Сафорати Туркия дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва бо иштироки сафирони муқими Душанбеву чеҳраҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳаводорони ашъори Мавлоно доир шуд, иброз дошт.

Фотеҳ Қаҳрамон, кордори Сафорати Туркия дар Тоҷикистон аз Мавлоно ба унвони шахсияте ном бурд, ки дар Туркия тавонист барои густариши ахлоқ ва маънавиёт саҳми беназир бигузорад. Шоири саршиноси Тоҷикистон Гулрухсор бо намояндагӣ аз Иттифоқи нависандагон ва Фарҳангистони шеъри ҷаҳон дар ин маҳфил суханронӣ кард ва гуфт, Мавлоно аз аввалин шоиронест, ки дар шеъри форсӣ бидуни қофия ғазал гуфт ва ихтирооти зиёде дар арӯзи форсӣ кард.

Ҳамчунин профессор Шарифмурод Исрофилниё дар ин маҳфил аз пайёмҳои инсонсозии Мавлоно суҳбат кард, ки то кунун барои башарият моҳияти вижае дорад ва ӯ аз ҷумла пайёмҳои Мавлоно вобаста ба танишҳои диниву мазҳабиро барои инсонҳои имрӯз хеле зарурӣ донист.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор гуфт, ҳарчанд Мавлонои Балхӣ аз сулҳу дӯстиву муколама миёни адён ва мазҳабҳо суҳбат мекард, вале имрӯз порае аз сарзамини Мавлоно ранҷи терроризм ва экстремизмеро мекашад, ки ҳосили дингароёни кӯрдил ва худбехабар аст.

Дар поёни ин маҳфил ҳунармандони театри “Аҳорун” намоишеро аз ҳалқаҳои зикр ва самои Мавлоно аз сохтаҳои Фаррух Қосимов пешниҳод карданд.

Мӯҳр
сафорати туркия дарси мавлоношиноси ташкил дорад, мардуми точику афгону эрон як чамъ шуда ки буданатонро муаррифи кунед, кордори сафорат доду фигон дорад, зудтар бошед ки сафирашон ояд боз у мавлонро турк мегуяд

мехмон
Озодагони мухтарам! Чандин маротиба навиштахои маро кайчи кардед. Баъзан ба эхсосот дода мешавам ва навиштахоям сахту тунд мебарояд. Ташаккур ки кайчи мекунед! Аммо инро кайчи накунед илтимос!!!!
ГУЛРУХСОР!! ТУ КУЧО ВА МАВЛОНО КУЧО?!! ОХИР ЯК ПОЧОМАВУ РУЙМОЛ НАХОД ДАР ХОНАИ ТУ ЁФТ НАШАВАД?? О МАВЛОНО ШАЙХИ ДИНИ ИСЛОМ БУДАНД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)