Бахшҳо

Шикояти сокини Восеъ аз “тағобозӣ” ҳангоми пешвози Президент (АКС)

Як модари ҷавон шикоят дорад, ки духтари панҷсолаи ӯро баъди се моҳи тамрин барои шеърхонӣ назди раисиҷумҳур даъват накарданд.

Басгул Қурбонова, модари Ясмина мегӯяд, масъулини ҳукумати ноҳияи Восеъ қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа духтарашро барои шеърхонӣ омода карданд, аммо рӯзи охир ба ҷойи вай нафари дигар даъват шуд. Ӯ ба “Озодагон” гуфт, моҳи июн масъулини ҳукумат ба боғчаи №2-и ноҳия, ки номи “Офтобак”-ро дорад, омада, Ясминаро барои қироати шеър назди Президент интихоб карданд: “Мудири боғча ба ман гуфт, ки духтарчаи туро барои шеърхонӣ дар назди Президент интихоб карданд ва бояд зудтар либосҳояшро омода карда бо ӯ машқи шеър кунӣ”.

Хонум Қурбонова афзуд, давоми се моҳ аз ҳисоби худ духтарчаашро барои тамрин мебурд ва либосҳояшро низ худаш омода кардааст: “Духтарчаи ман бояд дар маросими кушодашавии беморхона баромад мекард ва ба ман гуфтанд, ки либосҳои духтурӣ омода кунам. Ман омода кардам, аммо баъдан гуфтанд, ки ин намешавад, бояд беҳтарашро созам. Аммо гуфтам, ки имконият надорам, агар писанд набошад худатон омода кунед. Дар охир розӣ шуданд, ки либоси омодакардаи худамро пӯшад”.

Ба гуфти модари Ясмина, чанд рӯз пеш аз сафари Президент ба ноҳияи Восеъ ба ӯ гуфтаанд, ки ончо кудакон баромад намекунанд ва духтари худро наорад: “Аммо вақте сафари Президентро аз оинаи нилгун тамошо кардам, ҷойе ки бояд духтарчаи ман баромад мекард, нафари дигар истода буд”.

Басгул Қурбонова мегӯяд, агар дар аввал медонист, ки дар ҳамин кор ҳам ба қавле “тағобозӣ” мешавад, се моҳи дароз духтарчаашро “азият” намедод: “Маро алам кард, ки се моҳ духтарчаи маро бурданду оварданду дар охир ба ҷояш дигар нафар баромад кард. Духтарчаи ман бисёр шод шуда буд, ки дар назди бобои президентам шеър мехонам, бобои Эмомалима мебинам, аммо дилшикаста шуд”.

Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ ба “Озодагон” гуфтанд, масъули ин чорабинӣ ҳоло дар як маросими азо қарор дорад ва баъдан ин мавзӯъро шарҳ хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 3 октябр аснои боздид аз минтақаи Кӯлоб дар расми баҳрабардорӣ аз беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ иштирок кард. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Президент, беморхонаи №3-и деҳаи Меҳнатобод дорои шароити муосири ташхису табобат буда, бо фарогирии 50 кат барои беморон аз ҷониби хоҷагии деҳқонии “Файзи Сайид” бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.


Дар акс: Ясмина
Мӯҳр
к
Мардуми содда. Чи лозим аст се мох духтарчаро дрессировка кардан. Ба як кори фоиданоктар духтарча машгул шавад, барои ояндааш фоиданоктар аст.

Бобот гардад! Даъфаи оянда мехони, зиқ нашав...

симо
Барои чи огои Путин ин намуд рафтор надорад? Ба пешвозаш кудакон, мактаббачагон ва донишчуён на шеър мехонанд ва на раксу бози.
Давлатхои камбагал бошанд бо хурсандихои сунъии бегарон худнамоиши мекунанд. Ин чи аломати серию пури?

мехмон
Се мох барои якчанд дакика?? Чи даркор бехуда маршировка кардани кудакон? Инро ягон мушовир ё вазир намебинад, ки чунин амали зиштро пешгири кунанд. Ин спектакл то кай давом мекунад?

Ба тагобозии кормандони хукумати Нохияи Восеъ ман худ шохид хастам.лекин кудаки 5 соларо инкадар фиреб овораю сарсон кардан чи даркор .

Бас кунед, точикхо, ин нагмахои шерхониву раксу бозиро дар назди калонхо. Холо асри 21 аст. Айб аст, охир ин нагмахо дар чашми мардуми чахони. Дуруст, ки ба калонхо ин корхо мефорад. Вале чомеа ва халк бояд окилтар бошад...Боз хафа мешаванд. Хубаш ин се мох ягон забони хоричи духтарчата ёд медоди, хизмати бузург ба фарзандат мекарди. Содда....

Dev
E voj bar man , e voj bar mo!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

аз восеъ
ин хукуматдорони н. Восеъ гузаронидан ку! Кудаки бечора аз холо дилаш ба оянда сард шуд. Боз мегуянд чавонон ояндаи миллатан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)